барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ
8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли сарфарозӣ ба Шумо табрикоти самимонаи хешро ба муносибати пирӯзиатон дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Франсия ирсол медорам.
Ҷониби Тоҷикистон сатҳу муҳтавои имрӯзаи муносибатҳои ҳамшарикиашро бо давлати Франсия баланд арзёбӣ намуда, маҷмӯи ҳамкориҳои босамарро бо он самти муҳими сиёсати хориҷии худ медонад.
Мо ба ояндаи равобити ҳасана бо Ҷумҳурии Франсия дидгоҳи нек дорем ва умедворем, ки дар давраи сарварии Шумо аз он муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни кишварҳои мо дар арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба марҳалаи ҷадиди тавсеаи худ ворид хоҳанд шуд.
Омодагии хешро барои саъю талошҳои муштарак дар ин ҷода иброз намуда, ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Франсия сулҳу суботи пойдор ва шукуфоии рӯзафзун таманно дорам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.05.2017 №: 94 Мутолиа карданд: 2918