порлумон
ДУШАҲРВАНДӢ. БАРОИ ПИНҲОНКОРӢ ҶАРИМА ТАЪЙИН МЕШАВАД
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» барои баланд бардоштани сифати қонунгузорӣ, риояи маданияти ҳуқуқэҷодкунӣ, фарҳанги техникаи ҳуқуқӣ, инчунин, пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дар ҳаёти ҳуқуқӣ амалӣ намудани падидаи таҳлили таъмини танзимкунӣ ба лоиҳаҳое, ки хусусияти ояндабинӣ дар соҳаи соҳибкорӣ доранд, таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Ин матлабро Эмомалӣ Насриддинзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, зимни баррасии лоиҳаи қонуни мазкур дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон иброз дошт.
Холиқзода Абдуманнон, муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз намуд, ки лоиҳаи қонун ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз суханронӣ дар иҷлосияи якуми даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 17 марти соли 2015, бармеояд, инчунин, бартараф намудани ихтилофоти қонунгузорӣ ва мукаммал намудани раванди шаклгирии низоми ҳуқуқӣ, такмили фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии субъектони ҳуқуқэҷодкунанда, рафъи ихтилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва беҳтар кардани сифати онҳо таҳия шудааст.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, лоиҳаи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Сафарзода Бахтовар, вакил аз ҳавзаи интихоботии Вахш, зимни муаррифии лоиҳа изҳор дошт, ки он бо мақсади пешбинӣ намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои пинҳон намудани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар ҳангоми интихоб ё таъйин шудан ба вазифаҳои хизмати давлатӣ ва мансабҳои давлатие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои онҳо маҳдудияти доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ намудааст, таҳия ва пешниҳод шудааст. Вобаста ба ин, ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 5011 илова гардид, ки барои аз ҷониби шаҳрванд пинҳон кардани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар ҳангоми интихоб ва ё таъйин шудан ба вазифаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудият оид ба доштани шаҳрвандии давлати дигарро пешбинӣ менамояд, ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.04.2017 №: 76 Мутолиа карданд: 3071