мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МУҲАММАД МАСУМ СТАНИКЗАЙ
Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Раёсати амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Масум Станикзайро баҳузур пазируфтанд.
Дар оғози суҳбат таъкид карда шуд, ки ҳамсоягиву дӯстии бардавом маҳаки муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Афғонистонро ташкил медиҳанд ва ҳамкории гуногунҷанба бо Афғонистон дар феҳристи авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.
Ҷонибҳо ҷанбаҳои муҳими рӯзмарраи муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла тақвияти муборизаи муштарак ва беамон алайҳи терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҳамдастии босамар дар самти таҳкими низоми ҳифзи марзҳои байнидавлатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар мулоқот доир ба тарҳрезии иқдомоти ҷиддӣ ва муассир барои таҳкими ҳамкории наздисарҳадӣ, тақвияти иқтидори неруҳои марзбонӣ, ҳамоҳангии бештари неруҳои сарҳадӣ ба хотири таъмини амнияти миллии ҳамсоякишварҳо, таҳкими робитаю ҳамкории ниҳодҳои амниятӣ дар марҳалаи мураккаби афзоиши хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор дар минтақа ва ҷаҳон табодули судманди афкор анҷом дода шуд.
***
Раиси Раёсати амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Масум Станикзай баъд аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо хабарнигорон натиҷаҳои дидораш ба Сарвари давлатро судманд арзёбӣ кард. Ӯ изҳор дошт, ки дар ин авохир Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди чашмрасе даст ёфтааст, ки мояи ифтихор аст.
Муҳаммад Масум Станикзай бо қаноатмандӣ аз равобити дӯстонаи ду кишвари ҳамҷавор изҳор дошт, ки мо дар баробари ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсату фарҳанг, иқтисоду тиҷорат, инчунин дар садади таҳкими равобити амниятӣ миёни Тоҷикистону Афғонистонем. «Мо бо терроризм муборизаи муштарак дорем ва қарор додем, ки ҳамкориҳои амниятӣ, бахусус дар бахши марзбонӣ тақвияти бештар касб кунанд. Зеро мо сарҳади тӯлонӣ дорем ва барои ҷилавгирӣ аз убуру мурури террористон, коҷоқи маводи мухаддир ниёз ба ҳамкориҳои судманди дуҷониба дорем». Раиси Раёсати амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо ёдоварӣ аз ҳаводиси ахири Афғонистон, бахусус даргириҳо дар минтақаҳои ҳаммарзи Тоҷикистон аз амалиёти бобарори неруҳои амниятии ин кишвар тавсиф намуд ва таъкид кард, ки Афғонистон барои ҳифзи субот дар минтақаҳои наздисарҳадӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода хоҳад кард.
Ф. ҶУМЪАЕВ, "Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.05.2017 №: 99 Мутолиа карданд: 1558