logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ИСТЕҲСОЛ ВА МУОМИЛОТИ БАЪЗЕ НАМУДҲОИ МАҲСУЛОТИ НАФТ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли  соли 2007 «Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти баъзе намудҳои  маҳсулоти нафт» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007,  №7, мод. 671) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Дар муқаддима калимаҳои «намудҳои маҳсулот» ба калимаҳои «намудҳои маҳсулоти» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 1:
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- нафт – моеи равғанмонанди сӯзанда, ки дар қабати таҳшини замин паҳн шуда, аз омехтаи мураккаби карбогидридҳо, баъзе намудҳои сикланҳо, аренҳо ва пайвастагиҳои оксигендор, нитрогендор ва сулфурдор иборат мебошад  ва маъдани фоиданок ба ҳисоб меравад;»;
- дар сархати ёздаҳум калимаҳои «ҳуҷҷати истеҳсолот» ба калимаҳои «шиносномаи истеҳсолот» иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳабдаҳум калимаи «салоҳияти» ба калимаи «ваколатҳои» иваз карда шавад.
4. Аз моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
5. Дар қисми дуюми  моддаи 3:
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият оид ба истихроҷ, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ ва фурӯши нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо;»;
- дар сархати сеюм калимаҳои «мақомоти ваколатдор» ба калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд.
6. Сархати ҳафтуми моддаи 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.».
7. Дар моддаи 5:
- дар ном ва матни модда калимаҳои «Салоҳияти» ва «салоҳияти» мувофиқан ба калимаҳои «Ваколатҳои» ва «ваколатҳои» иваз карда шаванд;
- дар сархати шашум аломати нуқта ба аломати  нуқтавергул «;» иваз карда шуда, сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.».
8. Дар моддаи 6:
- дар ном ва матни модда калимаҳои «Салоҳияти», «мақомоти ваколатдор», «ҳуҷҷати истеҳсолотро» ва «ҳуҷҷати истеҳсолот» мувофиқан ба калимаҳои «Ваколати», «мақомоти ваколатдори давлатӣ», «шиносномаи истеҳсолотро» ва «шиносномаи истеҳсолот» иваз карда шаванд;
- ба қисми ҳафтум пас аз калимаи «менамоянд» калимаҳои «, инчунин дигар ваколатҳоеро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, амалӣ менамоянд» илова карда шаванд.
9. Дар моддаи 7:
- дар ном ва матни модда калимаи «ваколатдор» ба калимаҳои «ваколатдори давлатӣ» иваз карда шавад;
- қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Дар сурати иҷро нагардидани талаботи Қонуни мазкур мақоми ваколатдори давлатӣ дар ин бора мақомоти дахлдори давлатиро ба таври хаттӣ барои аз ҷониби онҳо андешидани чораҳо оид ба бартараф намудани қонунвайронкунии ошкоргардида огоҳ менамояд.».
10. Дар сархатҳои дуюм ва сеюми қисми якуми моддаи 8 калимаҳои «ҳуҷҷати истеҳсолот» ва «мақомоти ваколатдор» мувофиқан ба калимаҳои «шиносномаи истеҳсолот» ва «мақомоти ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд.
11. Дар сархати дуюми қисми якуми моддаи 9 калимаҳои «ҳуҷҷати истеҳсолот» ба калимаҳои «шиносномаи истеҳсолот» иваз карда шаванд.
12. Дар матни моддаи 10, қисмҳои чорум ва ҳаштуми моддаи 11 калимаҳои «мақомоти ваколатдор» ба калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд.
13. Моддаи 12 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 12. Танзими давлатии содироту воридоти маҳсулоти нафт
Танзими давлатии содироту воридоти маҳсулоти нафт мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, аз ҷумла бо роҳи тасдиқи (тағйир додани) меъёрҳои аксиз, боҷҳои гумрукӣ, зиддидемпингӣ ва ҷубронӣ, квота барои содироту воридоти маҳсулоти нафт, инчунин чораҳои дигаре, ки аз шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                              Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 24 феврали соли 2017, № 1403

 

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти баъзе намудҳои маҳсулоти нафт»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти баъзе намудҳои маҳсулоти нафт» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                           Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 14 декабри соли 2016, № 663


Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти баъзе намудҳои маҳсулоти нафт»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти баъзе намудҳои маҳсулоти нафт» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти баъзе намудҳои маҳсулоти нафт» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                         М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2017, № 344


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2017    №: 46-47    Мутолиа карданд: 2302
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед