қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
"ДАР БОРАИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013 «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №3, мод. 201; с. 2016, №5, мод. 365) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Дар моддаи 8:
- дар қисми 3 калимаҳои «якчанд муассис» ба калимаи «муассисон» иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳафтуми қисмҳои 4 ва 5 калимаи «мавқуфгузорӣ» мувофиқан ба калимаи «боздоштан» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 11:
- дар қисми 4 калимаи «хироҷи» ба калимаи «боҷи» иваз карда шавад;
- дар қисми 8 калимаҳои «маълумот ва ҳуҷҷатҳои» ба калимаи «маълумоти» иваз карда шаванд;
- дар қисми 9 калимаҳои «баҳисобгирии воситаҳои» ба калимаҳои «баҳисобгирии давлатии воситаҳои» иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 111:
- ба қисми 1 пас аз калимаҳои «воситаҳои ахбори омма ба» калимаҳои «муассиси (муассисони) ё редаксияи» илова карда шаванд;
- ба қисми 2 пас аз калимаҳои «тобеи ӯ ба» калимаҳои «муассиси (муассисони) ё редаксияи» илова карда шаванд.
5. Аз сархати дуюми қисми 1 моддаи 112 калимаҳои «ҷудо кардан,» хориҷ карда шаванд.
6. Дар сархати дуюми моддаи 26 калимаҳои «ё шахсе, ки тафтиш мебарад» ба калимаҳои «ё таҳқиқбаранда» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 24 феврали соли 2017, № 1407
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 10 ноябри соли 2016, № 624
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2017, № 348
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.03.2017 №: 46-47 Мутолиа карданд: 2421