logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТ СУДМАНДУ СОЗАНДА БУД

13 майи соли 2017 дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони вилояти Хатлон мулоқоти судманду созанда доир карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқи вилояти Хатлон ва яке аз ноҳияҳои калонтарини саноатию аграрии ҷумҳурӣ - ноҳияи Данғара бо таҳлилҳои амиқ андешаронӣ карда, барои иҷрои саривақтию босифати супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти вилоят дастурҳои мушаххас доданд.
Соли 2016 ва семоҳаи якуми соли 2017 аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷетӣ барои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон 5,5 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Дар ин давра дар ҳудуди вилоят 29 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 3,6 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст.
Ҳаҷми истеҳсолоти кишоварзии вилоят соли гузашта ба 11,7 миллиард сомонӣ баробар гардидааст. Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ бошад, ин нишондиҳанда ба 440 миллион сомонӣ расонда шуд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки захираву имкониятҳои бузурги вилоят то ҳанӯз пурра истифода намешаванд ва барои ҳалли мушкилот дар ин самт роҳбарияти вилоят ва масъулони соҳа бояд тадбирҳои мушаххас андешанд.
Соли 2016 даромади буҷети вилоят нисбат ба соли 2015 - ум 88 миллион зиёд шуда, 1,3 миллиард сомониро ташкил кардааст ва нақшаи аниқшуда 96,1 фоиз иҷро шудааст. Дар чор моҳи соли 2017 ба буҷети вилоят 281 миллион сомонӣ ворид гаштааст.
Роҳбарияти вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони корхо-наву муассисаҳо доир ба иҷрои уҳдадориҳо дар назди буҷет ва коҳиш додани бақияпулиҳои андоз вазифадор гардиданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вилоят вобаста ба истифодаи самараноки замин бо роҳи кишти такрорӣ, захираи маҳсулоту содироти он, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, рушди соҳаи маориф, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон, беҳтар кардани сатҳу сифати таълиму тарбия, дар бахши тандурустӣ барои беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос, таъмини волоияти қонун, пешгирии ҷинояткорӣ ва қонуншиканиҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар охири суханронӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ гаштани ҳадафу ормонҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кулли сокинони ватандӯсту сарбаланд ва заҳматқарини вилоят барору муваффақият орзу карданд.
Дар мулоқот сокинони вилоят ва намояндагони касбу кори гуногун сухан карда, пеш аз ҳама, ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамаҷониба ва талошҳои созанда изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2017    №: 97-98    Мутолиа карданд: 1519
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед