маориф
ДМТ. ТАҚСИМОТИ ДАВЛАТИИ ҲУҚУҚШИНОСОНИ ҶАВОН
Бахшида ба Соли ҷавонон дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, корҳои дохилӣ, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, назорати маводи нашъаовар, омор, кумитаҳои амнияти миллӣ, телевизион ва радио, андоз, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, Маркази миллии қонунгузорӣ ва дигар идораву корхонаҳои дахлдор тақсимоти давлатии ҳуқуқшиносони ҷавон баргузор гардид.
Бино ба гуфтаи Раҳмон Дилшод, декани факултети ҳуқуқшиносӣ, таъмини мақомоти давлатӣ бо кадрҳои ҷавони баландихтисос яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳамчунин, зикр гашт, ки дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон наздик ба ҳафтод дарсади аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори пешбарандаи ҷомеаанд.
Намояндагони вазорату идораҳо ин ташаббуси раёсати донишгоҳро дар Соли ҷавонон иқдоми неке баҳри таъмини мақомоти давлатӣ бо кадрҳои ҷавон арзёбӣ карда, таъкид доштанд, ки он дар дигар муассисаҳои олӣ низ роҳандозӣ гардад.
Илёс Ғаффорзода, сардори шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ иттилоъ дод, ки имсол факултети ҳуқуқшиносиро 805 нафар аз рӯи 7 ихтисос хатм менамояд.
Раҳматулло КАРИМЗОДА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.05.2017 №: 91 Мутолиа карданд: 1688