паёмҳо
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии
моҳи шарифи Рамазон, 21 августи соли 2009
Ҳамватанони азиз!
Инак, субҳи фардо дар кишвари мо чун дар тамоми олами ислом моҳи мубораки Рамазони соли 1429-уми ҳиҷрии қамарӣ - моҳи кушода шудани дарҳои раҳмату мағфират, файзу баракат ва айёми иҷобати дуоҳо фаро мерасад.
Мардуми мусулмони кишвари соҳибистиқлоли мо ҳар сол ин моҳи муборакро бо хушҳоливу ниятҳои нек истиқбол гирифта, тавассути он бо рӯзадорӣ, тоату ибодат, хайру саховат ва нафақа дар роҳи ризои Худои таъоло бо Парвардигорашон наздикӣ меҷӯянд.
Чунон ки ҳамаи шумо медонед, моҳи шарифи Рамазон сайиди моҳҳои сол шинохта шудааст. Сабаби бартарии Рамазон аз он иборат аст, ки Худованд маҳз дар ҳамин моҳ Қуръонро ҳамчун роҳнамо барои бандагонаш нозил кардааст.
Воқеан, ин моҳ аз аввалин то ба охирин лаҳзаҳояш пур аз хайру баракат ва файзу раҳмат аст. Шахсе, ки дар моҳи мубораки Рамазон барои ризои Худо як амали некеро анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст.
Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон, ки рукни сеюми дини мубини ислом аст, аҷру савоби бузург ва подоши бешумор дорад. Паёмбари гиромӣ рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки “рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад”.
Худдорӣ кардан аз хӯрдану ошомидан ва ҳавасҳои дигар дар соатҳои рӯз, тарки афъоли зишту нописандида, роҳ надодан ба фикру андешаҳои носавоб – ҳама якҷоя василаи бузурги поксозии ҷисм ва тақвияти рӯҳу равони инсон мебошанд. Яъне риояи шартҳои моҳи шарифи Рамазон роҳи беҳтарини фарқ гузоштан байни амали раво ва амри нораво, сафои қалб, ҳусни ботин ва одобу ахлоқи ҳамидаи мардуми мусулмон ба шумор меравад.
Намунаи бисёр барҷастаи парҳезгории ҷисмониву маънавиро мо дар зиндагиномаи фарзанди фарзонаи миллатамон Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, яке аз нобиғаҳои тамаддуни исломӣ ва пешвои мазҳаби ҳанафия, ки беш аз нисфи мусулмонони ҷаҳон аз он пайравӣ менамоянд, мебинем. Дар соли бузургдошти Имоми Аъзам аз тариқи чопи маводи фаровон доир ба аҳволу осори гаронбаҳои ин абармарди таърих ва роҳнамои уммати ислом метавон яқин ҳосил кард, ки арзишҳои волои инсонӣ - парҳезгориву накӯкорӣ, муҳаббату ҳусни муошират ва раҳму шафқат рукни умдаи таълимоти мазҳаби ҳанафияро ташкил медиҳанд.
Ва итминон дорам, ки ҳар фарди мусулмони кишвар ҳамчун пайрави ин мазҳаби инсондӯстиву таҳаммулгароӣ ва вориси ин мероси бузурги ҷовидонӣ сулҳу суботи сарзамин, ойини неки хайрхоҳӣ ва дӯстиву муҳаббат ба ҳамдигарро ҳамеша пос дошта, минбаъд низ ба хотири ободии Ватан ва осоиши мардум кӯшиш хоҳад кард.
Ҳамчунин бовар дорам, ки амали хайри кӯмак ба ятимону маъюбон, мӯҳтоҷону дармондагон ва оилаҳои камбизоат дар ин моҳи шариф, ки айёми иҷрои амалҳои неку савоб аст, ривоҷи тоза пайдо хоҳад кард.
Бо изҳори чунин ниятҳои нек фарорасии моҳи шарифи Рамазонро ба кулли мардуми мусулмони кишвар муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаол ба ҳар хонавода хушҳоливу хушрӯзӣ, ризқу рӯзии фаровон ва рӯзгори босаодат металабам.
Орзу дорам, ки тоату ибодати моҳи мубораки Рамазон барои ҳар яки мо айёми сабру парҳезгорӣ, ҷавонмардиву саховатмандӣ ва файзу баракат дар хонадони ҳар кадоми мо гардад!
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 8807