logo

барқияҳо

БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Украина Пётр Порошенко барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Муҳтарам Пётр Алексеевич!
Ба муносибати биступанҷумин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина ба Шумо ва тамоми мардуми Украина табрикоти самимии хешро иброз менамоям.
Боиси хушнудист, ки тайи ин давра кишварҳои мо бо такя ба анъанаҳои деринаи робитаҳои ҳасанаи мардумони худ муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судмандашонро пайгирона густариш доданд.
Мо нисбати дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Украина дидгоҳи нек дорем ва итминон дорем, ки дар якҷоягӣ метавонем ба ин раванд бар нафъи ривоҷу равнақи ду кишвар ва таъмини некуаҳволии мардумонамон вусъати бештар бахшем.
Ба Шумо, муҳтарам Пётр Алексеевич, сиҳатмандии комилу комёбиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Украина бошад, сулҳу субот ва пешравиҳо орзумандам».

24 апрел Президенти Украина Пётр Порошенко ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Табрикоти самимии маро ба муносибати 25 - умин солгарди барпо гардидани муносибатҳои дипломатӣ миёни Украина ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.
Ба роҳи дар тӯли чоряк аср тайшудаи Украина ва Тоҷикистон назар афканда, бо қаноатмандӣ мехоҳам зикр намоям, ки миёни кишварҳои мо доир ба аксари масъалаҳои сиёсати хориҷӣ ҳамеша ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дошт ва ҳамкории дуҷониба дар асоси анъанаҳои чандинасраи дӯстона ва эҳтиром фаъолона рушд мекард.
Украина омода аст, ки минбаъд низ барои густариши самараноки муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар асоси принсипҳои шарикии мутақобила ва эътирофи манфиатҳои миллии ҳар ду кишвар кӯшишҳои зарурӣ ба харҷ диҳад.
Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиатон муваффақият, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон шукуфоӣ ва ризоият таманно дорам».

24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Муғулистон Тсахиагийн Элбегдорж барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати 25 - солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон  сидқан табрику таҳният мегӯям.
Мо аз он қаноатмандем, ки тайи ин давра бар асари саъю талошҳои муштарак миёни кишварҳои мо чӣ дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба ва чӣ дар сатҳои ҳамёрии бисёрҷониба муносибатҳои гуногунҷанбаи нек ташаккул ёфтаанд, ки фазои эътимоду ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобила хоси онҳо мебошад.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш, изҳори итминон менамоям, ки равобити ҳасанаи ду кишвари дӯст дар оянда низ ба манфиати мардумонамон бо суръати бештар рушду тавсеа хоҳанд ёфт.
Ба Шумо, ҷаноби Президент, тансиҳативу комёбиҳои нав ба нав ва ба кишвари дӯсти Муғулистон – сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзумандам».

24 апрел Президенти Муғулистон Тсахиагийн Элбегдорж ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ, ҷаноби Президент!
Иҷозат фармоед Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро аз номи мардуми Муғулистон ва шахсан аз номи худам ба муносибати 25 - солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Муғулистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрик намоям.
Боиси хушнудист, ки дар давраи гузашта бо кӯшиши ҳар ду ҷониб муносиботи дуҷониба ва ҳамкории Муғулистону Тоҷикистон муваффақона рушд мекунанд. Умедворам, ки муносиботи дӯстона миёни кишварҳоямон дар солҳои минбаъда на танҳо дар сатҳи дуҷониба, балки дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ низ таҳким ва густариш хоҳанд ёфт.
Муҳтарам ҷаноби Президент, иҷозат фармоед ба Шумо саломатӣ, бурдборӣ ва ба тамоми мардуми Тоҷикистон шукуфоӣ таманно намоям».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.04.2017    №: 84    Мутолиа карданд: 2956
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед