logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

13 соли ҳабс барои қаллобӣ
Суди ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрванд А. П. Нуралиевро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор ҳисобида, ба муҳлати 13 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Пешбурди парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ аз ҷониби Прокуратураи генералӣ бо моддаҳои 247 қисми 4 банди «б» (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон), 3381 қисми 2 бандҳои «а», «б» (такроран, ғайриқонунӣ додани қитъаи замин аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ») ва 340 қисми 2 бандҳои «а», «б», «в» (сохтакории ҳуҷҷат  ва ба соҳибияти каси дигар додани он) - и Кодекси ҷиноятӣ анҷом ва ба суд ирсол шудааст.
Тибқи иттилои сомонаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номбурда дар ҳамдастӣ бо Ҳоҷиамон ва Холаҳмад ном шахсон ба боварии шаҳрванд Х. С. Эвазова ва дигарон даромада, бо ваъдаи додани замин аз ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ онҳоро гумроҳ намудааст. А.Нуралиев дар 6 ҳолат аз шаҳрвандон ҳудуди 1000 то 7000,  дар маҷмӯъ 30 600 доллар гирифта, ба онҳо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дода, зарари махсусан калони моддӣ расондааст.

Боздошти гумонбари қатли писар ва ҷароҳати падар
Зимни гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини деҳаи Янгибоғи ноҳияи Турсунзодаро ба гумони содир намудани ҷинояти куштор боздошт намуданд.
Гумонбаршуда 22 - юми феврали соли ҷорӣ ба манзили истиқоматии ҷавони 19 - солаи сокини ҳамин деҳа омада, дар пайи муноқиша бо зарби корд ин ҷавон ва падари 41 - солаи ӯро маҷрӯҳ кард. Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ, дар натиҷа, ҷавони 19 - сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид ва падараш бистарӣ гаштааст.
Нисбат ба гумонбаршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Нашъаҷаллоб 8 сол паси панҷара рафт
Шаҳрванд З. А. Хусравбеков бо ҷурми интиқоли ғайриқонунӣ ва ба соҳибияти каси дигар додани 1 килограмму 654,3 грамм маводи нашъаовари навъи «ҳашиш» 8 сол паси панҷара рафт.
З. Хусравбеков  ҳанӯз моҳи ноябри соли 2016 дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуд. Пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ  парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол гардида, номбурда бо ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар асоси моддаи 200 қисми 3 бандҳои «в», «г»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор ва ба муҳлати ҳашт сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.03.2017    №: 48-49    Мутолиа карданд: 1956
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед