logo

барқияҳо

БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ

Дар иртибот ба таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шудани барқияву номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо идома дорад.

Дар табрикоту таманниёти Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ, чунин омадааст:
“Фаро расидани иди Наврӯзро ба Ҷаноби Олӣ, давлат ва мардуми шариф ва мусулмони Тоҷикистон самимона табрик мегӯям. Наврӯз зеботарин ҷашни табиат аст, ки бо гузар аз зимистон ба баҳор, умеду сарсабзиро ба армуғон меоварад. Ин ҷашн намоди эътидол, оромиш, гармӣ, рӯшноӣ, фаровонӣ ва тароват аст, ки Худованди бузург ба инсон арзонӣ медорад. Эътидоле, ки реша дар таҳавуллоти табиат ва боварҳои дин ва аҳкоми исломи раҳмонӣ дорад.
Сулҳу иттиҳод дар минтақаи бостонии Наврӯз бар пояи хостаҳои миллатҳои муътадили ин минтақа аст. Ҷаҳони имрӯз беш аз ҳар замони дигар ба умеде ниёз дорад, ки дар партави он муҳаббат, ишқу самимиятро арҷ ниҳода ва кишварҳоро ба ҷои муқобила ба дӯстӣ даъват намояд; чаро ки миллатҳо бо доштани умед ва сулҳу оромиш метавонанд дар партави иттиҳоду дӯстӣ бо якдигар, бо чеҳраи зишт ва нописандӣ баромада аз каҷфаҳмӣ аз дину ифротгароии қабилаӣ, ки ҳосили он терроризм аст, муқобила намоянд.
Аз Худованди мутаол соле саршор аз шодкомӣ, саломатӣ ва муваффақият барои он Ҷаноб ва мардуми дӯсту бародари Тоҷикистон орзу мекунам”.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.03.2017    №: 62    Мутолиа карданд: 3035
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед