маориф
НИЗОМИ НАВИ ТАЪЛИМ ДАР ТОҶИКОБОД ТАҶРИБА МЕШАВАД
Яке аз иқдомҳои наҷибе, ки дар соҳаи маориф мавриди омӯзиш қарор дорад, гузариш ба низоми таълими салоҳиятнок мебошад. Он яке аз самтҳои муҳими ислоҳоти соҳаро ташкил медиҳад. Дар ноҳияи Тоҷикобод низ чун дар дигар навоҳии кишвар ислоҳоти соҳаи маориф зина ба зина амалӣ мегардад.
Тибқи иттилои Абдурауф Баллаев, мутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия, барои амалӣ намудани ин ҳадафи муҳим бозомӯзӣ ва раванди такмили ихтисоси омӯзгорон ҷоннок карда шуд. «Имрӯзҳо, дар шаҳри Душанбе, дар курсҳои бозомӯзӣ, ки 12 рӯзро дар бар мегиранд, 50 нафар ва дар худи ноҳия бошад, 65 нафар омӯзгори синфҳои ибтидоӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузашта истодаанд. Яъне, дар маҷмӯъ, 115 нафар омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ҳуқуқи дарс гузаштан бо усули нав - таълими салоҳиятнокро пайдо менамояд. Ҳарчанд яку якбора гузаштан ба ин низом мушкилоти зиёдеро низ дар пай дорад, вале он марҳила ба марҳила амалӣ хоҳад гашт. Айни замон, курсҳои такмили ихтисос аз фанҳои риёзӣ низ ташкил шуда, сар аз аввали моҳи май курсҳои бозомӯзӣ аз фанҳои забон ва адабиёт низ шурӯъ ба фаъолият менамоянд», - иброз дошт А. Баллаев.
Ҳамин тавр, дар сохтори маориф марҳила ба марҳила низоми таҳсилот дигар шуда, усули нави таълим ба роҳ монда мешавад. Тавассути амалисозии силсиламодулҳо, ташкили раванди хонишҳои мустақилона ва машғулиятҳо дар курсҳои такмили ихтисос омӯзгорон аз мақсади асосии гузаштан аз тарзи анъанавӣ ба таълими салоҳиятнок огоҳ мегарданд. «Таълими салоҳиятнок бо мақсади ҳалли масъалаҳои мушаххаси ҳаётӣ (иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ), маърифатӣ ва касбӣ равона шуда, барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омода намудани шогирдони сазовор ва ҳаматарафа инкишофёфта нигаронда шудааст.
Акнун хонандагони синфҳои 1 - 4 дар ҷараёни дарс оид ба мавзӯъҳои таълимӣ назар ба омӯзгор бештар сухан мекунанд. Ба истилоҳи дигар, дар раванди таълим омӯзгорон вазифаи коргардон ва хонандагон нақши ҳунармандро бозӣ мекунанд. Ин усули таълимӣ барои баёни озоди фикр, равон гаштани нутқ ва устувор шудани ҳисси эҷодкории хонандагон замина мегузорад», - гуфт дар хотимаи суҳбат Абдурауф Баллаев.
- Ин низоми таълимӣ имконият медиҳад, ки хонандагон мустақилона дониши гирифтаашонро дар ҳаёт татбиқ карда тавонанд.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.04.2017 №: 76 Мутолиа карданд: 1820