маориф
РУМИНИЯ ВА ДАСТОВАРДҲОИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК
Дар шаҳри Бухарести Ҷумҳурии Руминия Олимпиадаи байналмилалии лоиҳавӣ «INFOMATRIX - 2017» аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор гардид, ки дар он 10 хонандаи болаёқати муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ширкат варзид.
Бино ба иттилои сухангӯи Вазорати маориф ва илм, дар он аз 45 давлати дунё хонандагон бо 359 лоиҳа иштирок намуданд.
Дар ҷамъбасти олимпиада хонандагони муассисаи давлатии таълимии литсей - интернати президентӣ барои кӯдакони лаёқатманд, Мирзоалӣ Алиев ва Ориёншоҳ Ҷонмаҳмадов сазовори медали тилло гаштанд.
Аз литсейи барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодии шаҳри Душанбе Мирзораҷаб Раҷабов ва Сорбон Набиев сазовори медали нуқра, Анушервон Зубайдуллозода, Саддамбек Бобоев аз мактаби байналмилалии президентии шаҳри Душанбе, Ҳамза Норбеков, Асрор Асроров аз литсейи барои хонандагони болаёқати шаҳри Турсунзода ва Мавзуна, Фарзона Бобоҷонова аз литсейи барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд медали биринҷӣ ба даст оварда, парчами Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд.
Ёдрас мешавем, ки дар чор моҳи соли равон хонандагони кишвар ба Ватан 73 медал (8 тилло, 29 нуқра, 36 биринҷӣ) овардаанд.
Раҳматулло КАРИМОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.05.2017 №: 91 Мутолиа карданд: 1508