порлумон
ЯК ТАШАББУСИ МУҲИМ
Дар доираи тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» минбаъд прокурор бар асоси қонунгузории мурофиавии гражданӣ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои ҳуқуқии ашхосе, ки бинобар иллатҳои ҷисмониву рӯҳӣ ва дигар аломатҳои маъюбӣ аз уҳдаи ҳимояи ҳуқуқҳои худ намебароянд, метавонад ба суд бо ариза муроҷиат кунад.
Дар ин бора Назарзода Ҳотам, муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баррасии лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ иттилоъ дод. Ворид намудани ин тағйиру илова ба манфиати шахсоне равона мешавад, ки осебпазир буда, бинобар вазъи саломатӣ, синну сол ва дигар сабабҳои узрнок ғайри қобили амаланд.
Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, раиси комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати дастур ва ташкили кор, иброз намуд, ки мақсади лоиҳа мутобиқ намудани муқаррароти Қонуни конститутсионии номбурда ба Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории мамлакат, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» муайян шудааст.
Ҳамчунин, дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Султонзода Сулаймон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаро шарҳу тавзеҳ дода, таъкид намуд, ки он бо мақсади пешбинӣ намудани маҳдудият дар хизмати давлатӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бинобар соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар ва мутобиқгардонии меъёрҳои қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.05.2017 №: 91 Мутолиа карданд: 2983