маориф
СЕ ОМИЛИ ПЕШРАВӢ: ИЛМ, АМАЛ ВА ТАРБИЯ
Муассисаи давлатии таълимии литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Турсунзода аз ҷумлаи муассисаҳое мебошад, ки дар тарбия ва ташаккули кадрҳои ҷавон саҳми назаррас дорад. Муассисаи мазкур аз таълимгоҳест, ки дар он фанҳои дақиқ дар доираи равияи табиӣ-математикӣ бо забони англисӣ таълим дода мешаванд. Демократикунонии таълим, ҷорӣ шудани санҷишҳои тестӣ, мавриди истифода қарор гирифтани навтарин васоити техникии таълимӣ, ҷалби омӯзгорон аз хориҷи кишвар аз зумраи навгониҳо дар ин боргоҳи илманд.
Манучеҳр Маҳмадмуродов, директори МДТ литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Турсунзода, вобаста ба фаъолияти муассиса ба хабарнигори «Ҷумҳурият» чунин гуфт:
Бо назардошти назокатҳои таълиму тарбия мо бачагони болаёқатро ба таҳсил фаро мегирем. Хонанда баъди муваффақ шудан дар ду даври имтиҳони қабул шомили муассиса мегардад. Илова бар ин, мо соли аввали таҳсил мутобиқи нақшаи таълимии муассиса, ки бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, соатҳои таълимии фанни забони англисиро зиёд мекунем, фанни махсусеро бо номи Terminology (истилоҳоти фанҳои дақиқ) бо забони англисӣ дарс медиҳем, то ки хонандагон ба азхудкунии фанҳои дақиқ бо забони англисӣ омода шаванд. Дар баробари ин, дарсҳои иловагӣ аз фанҳои математика, технологияи иттилоотӣ ба роҳ монда мешаванд, то ки хонанда донишҳои пештар андӯхтаи худро фаромӯш накунад.
То имрӯз 915 нафар хонанда литсейи моро хатм кард. 600 нафар соҳиби маълумоти олӣ шуд, 315 нафар таҳсилро дар дохилу хориҷи кишвар идома дода истодаанд. Танҳо соли гузашта аз 44 хатмкунанда 16 нафар ба донишгоҳҳои хориҷӣ қабул гардид. Маҳз бо забони англисӣ таълим додани фанҳои дақиқ барои шогирдон заминаи хуби таҳсил дар хориҷа мебошад.
Иштироки хонандагони муассиса дар олимпиадаҳо ва озмунҳо, ки бахшида ба Соли ҷавонон ва 20 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ гузаронда мешаванд, назаррас аст. Шумораи медалҳои шогирдон, ки аз озмунҳо ба даст овардаанд, ба 114 расид.
Мо мекӯшем, то баробари замон қадам монем. Тамоми имконотро барои беҳтар кардани фазои таълиму тарбия истифода мебарем. Хонандагон бо ҷойи хоб, се вақт хӯроки гарм, шароити хуби омодагӣ ба дарс, хизматрасонии аввалияи тиббӣ, оби гарм ва монанди инҳо таъминанд.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.04.2017 №: 81 Мутолиа карданд: 1607