барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ
9 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:
«Ҷалолатмаоб!
Хабари фоҷиабори ба ҳалокат расидан ва захмӣ шудани даҳҳо шаҳрвандони кишвари дӯсти Афғонистон бар асари ҳамлаи силоҳбадастон ба бемористони низомӣ дар шаҳри Кобул боиси андуҳ ва нафрати беандозаи мо гардид.
Мо ин амали ғайриинсонии интиҳориёнро шадидан маҳкум карда, бори дигар зарурати муборизаи беамону муташаккилонаи дастаҷамъонаро алайҳи терроризм ва ифротгароӣ қотеона таъкид менамоем.
Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикону пайвандони қурбоншудагон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил орзумандам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.03.2017 №: 54 Мутолиа карданд: 3347