logo

ҳуқуқ

ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ

Таърих шаҳодат медиҳад, ки тоҷикон дар тӯли асрҳо ба унвони мардуми тамаддунофар, сулҳпарвару башардӯст, фарҳангиву хайрхоҳ ном баровардаанд. Халқи моро ҳамин таҷриба ва ҳикмат дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ёр шуда, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ҷанги таҳмилӣ дар мамлакат гирифта шуд. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид, барои дастовардҳои минбаъдаи кишвар, мусолиҳаи миллӣ, гуногунандешӣ, ислоҳоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, равандҳои демократӣ ва тақвияти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Таҳлили воқеъбинонаи раванди сулҳофарӣ дар арафаи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ  нишон медиҳад, ки нақши Пешвои муаззами миллат дар роҳи расидан ба истиқрори сулҳ басо таърихиву мондагор аст. Зеро маҳз талошҳои хастанопазири Сарвари давлат буд, ки оташи ҷанг хомӯш шуд, халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт, гурезаҳо ба Ватан баргаштанд ва дар фазои осуда зиндагии худро идома доданд. Президенти мамлакат дар авҷи даргириҳои дохилӣ борҳо ба мардум ва собиқ мухолифон муроҷиат намуда гуфта буданд: «Мо бояд ба худ оем ва гуноҳи ҳамдигарро бубахшем. Бояд дар сарзамини абгору дардхӯрдаи мо аз ин пас танҳо сулҳу оштии миллӣ ва ягонагию ваҳдат пойдор бошаду тантана кунад. Ҳамаи мақсаду мароми ман ҳамин оштии миллӣ ва ба василаи он баргардондани гурезаҳо, ободу ором сохтани Тоҷикистон аст».
Имрӯз иттиҳоду ҳамбастагии халқи тоҷик аст, ки мо дар фазои сулҳу ваҳдати комил ба сар мебарем ва кишвари азизамон сол ба сол рушду тараққӣ мекунад. Бидуни тардид кулли пешравиҳои ҷомеаи мо аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сарчашма гирифт ва таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар меҳвари таваҷҷуҳу омӯзиши ҷаҳониён қарор дорад.
Тоҷикистони маҳбуб дар партави сулҳу ваҳдат ҳам дар сиёсати хориҷӣ ва ҳам дохилӣ ба пешрафтҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардида, ҳамзамон низоми ҳуқуқӣ дар ҳошияи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мақоми шоиста касб кард.
Вазъи ҳасоси ҷаҳони имрӯза, муноқишаву низоъҳои сиёсӣ дар бархе кишварҳои олам моро водор месозад, ки беш аз ҳар вақти дигар ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ бирасем. Зеро ҳамин неъмати бебаҳост, ки моро ба қаламрави саодат бурда, дар партави сиёсати бунёдгарои Сарвари давлат барои боз ҳам шукуфон гардондани Тоҷикистони азиз роҳ мекушояд.

Алишо ҚУРБОНИЁН,
муовини якуми раиси суди шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.03.2017    №: 50    Мутолиа карданд: 1782
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед