президент
Минтақаҳои озоди Ишкошим ва Данғара таъсис ёфтанд
28 август таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат, ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он наздики 50 масъала баррасӣ шуд.
Дар ҷаласа нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ гардид. Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон шахсони ба вазифаҳои пурмасъулияти сатҳи роҳбарияти вазорату идораҳои кишвар таъингаштаро ба кори садоқатмандонаю софдилона ва ҳифзи шоистаи манфиатҳои давлату миллат ҳидоят намуд.
Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва параметрҳои асосии Буҷети давлатӣ барои солҳои 2010-2012 маъқул дониста, барои маълумот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд. Мутобиқи он Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ барои соли 2010 дар ҳаҷми 24, 5 миллиард сомонӣ ва Буҷети давлатӣ 6 миллиарду 954,1 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин аз нишондиҳандаҳои соли равон мутаносибан 14% ва 25% зиёд аст.
Сипас ҳисоботи раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Буҷети давлатӣ барои соли 2009 шунида шуд. Чунонки зикр гардид, иҷрои нақшаи даромадҳои андоз ба Буҷети давлатӣ барои соли 2009 дар нимсолаи якум дар ҳаҷми 105,7% таъмин гаштааст.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи андоз ва вазорату идораҳои дигари дахлдорро вазифадор намуд, ки баҳри пурра, сари вақт ва босифат иҷро намудани нишондодҳои Буҷети давлатӣ, ба роҳ мондани тартиби нави бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ аз рӯи принсипи «равзанаи ягона» ва тавсеаи истифодаи технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ дар кори мақомоти андоз тадбирҳои судбахш андешанд.
Минтақаҳои озоди иқтисодии Ишкошим ва Данғара таъсис дода шуданд ва лоиҳаҳои низомномаи ин минтақаҳо маъқул дониста, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гаштанд.
Сипас гузориш дар бораи рафти иҷрои «Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ, тадриҷан зиёд намудани истеҳсоли мева ва парвариши дарахтони мевадиҳандаю ҳамешасабз барои солҳои 2007-2010» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шунида шуд. Чунонки маълум гардид, бо вуҷуди иҷрои нақшаҳо оид ба бунёд ва барқарорсозии боғу токзор, аксари шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон нишондодҳои парвариши навниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва қаламчаи ниҳолҳои анор, анҷир, ангур, лимӯ ва сафедорро пурра амалӣ накардаанд. Ин нишондодҳо мутаносибан танҳо ба ҳадди 64% ва 75% амалӣ шудаанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он ва ҳамчунин вазорату идораҳои ҷумҳуриявии дахлдорро вазифадор намуд, ки оид ба бартараф намудани ин ва дигар камбудиҳои ҷиддӣ тадбирҳои муассир андешида, оид ба рафти иҷрои нишондодҳои барномаи мазкур дар вилояти Хатлон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ахбор пешниҳод намоянд.
Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва ба қонунҳо «Дар бораи рӯзҳои ид», «Дар бораи табъу нашр» ва ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда шуданд.
Тағйиру илова ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» минбаъд 30 сентябри ҳар сол ҷашн гирифтани зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро дар зодгоҳаш – Тоҷикистон дар назар дорад. Хотиррасон бояд намуд, ки мувофиқа дар ин бора миёни сарони давлатҳои Тоҷикистону Туркия –Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Гул ба даст омада буд. Мутобиқи ҳамин мувофиқа 17 декабри ҳар сол дар шаҳри Кунияи Туркия – шаҳре, ки дар он оромгоҳи Мавлоно қарор дорад, ҷашни Шаби арӯс, яъне чорабиниҳои вобаста ба ашъору афъоли ин мутафаккири бузург таҷлил мешавад.
Илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт оид ба тағйир додани номи як қатор деҳаҳои ноҳияи Рашт дастгирӣ ёфта, барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Як қатор санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ тасдиқ гардид, аз ҷумла Барномаи комплексии пешгирӣ ва мубориза бо зукоми паранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2012 ва Қоидаҳои омодасозии аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусиятҳои табиӣ ва техногенӣ.Қарори Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника доир ба супурдани ҷоизаҳо дар соли 2009 тасдиқ шуд. Мутобиқи он ҷоизаҳои ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар бахши илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техника ба ӯлмас Мирсаидов ва дар бахши илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ ба Муҳаммадҷон Шакурӣ супурда мешаванд.
Мутобиқи як қарори Ҳукумати мамлакат, ки имрӯз қабул шуд, бо мақсади босамар ва сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ аз 1 – уми октябри соли равон воридоти лампаҳои тафсон ба Тоҷикистон манъ карда мешавад.
Бо қарори дигари Ҳукумати мамлакат дар назди Вазорати тандурустӣ Академияи илмҳои тиббӣ таъсис дода шуд.
Баъди анҷоми баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлиси Ҳукумат ахбори муовини аввали сарвазири мамлакат Асадулло Ғуломов оид ба рафти иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истифодаи сарфаҷӯёнаи нерӯи барқ шунида шуд. Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони масъул оид ба таъмини пурраи гузариш ба истифодаи лампаҳо ва дигар таҷҳизоти каммасрафи барқӣ супоришҳои мушаххас дод.
Оид ба омодагӣ ба соли нави хониш, кишти тирамоҳӣ ва ба зимистони пешомад низ дастуру ҳидоятҳо дода шуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки шахсони сарватманд метавонанд дар арафаи иди саиди фитр лампаҳои каммасраф харидорӣ намуда, ба оилаҳои камбизоат чун фитри рӯза тақдим намоянд. Инчунин супориш дода шуд, ки дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон ва дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои арзон ташкил карда шаванд.
Аз роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, корхонаю муассисаҳо ва дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҳамчунин соҳибкорону сарватмандон даъват шуд, ки дар ин рӯзҳо ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон ва дигар эҳтиёҷмандон кӯмак расонанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3850