logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ФИЛИПП БЕННЕТТ

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби якуми президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Филипп Беннетт ва роҳбари нави намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамоваро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масъалаҳо оид ба самтҳои ҳамкории дуҷониба ва дурнамои фаъолияти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон баррасӣ карда шуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари нави намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамова баҳри амалигардонии ҳадафҳои муштарак комёбиҳо орзу намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дастгирии лоиҳаҳои бахши энергетика ва тақвияти неруи истеҳсолию содиротиро аз ҳадафҳои муҳими рафъи таъсири омилҳои манфии беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва муътадилгардонии вазъи макроиқтисодӣ маънидод карданд. Аз сатҳи ҳамкорӣ бо бонк, дар самти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории беҳтар гардондани инфрасохтори шаҳрҳо, рушди бахши хусусӣ ва дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ ибрози қаноатмандӣ карда шуд.
То имрӯз дар Тоҷикистон аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 100 лоиҳаи сармоягузорӣ дар ҳаҷми 750 миллион доллар маблағгузорӣ шудааст. Айни ҳол ҳамкорӣ дар самти татбиқи 65 лоиҳа бо маблағи умумии 420 миллион доллар идома дорад.
Таъкид гардид, ки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба хотири фароҳам овардани замина ҷиҳати рушди минбаъдаи кишвар ва таъмин намудани афзалиятҳои миллӣ қабул гардидааст ва имкониятҳои зиёд кардани ҳаҷми маблағгузориҳои лоиҳаҳои бахшҳои энергетика, нақлиёт, соҳибкорӣ ва молиявӣ дар ин стратегия аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба назар гирифта шудааст.
Дар ҷараёни мулоқот, инчунин, дастгирии бахши хусусӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, таҷдиди корхонаҳои саноатӣ баррасӣ гашта, дастгирии молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар амалигардонии стратегияи саноатикунонии Тоҷикистон зарур шумурда шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2017    №: 65    Мутолиа карданд: 1877
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед