маориф
ИФТИХОР
Соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат ба ҳисоб меравад. Маҳз дастгириҳову ғамхориҳои пайвастаи Сарвари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ин соҳаи ҳаётан муҳим беш аз пеш рушду нумӯ меёбад, сатҳу сифати таълим боз ҳам беҳтар гашта, муаллимону устодон аз имтиёзҳои зиёд бархӯрдоранд.
Пешвои муаззами тоҷикон мудом дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд: «Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад».
Аз ин нуктаҳои пурҳикмат ва дастгириҳои Пешвои миллат мо, омӯзгорон, ифтихор дорем ва дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо бояд тамоми саъю кӯшиши худро барои он равона созем, ки толибилмон илмҳои муосирро ҳарчи хубтару беҳтар аз худ карда, дар пешрафти Ватани азизи худ саҳми арзанда гузоранд. Зеро чуноне гузаштагони бузурги мо гуфтаанд, равшанкунандаи хиради башар ва афрӯзандаи машъали илму дониш муаллим ва устод аст. Таъмини пешравӣ ва равнақу ривоҷи ҷомеа ба маҳорати касбии омӯзгорон вобастагӣ дорад. Ободии кишвар, хушбахтии мардум ва афзоиши сарвати маънавии ҷомеа низ дар дасти мост.
Қосим ҒОИБОВ, омӯзгори мактаби
таҳсилоти миёнаи умумии № 22-и деҳаи Анзоб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.04.2017 №: 83 Мутолиа карданд: 1442