logo

порлумон

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. АЗ МАСЪУЛИЯТ ТО ҶАВОБГАРИИ ИНТИЗОМӢ

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бо мақсади баланд бардоштани масъулияти аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид.

Амрихудои Дамдор, вакили Маҷлиси намояндагон, зимни ташреҳи лоиҳа иброз дошт, ки он ҷавобгарии интизомиро нисбат ба аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати вайрон намудани савганд пешбинӣ мекунад. Ҳамзамон, бар асоси ин тағйирот аъзои Ҳукумат ҳамасола  доир ба даромадҳо, вазъи молу мулки худ ва аъзои оилаашон эъломия пур карда, онро ба мақомоти андози кишвар пешниҳод менамоянд. Агар дар эъломия  доир ба даромад ва вазъи молу мулкашон  маълумоти бардурӯғ навишта ё онро пинҳон доранд, амали  онҳо аз ҷониби масъулони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор хоҳад гирифт.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» тағйиру иловаҳо ворид шуданд. Дар асоси онҳо минбаъд дар идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон  онҳое  кор карда метавонанд, ки  дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.
Рустам Шоҳмурод, вазири адлия,  дар мавриди тақдири минбаъдаи нафароне, ки маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ надоранд,  вале  дар идораҳои САҲШ кор мекунанд, гуфт, ки ба онҳо имконият дода мешавад, то дар бахши ҳуқуқшиносии донишгоҳҳои кишвар таҳсил намуда, соҳиби маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ гарданд.
Дар идома, вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» - ро низ қабул карданд. Аламшозода Абдураҳмон, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ, иброз дошт, ки он аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ бо мақсади бартараф намудани ихтилофоти дохилӣ ва мутобиқ намудани меъёрҳои он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия шуда, мафҳуми «воситаи нақлиёт» дар таҳрири нав пешниҳод шудааст.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2017    №: 102    Мутолиа карданд: 2892
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед