ҳуқуқ
НАФСИ БАД БАЛОИ ҶОН
Сардори раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Вахш Абдураҳим Қувватов бо ҷурми қаллобӣ гунаҳгор дониста шуда, нисбат ба ӯ дар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Дар ин бора аз раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд. Номбурда ҳангоми дар вазифаи муовини сардори раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Вахш фаъолият карданаш, бо роҳи фиреб ба бовари шаҳрванд Исроил Шамсов даромада, аз ӯ барои мусоидат дар гирифтани 0,10 гектар замини наздиҳавлигӣ аз Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ҳамин ноҳия 5000 доллари ИМА талаб кардааст.
Ба ин қаноат накарда, ӯ моҳи ноябри соли 2013 бо ҳамин тарз барои ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ аз шаҳрвандон Раҷабалӣ Зокиров 9500 доллар, Бӯстон Тағоев 3700 доллар, Гулбаҳор Нодирова 4000 доллар, моҳи майи соли 2016 аз Маҳмадҷон Мусулов 50 000 сомонӣ, соли 2011 аз Нусратулло Шарипов, 10 000 доллар ва моҳи январи соли 2014 аз Маҳмуд Алиев барои 0,06 гектар 1500 доллар талаб намуда, ба манфиати шахсиаш истифода кардааст.
Барои ҳолатҳои зикршуда нисбат ба Абдураҳим Қувватов бо моддаҳои 247 қисми 3 банди «а» ва 247 қисми 4 банди «б» - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.04.2017 №: 85 Мутолиа карданд: 1199