logo

ҳуқуқ

ИСЛОҲИ ВАЗЪ. МАҚСАД - ПЕШГИРӢ АЗ БЕҲУДАГАРДИИ НОБОЛИҒОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони шаҳри Душанбе, 15 феврали соли ҷорӣ, ба масъалаи беҳудагардӣ ва афзоиши ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илми ҷумҳурӣ дастур доданд, ки якҷо бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ беҳудагардии ноболиғонро, бахусус дар интернет - кафеҳо пешгирӣ намуда, оид ба ҷалби хонандагон ба зинаи сеюми таҳсил тадбирҳои самаранок андешанд.

Бо мақсади иҷрои ин дастури Сарвари давлат Вазорати корҳои дохилӣ тариқи сомонаи интернетиаш аз падару модарон хоҳиш кард, ки дар иҷрои банди 9 қисми 1 моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» масъул бошанд ва аз шабгардӣ, ворид шудани фарзандони ноболиғашон ба марказҳои дилхушӣ (тарабхонаҳо, интернет - кафеҳо, идораҳои букмекерӣ) ҷилавгирӣ намоянд.
Дар ҳамин ҳол, таҳқиқи кормандони милитсия нишон додааст, ки то ин дам танҳо дар шаҳри Душанбе ҳар шабонарӯз ҳудуди 100  нафар ноболиғ ба марказҳои дилхӯшӣ рафта, даст ба амалҳои номатлуб мезананд. Аз ин рӯ, бо мақсади пешгирии амалҳои номатлуб ва боздоштани ноболиғон аз рафтан ба марказҳои бозиҳои компютерӣ чанде пеш аз ҷониби гурӯҳи корӣ, ба шумули кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон, раёсатҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таҳқиқи ВКД, масъулони кор бо ноболиғони шуъбаҳои милитсияи ноҳияҳои пойтахт чорабинии мақсаднок гузаронда шуд.
Дар натиҷа, фаъолияти марказҳои бозиҳои компютерие, ки бидуни ҳуҷҷатҳои барасмиятдарорӣ дар кӯчаҳои Буни Ҳисорак, Навоӣ, Асадулло Ғуломов, Зарафшон ва Нусратулло Махсуми ноҳияи Сино ба роҳ монда шуда буданд, қатъ гардиданд. Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, 43 нафар барои шабона ба бозиҳои компютерии хусусияти зӯроваридошта машғул шудан, ба шуъбаи милитсия оварда шуд, ки аз ин 27 нафараш ноболиғ мебошад. Кормандони милитсия барои вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нисбат ба 21 нафар падару модари ноболиғони дастгиршуда протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд.
Дар ҳамин ҳол, мушоҳидаҳои мо дар маҳаллаи 61-и ноҳияи Фирдавсӣ нишон дод, ки  аз 4 маркази интернетии қаблан мавҷудбуда, ду интернет - кафе фаъол буда, ҳанӯз ноболиғонро ба худ ҷалб мекунанд. Шоми 2 март тақрибан соати 2000 наврасону ҷавононро дар маркази интернетии «Дубай» машғули бозиҳои компютерии хусусияти зӯроваридошта дидем. Ин марказ, ки дорои 24 ҷойи нишаст аст, ба гуфтаи шоҳидон, то соати 22 кор мекунад. Бархе марказҳои интернетӣ, баъд аз тақвияти корҳо дар ин самт, шакли моликияти худро тағйир дода, ғайриқонунӣ ба фаъолияташон идома медиҳанд, ки боиси нигаронист.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.03.2017    №: 53    Мутолиа карданд: 1526
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед