фармонҳои президент
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таъйин ва озод намудани судяҳо
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Аминзода Зокирҷон Тоҳир аз вазифаи раиси суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, Саид Суҳроб аз вазифаи раиси суди иқтисодии вилояти Суғд, Нуриддинӣ Нурулло Бадалзода аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Суғд, Ҷалолиддини Азизӣ аз вазифаи судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Қаландарзода Мансур Сафар аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод карда шаванд.
2. Хайриддинзода Азизбек Хайриддин раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон таъйин гардида, аз вазифаи муовини раиси суди иқтисодии вилояти Суғд озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 8 майи соли 2017, № 875
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.05.2017 №: 94 Мутолиа карданд: 3003