мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҶОЗЕФ Л. ВОТЕЛ
Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармондеҳи фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико генерал Ҷозеф Л. Вотелро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, ки ҳадафҳои муштараки саҳмгузорӣ дар таъмини амният ва суботи минтақа доранд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аз ҳамкории ниҳодҳои низомии Тоҷикистон бо Амрико дар доираи барномаҳои «Дастгирии байналмилалии молиявӣ», «Ташаббуси глобалии сулҳофарӣ», «Таълими низомӣ», «Мубориза бо терроризми байналмилалию гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир» ва фаъолияти Маркази миллии таълимии мубориза бар зидди терроризм ва маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, ҳар ду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро барои тақвияти бештари ҳамгироӣ дар ин самт таъкид намуданд.
Ҷонибҳо барои вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар самти таҳкими иқтидору имконоти неруҳои марзбонии Тоҷикистон дар сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо назардошти афзоиши хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ ва фаъолшавии гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккил фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.
Дар мулоқот мавзӯъҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо низ баррасӣ шуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.04.2017 №: 84 Мутолиа карданд: 1617