logo

барқияҳо

БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

7 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович!
Санаи хотирмон – 25 - солагии барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба ман имкони хуб медиҳад, ки ба Шумо табрикоти самимӣ ва орзуҳои беҳтаринро ирсол намоям.
Тӯли ин чоряк аср муносиботи Тоҷикистон ва Русия тибқи  хатҳои тулӯъкунанда рушд кардаанд, ошкоро будан ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни ду кишвар дар ҳамкории мутақобилаи онҳо, чи дар заминаи дуҷониба ва чи дар шакли бисёрсамта меъёр гардидааст.
Дар Тоҷикистон ба нақши таърихии Русия дар ҷараёни барқарории сулҳ ва ризоияти миллӣ, инчунин, ҳиссаи муҳими он дар рушди иҷтимоӣ - иқтисодии мамлакат баҳои баланд медиҳанд.
Басо гуворост, ки тӯли солҳои гузашта бо кӯшишҳои муштарак мо ҳамкории  Тоҷикистон ва Русияро, ки ба анъанаҳои қадимии дӯстӣ ва робитаҳои дуҷонибаи мардумони мо асос ёфтаанд,  ба сатҳи нави босифати шарикӣ баровардем. Мо тӯли ин солҳо натиҷаҳои амалии ба даст овардашуда дар тамоми соҳаҳои барои ҷонибҳо мувофиқро муътабар медонем.
Тамоми маҷмӯи муносибатҳои байнидавлатиро бо Русия ҳамчун афзалияти калидии сиёсати дохилии худ баррасӣ намуда, мо бо умедҳои нек ба ояндаи қобили мушоҳидаи он нигоҳ мекунем ва ба амалисозии амалҳои пайваста оид ба таҳкими ҳамкории минбаъдаи ду кишвар тибқи қоидаҳои шарикии стратегӣ  устуворона омодаем.
Зимни ин мо онро ба назар мегирем, ки бо мақсади ба муносибатҳои муттаҳидаи мо додани сифати хеле баланд, хусусияти комилӣ ва мутаносибӣ, давом додани корҳо дар тамоми сатҳҳо ҷиҳати ба даст овардани мувозинат миёни паҳлуҳои ҳамкории дуҷониба - сиёсӣ, тиҷоратӣ - иқтисодӣ, ҳарбӣ ва ҳарбӣ - техникӣ, гуманитарӣ - фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои ҳамкории мутақобила муҳим аст.
Дар робита ба ин мехостам аҳамияти муҳими амалҳои муштараки минбаъдаро ҷиҳати ба сатҳи татбиқи амалӣ баровардани тавофуқоте, ки чанде пеш   зимни сафари расмии Шумо ба Тоҷикистон сурат гирифтанд, таъкид намоям. Бовар дорам, ки мо якҷоя метавонем иқтидори бузурги ҳамкории мутақобилаи  Тоҷикистон ва Русияро ба манфиати мардумонамон пурра амалӣ намоем.
Ба Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, тансиҳатӣ ва дар амалӣ гардидани тамоми нияту мақсадҳои ба таҳкими амният ва таъмини шукуфоии Русияи бузург равонагардида муваффақиятҳои калон, ба халқи дӯсти он - сулҳ, беҳбудӣ ва саодат орзумандам».

7 апрел Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Табрикоти самимии маро ба муносибати ҷашни муҳим – 25 - солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни давлатҳоямон қабул фармоед.
Дар давоми солҳои гузашта робитаҳои Русияву Тоҷикистон дар асоси анъанаҳои неки дӯстӣ, ки мардумони моро ба ҳам меоранд, босамар рушд карданд. Беш аз 150 созишномаҳои дуҷониба ба имзо расиданд, ки ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ, илмию техникӣ ва дигар соҳаҳо танзим мекунанд. Ҳамгироии самаранок дар доираи ИДМ, СААД, СҲШ, СММ, САҲА ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ба роҳ монда шудааст.
Мутмаинам, ки мо минбаъд низ муносиботи шарикии стратегии миёни Русия ва Тоҷикистонро ҳамаҷониба таҳким бахшида, кӯшишҳоро баҳри мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва дигар таҳдидҳои амнияти минтақа ҳамоҳанг месозем, ки ин, бешубҳа, ба манфиатҳои умумии мо ҷавобгӯ буда, ба самти таъмини сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ равона мегардад.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович аз самими қалб тансиҳатию муваффақият ва ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон бурдбориву шукуфоӣ таманно дорам».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2017    №: 73    Мутолиа карданд: 3066
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед