қарорҳои ҳукумат
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 25 феврали соли 2017, № 98, ш. Душанбе
Дар бораи таъсис ва маблағгузории Интернет - портали иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ҷиҳати пайдо кардани дастрасии пурра, саривақтӣ ва ройгон ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин амалӣ намудани чораҳои пешбининамудаи Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2015, № 673 тасдиқ шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Интернет - портали иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки дастрасӣ ба ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Интернет - портал ҷой додашуда, аз ҷумла иттилооти бо низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ пешбинигардида озод ва ройгон ба амал бароварда мешавад.
3. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор оид ба ташаккул, пешбурд ва таъмини фаъолияти Интернет - портали иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.
4. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъсиси Интернет - портали иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурии ташкилӣ - ҳуқуқӣ андешад.
5. Маблағгузории фаъолияти Интернет - портали иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети давлатӣ (маблағҳои махсус) дар қисмати таъмини пардохти музди меҳнати кормандон ва истифодабарии шабакаи глобалии компютерии Интернет ба амал бароварда шавад.
6. Муқаррар карда шавад, ки Интернет - портали иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2017 ба фаъолият оғоз менамояд.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.03.2017 №: 56 Мутолиа карданд: 2265