маориф
ФАРХОР. ЧАНД МУШКИЛИ ЯК МАКТАБ
Ҳарчанд дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон давоми 25 соли охир 17 муассисаи таълимии наву замонавӣ бунёд ёфта, дар назди 35 мактаб синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шуданд, ҳанӯз муассисаҳои таълимиеро вохӯрдан мумкин аст, ки ба азнавсозӣ, таъмиру тармим ниёз доранд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51- и деҳаи Қизилтеппа, Ҷамоати деҳоти «Ғалаба» - и ноҳия аз зумраи онҳост. Мактаби мазкур соли 1950 бунёд ёфт ва аз 4 синфхона иборат буд. Баъдтар бо сабаби нарасидани ҷойи нишаст 6 синфхонаи иловагӣ сохтанд.
Ҳоло мактаб 10 синфхона дорад ва дар он 210 хонанда дар ду баст таҳсил мекунад. Воқеан, бинои мактаб хело фарсуда аст ва хонандагон аз мавҷуд набудани шароити хуби таълимӣ азият мекашанд: зимистон, аз сабаби намнокии фарш, тобистон аз чангу ғубори зиёди синфхонаҳо. Таҳсил дар чунин муҳит на танҳо завқи зебоипарастии хонандагонро мекоҳонад, балки ба саломатии онҳо низ зарар дорад. Мушкили дигари хонандагон надоштани майдончаи варзишӣ мебошад.
- Сабаби асосии мавҷуд набудани майдончаи варзишӣ хурд будани масоҳати замини мактаб аст. Барои ҷудо намудани қитъаи замин бо ариза ба раиси деҳоти «Ғалаба» муроҷиат намудем, мутаассифона, то ҳол замин ҷудо нашудааст, - мегӯяд директори мактаби мазкур Алишер Хушвахтов.
Ояндаи ҳар як миллату давлат аз рушди соҳаи маориф вобастагии зиёд дорад. Зеро танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишмандро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷаҳон мақоми хос пайдо кунад. Дар бисёр ноҳияҳои кишвар чунин мушкилӣ бо ҷалби соҳибкорони ба ору номуси маҳаллӣ ҳалли худро ёфтааст. Пас, оё вақти он нарасидааст, ки соҳибкорони ноҳия дар ҳалли ин мушкил ба хонандагони мактаб ва мардуми деҳаи Қизилтеппа мадад расонанд?
Бону ШАҲРЗОД
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.04.2017 №: 86 Мутолиа карданд: 1616