барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ БА ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН
3 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он аз ҷумла, гуфта мешавад:
"Муҳтарам Владимир Владимирович!
Аз хабари таркиши фоҷиабор дар истгоҳи метрои шаҳри Санкт-Петербург, ки бар асари он шаҳрвандони бегуноҳ талаф ёфтанд, сахт андуҳгин гардидам.
Бо эҳсоси андуҳ мо ин амали мудҳишро маҳкум намуда, ҳамоҳангии кӯшишҳои худро барои аз байн бурдани хатари даҳшатбори аср - терроризм таъкид менамоем.
Аз Шумо муҳтарам Владимир Владимирович хоҳишмандам, ки ҳамдардии амиқи моро ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон расонед.
Ба зарардидагони ин фоҷиаи мудҳиш шифои комил орзумандем".
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.04.2017 №: 70 Мутолиа карданд: 3056