мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЛИЛИЯ БУРУНЧУК
Нимаи дуюми рӯзи 17 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори кишварии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Лилия Бурунчукро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот самтҳо ва имконоти нави густариши ҳамкориҳо баррасӣ гардида, намояндаи нави доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян - Петер Олтерс муаррифӣ карда шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии Норак, лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе, инчунин, арзёбӣ ва баррасӣ намудани ҳолати пешгирии офатҳои табиӣ ва соҳилмустаҳкамкунии дарёҳои Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот таъсири омилҳои манфии беруна ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, Барномаи нави шарикӣ бо Тоҷикистон ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 - ро баррасӣ карда, афзалиятҳои ҳамкории минбаъдаро муайяну мушаххас намуданд.
Таъкид шуд, ки афзоиши маблағҳои имтиёзноки грантии Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи ҳадафҳо дар соҳаҳои энергетика, рушди инфрасохтор, истеҳсолоти кишоварзӣ, дастгирии буҷети давлатӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ метавонад омили муҳими таъмини рушди устувор бошад. Ҳамкорӣ дар бахши хусусӣ, инфрасохтори саноатӣ ва иҷтимоӣ, дастгирии бахши кишоварзӣ, афзоиши содирот, ташкили ҷойҳои нави корӣ, тақвият бахшидани неруи инсонӣ барои таъмини босифати пешрафти иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ зарур шумурда шуд.
Таҷдиду тармим ва бунёди роҳҳои оҳану мошингард ва тақвияти дигар самтҳои ҳамкории минтақавӣ аз мавзӯъҳои асосии мулоқот буданд, ки оид ба амалигардонии онҳо пешниҳодҳои судманд ироа гаштанд.
***
- Бо Ҷаноби Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба оғози марҳалаи нави машваратҳо бо Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати таҳияи Стратегияи нави миёнамуҳлат суҳбати созандае анҷом додем. Барои муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҳайати калон аз Бонки ҷаҳонӣ корҳои омӯзишиву ташхисиро ба охир расонд. Дар ин замина ҳадафи аслии мо ин аст, ки ба Тоҷикистон барои истифодаи тамоми имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати расидан ба рушди беҳтари иқтисодӣ ёрӣ расонем.
Ин ҳарфҳоро намояндаи нави доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян - Петер Олтерс баъд аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури хабарнигорон баён дошт. Ӯ дар суҳбат бо намояндагони ВАО зикр кард, ки таъмини истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, боз ҳам беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ, ворид намудани технологияҳои навтарин ва татбиқи босамари лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз мавзӯъҳои асосии мулоқоти мо буданд.
- Бисёр хушҳолу сарфарозам, ки нахустин дидори худро бо Ҷаноби Президент анҷом додам ва ин амр барои тақвияти ҳамкориҳои судманди минбаъдаи мо таъсири нек хоҳад гузошт. Мо аз ҷониби худ омода ҳастем, ки бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бонкҳо, сохтори хусусӣ ва ҳамаи ҷонибҳои ҳавасманд барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда ва татбиқи самарноки барномаҳои ҳамкорӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намоем, - изҳор дошт намояндаи нави доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян - Петер Олтерс.
Ф. ҶУМЪАЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.05.2017 №: 100 Мутолиа карданд: 1526