маориф
ҚУБОДИЁН. АВЛАВИЯТ БА МАОРИФ
Дар ноҳияи Қубодиён ба соҳаи маориф аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Аз ҷумла, соҳибмаълумот гардидани духтарон ва дар вазифаҳои роҳбарикунанда будани онҳо яке аз масъалаҳои муҳиме мебошад, ки дар мадди назари роҳбарон қарор дорад.
Чуноне ки муовини раиси ноҳия Тоҷинисо Шарифова мегӯяд, соли сипаригардида 1286 нафар хатмкунанда ба Маркази милли тестӣ ҳуҷҷат супурда, 553 нафари онҳо ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил шуданд. Аз зумраи онҳое, ки муассисаҳои таҳсилоти олиро тавассути Квотаи президентӣ хатм кардаанд, 188 нафар то имрӯз ба вазифаҳои гуногун ҷалб гардиданд.
Аз 69 мактаб роҳбарии 22 муассиса ба зиммаи занҳо вогузор шудааст. Дар онҳо 36560 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки 17609 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар самти таъмини шароити мусоид барои донишандӯзон низ як қатор тадбирҳои судманд роҳандозӣ шудааст. Муассисаҳои таълимии ноҳия бо компютер ва дигар ҷиҳози муосири зарурӣ таъминанд. Дар муассисаҳои таълимии № 41, 19, 5, 45, 33, 26, 18, 32, 20, 8 синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуда, мушкили норасоии ҷойҳои нишастро то андозае ҳал намудаанд.
То имрӯз дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 51 бинои нави замонавӣ иборат аз 8 синфхона барои 320 нафар дар ду баст, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 31, бинои нави замонавӣ иборат аз 8 синфхона барои 320 нафар хонанда дар ду баст ва дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 48 8 синфхонаи нави замонавӣ барои 320 нафар хонанда дар ду баст сохта, мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ меандешад, - иброз дошт Тоҷинисо Шарифова.
Сарвиноз ШОДМОНОВА,
Лола РИЗОЕВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.05.2017 №: 89 Мутолиа карданд: 1529