logo

порлумон

КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК БА МАБЛАҒИ 530 МИЛЛИОН СОМОНӢ БА МУОМИЛОТ МЕБАРОЯНД

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон коғазҳои қиматноки давлатиро ба маблағи 530 миллион сомонӣ ба муҳлати панҷ сол бо меъёри 2 дарсади солона ба муомилот мебарорад.
Ин матлаб зимни ҷонибдории пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории соҳаи энергетика ва ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016, № 527»  баён гардид.
Ҷамшед Нурмуҳаммадиён, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, ки коғазҳои қиматноки ба муомилот баровардашуда, тибқи шартнома ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» супурда мешаванд.  Бонки миллии Тоҷикистон он векселҳоро қабул намуда, 530 миллион сомониро ба суратҳисоби алоҳидаи ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» мегузаронад. Назар ба гуфтаи ӯ, дар ҳолати ризоят додан нисбат ба қарори мазкур Вазорати молия, Бонки миллии Тоҷикистон ва ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» нақшаи чорабиниҳоро оид ба маблағгузории ин соҳа ва бозгардондани маблағҳои ҷудошуда таҳия менамоянд.
Зикр гардид, ки тибқи қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, аз 24 феврали соли 2017, бозхонд гардидани иҷозатномаҳои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷпромбонк» ва ҶСК «Фононбонк» ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аз 12 декабри соли 2016 «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоякунии бонкҳо» тағйироти дахлдор ворид мегардад.
Шариф Раҳимзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия, афзуд, ки ин маблағ аз ҳисоби он маблағҳоест, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан барои маблағгузории соҳаи бонкӣ ҷудо шуда буд.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.04.2017    №: 86    Мутолиа карданд: 2988
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед