logo

маориф

РАДИОИ ТАЪЛИМӢ

Факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз марказҳои муҳими омода намудани кадрҳои соҳа ба ҳисоб меравад, ки дар он ба тарбияи кадрҳои миллӣ барои радио ва телевизион диққати махсус зоҳир мегардад. То имрӯз садҳо хатмкардагони ин даргоҳ дар ҷодаи радио фаъолияти самаранок доранд.

Студияи таълимии телевизион ва радио  1 сентябри соли 2011 ташкил шудааст, ки ҳамчун озмоишгоҳи таълимии кафедраи телевизион ва радио ҳам хидмат мекунад. Зафар Эшматов, собиқ мудири кафедраи  телевизион ва радио, тайи солҳои 2011 - 2015 дар ободии студияи таълимии телевизион ва радио саҳми назаррас дорад.
Аз соли 2015 инҷониб сарварии студия ба  ассистенти кафедраи мазкур Муслима Манонова вогузор карда шуд.
Студияи мазкур дорои дафтарҳои алоҳидаи корӣ барои танзим ва сабти овоз, хулоса дорои тамоми шароити ҳозиразамон буда, бо техникаву технологияи навтарин таҷҳизонида шудааст. Соли 2015 студияи телевизион ба фаъолият пардохт, ки он минбари донишҷӯёни факултет ба ҳисоб меравад.  Барномаҳои он ҳамарӯза аз соати 830 то 1600  дар 10 - дақиқаи байни дарсҳо пахш мешаванд. Бахшҳои “Ибрози назар”, “Дар фазои кушод”, “Андарзи рӯз”, “Дар меҳмонӣ”, “Баҳси рӯз”, “Мушкилоти донишҷӯ”  байни бинандагон мухлисони зиёде доранд.
Студияи радио бошад, аз 13 феврали соли 2017 ба фаъолият пардохт. Донишҷӯён дар таҳияи барномаву бахшҳои ҷолиб саҳм мегиранд. Номгӯйи барномаҳое, ки шунавандагони бештар доранд “Баҳси донишҷӯ”, “Субҳи донишгоҳи ман”, “Маслиҳатҳои муфид”, “Китоби дӯстдоштаи ман”, “Ҷовидон” ва монанди инҳо мебошанд, ки дар танаффуси байни дарсҳо пахш мегарданд.
Имрӯзҳо студияи радио нисбат ба телевизион фаъолияти пурсамар дорад, зеро донишҷӯён дар ин самт корро хуб аз худ карда,  мустақилона фаъолият менамоянд. Донишҷӯён барномаҳои худро дошта, дар омода намудан, сабт ва пахши онҳо саҳм мегиранд. Ягона мушкили студия нарасидани мутахассисони техникӣ мебошад, ки умед аст рӯзҳои наздик ҳалли худро ёбад. 
 Лола РИЗОЕВА,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.05.2017    №: 96    Мутолиа карданд: 1720
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед