logo

порлумон

ИМТИЁЗИ ГУМРУКӢ. МУСОИДАТ БА ВОРИДОТИ БЕШТАРИ МОШИНҲОИ НАВ

Мошинҳои наве, ки аз соли бароришашон як сол нагузашта ва то 10 ҳазор километрро тай намудаанду ба кишвар ворид мешаванд, ба андозаи 50 дарсад аз супурдани пардохтҳои гумрукӣ озод мегарданд.

Ин матлаб дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олӣ зимни баррасии лоиҳаи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» аз ҷониби Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, ироа гардид. Назар ба гуфтаи мавсуф, мақсад аз ворид намудани илова ба қонуни мазкур дастгирии бахши соҳибкорӣ ва нав кардани парки автомобилии кишвар мебошад, ки дар оянда барои ташкили хидматрасониҳои нақлиётӣ дар доираи стандартҳои муосир мусоидат менамояд.
Зикр гардид, ки лоиҳаи қонун дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, таҳия гардидааст. Мувофиқи қонунгузорӣ мавриди амал қарор додани муқаррароти қонун аз 1 январи соли 2017 эътибор пайдо намудааст.  Он соҳибкороне, ки аз моҳи январи соли 2017 ба кишвар мошинҳои нав ворид намудаанд, аллакай аз имтиёз бархӯрдоранд.
Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, қабули лоиҳаи қонуни мазкурро муҳим арзёбӣ кард ва иброз дошт, ки минбаъд соҳибкорон ба ҷойи мошинҳои кӯҳнаву фарсуда  ба мамлакат мошинҳои нав ворид месозанд.
Мунаввари САФАР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.03.2017    №: 59    Мутолиа карданд: 3269
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед