logo

ҳуқуқ

ПАС АЗ ЧОПИ МАҚОЛА...

Прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мақолаи «Назарфиребӣ. Дар бораи истифодаи ғайримақсадноки замин дар Суғд»-ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» таҳти № 7, аз 11 январи соли 2017, ба нашр расида буд, мавриди барррасӣ қарор дод.
Дар матлаб масоили вобаста ба натиҷаи ҷамъбасти санҷиши прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бо ҷалби мутахассисони Кумитаи идораи замин, ки моҳи ноябр - декабри соли 2016 оид ба ҳолати истифодаи ғайримақсадноки заминҳои барои гармхонаҳо ҷудогардида сурат гирифта буд, матраҳ шудааст.
Бояд гуфт, ки қаблан дар пайи санҷиши фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Бародарон» ҶДММ «Шоҳиҷаҳон» шаҳрвандон С. Ҳоҷибоев, А. Ағлуков, С. Бобоҷонов, М. Файзиева ва дигар истифодабарандагони замин як қатор қонуншиканиҳо ошкор ва нисбат ба шахсони масъул тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои бартараф намудани қонуншиканиҳо дастур дода шуда буд.
Пас аз чопи мақола дар «Ҷумҳурият» масъалаи зикргардида бори дигар мавриди санҷиш қарор гирифта, муайян гардид, ки дар ин самт қонуншиканиҳо ҳанӯз ҳам ҷой доранд. Шахсони масъули ҷамоатҳои деҳоти Хистеварз ва Овчиқалъача нисбат ба дастури додашуда беэътиноӣ зоҳир намуда, вазифаҳои худро ба таври зарурӣ иҷро накардаанд. Вобаста ба ин, аз ҷониби прокуратураи ноҳия нисбат ба муҳандис - заминсозони Ҷамоати деҳоти Хистеварз М. Ғафуров ва Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача Ҳ. Маҳмудов қарорҳо дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ кашидан қабул гардида, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри бартараф намудани камбудиҳо пешниҳод ирсол шуд.
Прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров масъалаи зикршударо зери назорати қатъӣ қарор дода, оид ба ҳар як қонуншиканӣ чораҳои дахлдор меандешад. 
 Р. Қ. ПИРАҲМАДОВ,
прокурори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,
мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.03.2017    №: 50    Мутолиа карданд: 1841
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед