logo

ҳуқуқ

ТАЛОШ. ДАР БОРАИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ МАВОДИ МУХАДДИР

Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош доранд, ба манзури ҳифзи сарҳади давлатӣ, пешгирии убури ғайриқонунӣ, интиқол ва паҳншавии маводи нашъаовар бо аҳолии навоҳии наздисарҳадӣ робитаи мустақим барқарор намуда, ҳамкориро дар ин самт тақвият бахшанд.

Дар ин робита, масъулони Қӯшунҳои сарҳадӣ бо ҷалби фаъолони ноҳияҳои наздисарҳадӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон таҳти унвони «Мубориза бар зидди маводи нашъаовар аз сарҳади давлатӣ оғоз мешавад» семинари машваратӣ доир намуданд. Муҳаммад Улуғхоҷаев, роҳбари маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ, дар суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолии минтақаҳои наздисарҳадӣ, ҷалби онҳо ба ҳимояи марзи давлатӣ, шарҳу тафсири меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии интиқол ва паҳншавии маводи нашъаоварро аз ҳадафҳои асосии доир намудани ин нишаст арзёбӣ кард.
Насимҷон Раҷабов, сардори Раёсати муҳофизати сарҳади давлатии Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадӣ, вазъи феълии ҳамкории аҳолӣ бо ин ниҳод, бахусус дар самти мубориза бо маводи нашъаоварро қобили тавсиф надонист. «Агар самти мубориза бар зидди маводи нашъаоварро бигирем, ҳамкорӣ бо аҳолӣ камранг аст. Мутаассифона, дар бисёр мавридҳо даст доштани сокинони маҳаллаҳои аҳолинишини наздисарҳадӣ дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва мусоидати онҳо ба қочоқчиён ошкор шудааст». Бо зикри ин матлаб подполковник Насимҷон Раҷабов дар амри пешигирии интиқол ва паҳншавии маводи мухаддир тақвияти ҳамкории сохторҳои марбутаи давлатӣ бо аҳолиро зарур донистааст.
Зикр шуд, ки соли 2016 зиёда аз 250 вайронкунандаи сарҳади давлатӣ дастгир гардида, баъди барасмиятдарорӣ як қисми онҳо ба намояндагони қисмҳои сарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон супурда шуданд. Дар соҳил ва ҷазираҳои мансуб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, зиёда аз 100 паноҳгоҳи муваққатию доимӣ муайян ва нобуд карда шуданд.
Бино ба иттилои Диловар Сафаров, муовини сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, шумораи нашъамандон дар вилоят нисбатан коҳиш ёфтааст. Бар пояи маълумоти Маркази наркологии вилоят, шумораи беморони нашъаманд бештар дар шаҳрҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Вахш, Восеъ, Фархор, Ёвон, Ҷалолиддини Балхӣ ва Бохтар ба қайд гирифта шудааст. Бо таассуф қайд гардид, ки соли гузашта 4 сокини шаҳри Қӯрғонтеппа аз истеъмоли барзиёди воситаҳои нашъаовар фавтидааст.
Иштирокчиёни семинар бори дигар аз хатароти ҷиддии маводи нашъаовар ба генофонд ва амнияти миллӣ ҳушдор дода, иқдоми якҷоя дар ин самтро шарти асосии пирӯзӣ дар мубориза алайҳи маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ дар ҷомеа донистанд.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.03.2017    №: 53    Мутолиа карданд: 1718
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед