ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
Гумонбари қатли зани соҳибкор дастгир гардид
Баъд аз зуҳри 2 марти соли ҷорӣ дар назди оромгоҳи деҳаи Дурманбулоқи Ҷамоати деҳоти Лучоби ноҳияи Варзоб аз дохили автомашинаи тамғаи “Лексус-PX-350” ҷасади зани 52-солаи сокини шаҳри Душанбе пайдо гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВКД, ҷисми беҷони ин зани соҳибкор бо аломатҳои марги маҷбурӣ, яъне бо захмҳои халандаю буранда дар қисмати рӯй, гардан ва баданаш дарёфт шудааст.
Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷӯстуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор ҷавони 23 - солаи сокини ноҳияи Восеъ, ки аз ӯ донишҷӯ ном бурда мешавад, боздошт шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот давом дорад.
Марзшикан ба ҷавобгарӣ кашида шуд
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Увайдулло валади Абдулрауфро ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт намуданд.
Дар ин робита, бо аломати моддаи 335 қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне ғайриқонунӣ бидуни ҳуҷҷати муайяншуда ва иҷозати зарурӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳоло Увайдулло валади Абдулрауф дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, вобаста ба ин ҳолат тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Дарёфт ва мусодираи сангҳои қиматбаҳо
Ду нафар сокини шаҳри Кӯлоб ба гумони муомилоти ғайриқонунии металлҳои қиматбаҳо аз сӯи кормандони милитсия дастгир шуд.
Аз гумонбаршудаҳо, ки яке 42 ва дигари 47 сол дорад, ҳангоми ба фурӯш баровардан 42 адад санги қиматбаҳо бо вазни умумии 30,19 грамм дарёфт гардидааст. Аз рӯи ташхиси иёргарӣ аз ин теъдод 34 адад зумрад, 7 адад лаъли асил ва як ададро ёқути сурх ташкил медиҳад.
Сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ, инчунин аз боздошти сокини 52-солаи ноҳияи Муъминобод хабар дод, ки дар муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳои табиӣ гумонбар мешавад. Кормандони милитсия ҳангоми азназаргузаронии хонаи истиқоматии гумонбаршуда 5 адад санги қиматбаҳо дарёфт ва мусодира карданд. Ташхиси иёргарӣ нишон додааст, ки аз шумори умумии сангҳо 2 адад лаъли асил ва 3 ададаш лаъли сурх мебошанд, ки вазни умумиашон 7,072 граммро ташкил медиҳад.
Аз рӯи далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Дуздӣ ва боздошти гумонбарон дар шаҳри Истаравшан
Ду сокини деҳаи Сандугундаки шаҳри Истаравшан ба гумони дуздии маблағ ва амволи гуногун ба маблағи умумии 26350 сомонӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ боздошт шуд.
Гумонбарони дуздӣ - ҷавони 20-сола ва ҷавонзани 19-сола баъд аз ворид шудани аризаи шикоятии сокини 39- солаи ҳамин деҳа ба ШВКД дар шаҳри Истаравшан дар пайи амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир гардиданд. Муроҷиаткунанда ба мақомоти милитсия арз кардааст, ки аз 10 то 21-уми феврали соли равон, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, 570-сомонӣ, ҷавоҳироти тиллоӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Нокия”, ҷамъ ба маблағи 26350 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Оид ба ҳодисаи дуздӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.03.2017 №: 51 Мутолиа карданд: 1764