порлумон
ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ТАНЗИМ
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Абдуҳалим Ғаффоров, вакили мардумӣ, зимни ташреҳи лоиҳаи қонуни мазкур иброз дошт, ки он бо мақсади амалӣ намудани тағйиру иловаҳои аз 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ва бартараф намудани норасоӣ ва номутобиқатии санадҳои қонунгузории ҷорӣ, инчунин, истифодаи истилоҳоти ҳуқуқӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст. Назар ба гуфтаи мавсуф, ҷиҳати такмили лоиҳаи қонуни мазкур аз 54 таклифу пешниҳод 30 - тоаш қабул шуд.
Абдуманон Холиқзода, муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» иброз дошт, ки мақсад аз таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонун мутобиқ намудани меъёрҳои он ба таҳриру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудаанд, мебошад. Мувофиқи тағйироти воридгардида, минбаъд танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба вазифаҳои раис, муовини раис, сараудиторон ва роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисоб таъйин гарданд. Дар ҳолате ки шаҳрвандии дигар мамлакатро дошта бошанд, аз вазифаи ишғолкарда озод мешаванд.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.04.2017 №: 73 Мутолиа карданд: 3113