қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 3, мод. 183; с. 2011, № 6, мод. 457; с. 2013, № 7, мод. 513, № 12, мод. 886; с. 2014, № 11, мод. 654; с. 2015, № 7 - 9, мод.701; с. 2016, № 3, мод. 138) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 7 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Дар қисми чоруми моддаи 10 калимаҳои «ба қувваи қонунӣ даромадани» ба калимаҳои «эътибори қонунӣ пайдо кардани» иваз карда шаванд.
3. Дар сархати дуюми қисми якуми моддаи 16 ва сархати чордаҳуми қисми дуюми моддаи 20 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
4. Дар сархати даҳуми қисми дуюми моддаи 20 калимаи «ҷиноӣ» ба калимаи «ҷиноятӣ» иваз карда шавад.
5. Дар моддаи 23:
- дар қисми дуюм калимаҳои «он шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда метавонад, ки» ба калимаҳои «шахсе шуда метавонад, ки танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад,» иваз карда шаванд;
- ба ҷумлаи якуми қисми шашум пас аз калимаи «Тоҷикистон» калимаҳои «доштани шаҳрвандии давлати дигар, инчунин» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 24 феврали соли 2017, № 1384
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 2 ноябри соли 2016, № 602
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2017, № 324
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.02.2017 №: 44-45 Мутолиа карданд: 2497