қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ОИЛАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 22, мод. 303; с. 2006, № 4, мод. 196; с. 2008, № 3, мод. 201; с. 2010, № 7, мод. 546; с. 2011, № 3, мод. 177, № 12, мод. 855; с. 2013, № 3, мод. 195; с. 2015, № 11, мод. 960; с. 2016, № 3, мод. 143; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2016, № 1365) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 4 моддаи 31, матни моддаи 45, қисми 4 моддаи 46, қисмҳои 2 ва 4 моддаи 60 калимаҳои «қонунҳои гражданӣ» ба калимаҳои «қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
2. Дар қисми 1 моддаи 32 калимаҳои «иқоматгоҳ ва маҳали будубош» ба калимаҳои «маҳалли истиқомат ва будубош» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 43:
- дар номи модда калимаҳои «Тағйир додани» ба калимаҳои «Тағйир додан ё бекор кардани» иваз карда шаванд;
- дар қисми 1 калимаҳои «беэътибор кардан» ва «беэътибор донистани» мувофиқан ба калимаҳои «бекор кардан» ва «бекор кардани» иваз карда шаванд.
4. Дар матни моддаи 51, қисми 3 моддаи 66 калимаҳои «қонунҳои мурофиаи гражданӣ» ба калимаҳои «қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
5. Аз қисми 1 моддаи 147 калимаи «маълумотноккунӣ,» хориҷ карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 24 феврали соли 2017, № 1395
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 1 декабри соли 2016, № 649
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2017, № 336
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.03.2017 №: 46-47 Мутолиа карданд: 2330