туризм
НАВРӮЗ. ЧАРО ОНРО БА САЙЁҲОН МУАРРИФӢ НАКУНЕМ?
Муаррифии Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар бозори ҷаҳонии туристӣ, ҳамчун мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тоҷик метавонад садҳо ҳазор сайёҳи хориҷиро ба кишвари азизамон ҷалб намояд.
Дар арафаи ин ҷашни фархунда дар пойтахти кишвар метавон сайёҳони хориҷиро вохӯрд, ки аз обурангу ҷилои шарқиёнаи Тоҷикистон таассуроти баланд бардоштаанд. Бедоршавии табиат, расму оини тоҷикӣ, хӯрокҳои болаззати миллӣ ва дигар махсусиятҳо диққати онҳоро ба таври хос ҷалб менамоянд. Қобили тазаккур аст, ки нақши ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар муаррифии Наврӯз ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Инчунин, нақши калидиро дар ин ҷода меҳмоннавозии волои миллати тоҷик мебозад.
Гуфтан бамаврид аст, ки Иди Наврӯзи байналмилалӣ дар кишварҳои ҳамсоя воситаи хуби ҷалби сайёҳон ва ташкили сайрҳои аҷибу хотирмон мебошад. Мутаассифона, бо сабабҳои гуногун дар кишвари мо ин ҷиҳат аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ кам ба инобат гирифта мешавад.
Дар арафаи Иди Наврӯз бо мақсади дарёфти маълумот ба сатри ҷустуҷӯии интернет туризми сайёҳиро ворид карда ҷустуҷӯ кардем. Дар натиҷа номгӯйи зиёди ширкатҳои сайёҳиро дарёфт кардем, ки ҳар кадоме хизматрасониҳои худро ҷиҳати сайру саёҳат дар рӯзҳои наврӯзии Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва ҳатто Туркия пешниҳод намудаанд. Турҳои чандрӯза ба шаҳрҳои гуногуни Осиёи Марказӣ диққатамонро ба худ ҷалб карданд. Вале бояд гуфт, ки дар бораи Наврӯзи Тоҷикистон ҳеҷ маълумот дарёфт накардем.
Тибқи иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ айни замон дар мамлакат 119 ширкати сайёҳӣ фаъолият мебарад. Аз ин шумора 51-тоаш туризми содиротиро пеш бурда, боқимонда танҳо бо ҷалби сайёҳон ба кишвар машғуланд.
Вале, ягон ширкати сайёҳӣ дар арафаи ҷашни Наврӯз имкони мусоиди ҷалби сайёҳон ба кишварро ба кор намебарад. Чаро?
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.05.2017 №: 91 Мутолиа карданд: 2958