logo

барқияҳо

БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Малайзия  Моҳд Наҷиб бин Тун Ҳоҷӣ Абдул Раззоқ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,
Сарфарозам Шуморо ба муносибати 25 - солагии ба роҳ мондани   робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия табрику муборакбод намоям.
Бо ишора ба натиҷаҳои мулоқоти мову Шумо дар ҳошияи Форуми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ,  изҳори бовар мекунам, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди миёни кишварҳоямон дар оянда низ бо талошҳои пайгиронаи муштараки мо густариш хоҳанд ёфт.
Барои пешбурди ин раванди самарабахш мо омодаем, ки муколамаи мунтазами сиёсии миёни кишварҳоямонро, аз ҷумла дар сатҳи олӣ тақвияти бештар бахшем.
Ба Шумо, ҷаноби Сарвазир, саломатии комил, саодату комёбиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Малайзия сулҳу амонӣ ва шукуфоии рӯзафзун орзумандам».


Имрӯз Сарвазири Малайзия Моҳд Наҷиб бин Тун Ҳоҷӣ Абдул Раззоқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,
Малайзия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он рӯзе, ки дар соли 1992 муносибатҳои дипломатиро барқарор намуданд, робитаҳои самимӣ ва дӯстона доранд.
Дар ин санаи хотирмони 25 - умин солгарди муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳои мо, бо қаноатмандӣ мехоҳам ҳамкории наздику созандаи байниҳукуматӣ, ки бар ҳадафҳои муштараки мо дар ростои таъмини сулҳ ва шукуфоӣ барои мардумони мо ва инчунин, назари яксони мо нисбат ба масъалаҳои глобалӣ асос ёфтаанд, таъкид намоям. Бовар дорам, ки муносибатҳои неки байни кишварҳои мо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.
Ман, ҳамчунин мутмаинам, ки таҳти раҳбарии хирадмандона ва моҳиронаи Шумо ҳамкориҳои Малайзия ва Тоҷикистон беш аз пеш густаришу тавсеа хоҳанд ёфт. Ман омодагии хешро барои ҳамкории наздик бо Шумо ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар ростои манфиатҳои мутақобилан судманди мардумони мо иброз менамоям».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.03.2017    №: 58    Мутолиа карданд: 3197
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед