logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ХОҶА МУҲАММАД АСИФ

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири федералии обу энергетика ва мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Асифро ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз таҳкиму тавсеаи робитаҳои гуногунсамти давлатҳо, ки имсол аз барпо шудани муносибатҳои дипломатӣ 25 сол пур мешавад, изҳори қаноатмандӣ карданд. Таъкид доштанд, ки самараи он дар рушди ҳамкории кишварҳо дар соҳаҳои энергетика ва амниятӣ ба таври назаррас мушоҳида мегардад.
Ҷонибҳо ба натиҷаи ҳамкории муштараки сохторҳои қудратӣ, ниҳодҳои мудофиавию хадамоти амниятии Тоҷикистону Покистон дар самти мубориза алайҳи чолишҳои амниятии минтақа, бахусус терроризм ва ифротгароӣ баҳои арзанда доданд.
Ҳамкории низомию техникии ду кишвар, бахусус тақдими кумакҳои техникӣ ба Тоҷикистон барои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавӣ дар сарҳади давлатӣ муҳиму назаррас маънидод гардид.
Дар мулоқот масъалаи ҳамкорӣ дар бахшҳои дорои аҳамияти минтақавӣ - энергетика, соҳаи нафту газ, истифодаи имкониятҳои нақлиётию транзитӣ баррасӣ гашта, фаъолгардонии Гурӯҳи муштараки корӣ оид ба масъалаҳои энергетика ва инфрасохтор ва фаъолияти самарабахши зергурӯҳи муштараки он оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ дар самти татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ, аз ҷумла амалигардонии барномаи CASA - 1000 барои ҳар ду ҷониб манфиатбахш арзёбӣ карда шуд.  
Пешниҳод гардид, ки барои зиёд кардани ҳаҷми мубодилаи мол миёни кишварҳо, бо дарназардошти зарфиятҳои бузурге дар ин самт, аз фаъолияти ҳадафманду босифати Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ истифода карда шавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.03.2017    №: 59    Мутолиа карданд: 1863
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед