logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 «Дар бораи алоқаи барқӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ. 2, мод. 323; с. 2006, № 3, мод. 156; с. 2008, № 3, мод.198, № 12, қ. 2, мод. 996; с. 2013, №12, мод. 891; с. 2015, № 12, қ. 1, мод.1117; с. 2016, № 3, мод.154) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 2 сархати ҳабдаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ» – маҷмӯи таҷҳизот ва барномаҳои дорои маълумоти идентификатори байналмилалии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, ки бақайдгирии идентификаторҳои истифодашаванда, шинохтани идентификаторҳои нав, муқоисаи онҳо ва кори воситаҳои мобилии идентификаторашон бақайдгирифташудаи ба шабакаи алоқаи барқӣ пайвастро таъмин менамоянд;».
2. Аз матни моддаи 4 калимаи «(Сарқонуни)»  хориҷ карда шавад.
3. Ба қисми якуми моддаи 6 сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- тасдиқи Тартиби бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва муайян намудани вазифаҳои системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ;».
4. Дар номи моддаи 18  калимаҳои «Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои» ба калимаи «Ҳуқуқҳои» иваз карда шаванд.
5. Дар ном ва қисми якуми моддаҳои 20 ва 21, қисми дуюми моддаи 24, қисми якуми моддаи 29, қисми дуюми моддаи 32, қисмҳои дуюм ва шашуми моддаи 33, қисми якуми моддаи 34, қисми якуми моддаи 37 ва дар қисмҳои якум, сеюм, чорум ва панҷуми моддаи 42 калимаҳои «Вазифаҳои», «вазифаҳои», «вазифаҳо», «вазифадоранд» ва «вазифадор» мувофиқан ба калимаҳои «Ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадориҳо», «ӯҳдадоранд» ва «ӯҳдадор»  иваз карда шаванд.
6. Ба қисми якуми моддаи 20 сархатҳои дуюм ва сеюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
- ҳамкориро бо системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ таъмин намоянд;
- васли воситаҳои мобилии алоқаи барқии дар системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ бақайдгирифташударо ба шабакаи алоқаи барқӣ таъмин намоянд;».
7. Моддаи 301 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 301. Бақайдгирӣ ва муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ
Мақоми ваколатдори давлатии соҳаи алоқаи барқӣ системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқиро ташкил намуда, рушд медиҳад ва истифода мебарад.
Идентификаторҳои байналмилалии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ дар системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ба қайд гирифта мешаванд.
Бақайдгирии идентификаторҳои воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ музднок анҷом дода мешавад. Андоза ва тартиби пардохти хизматрасонии бақайдгирии идентификаторҳо аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ дар мувофиқа бо мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ муайян карда мешаванд.
Дигаргун сохтан, нусхабардорӣ ва паҳн кардани маълумоти системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ бе розигии мақоми ваколатдори давлатӣ дар  соҳаи алоқаи барқӣ манъ аст.
Ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр, паҳн ва истифода кардани намудҳои гуногуни таҷҳизоту барномаҳое, ки барои дигаргун кардани маълумоти идентификатории воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ истифода мешаванд ва (ё) истифодаи воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, ки маълумоти идентификаторашон дигар карда шудааст, манъ мебошад.
Операторони хизмати алоқаи барқӣ ҳуқуқ надоранд ба воситаҳои мобилии алоқаи барқии дар системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ бақайдгирифтанашуда хизмат расонанд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                 Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 24 феврали соли 2017, № 1401

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 2 ноябри соли 2016, № 610

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                              М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2017, № 342


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2017    №: 46-47    Мутолиа карданд: 2350
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед