барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ БА ДОКТОР ҲАСАНИ РӮҲОНӢ
20 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Дар иртибот ба интихоб гардиданатон ба маснади олии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Шумо табрикоту таманниёти самимии хешро иброз менамоям.
Кишварҳои мо бо такя ба муштаракоти безаволи фарҳангиву таърихӣ то имрӯз муносибатҳои ҳасана ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт ба роҳ мондаанд.
Итминон дорам, ки мо бо саъю кӯшишҳои содиқонаи муштарак дар давраи ҷадиди раисии Шумо ҳамшарикии гуногунарсаи кишварҳоямонро таҳким бахшида, бар нафъи мардумонамон ба зинаҳои нави баландтар хоҳем бардошт.
Ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки дар ин ҷода бар асоси усулҳои эътирофгардидаи равобити байналмилалӣ - ҳусни тафоҳум, баробарҳуқуқӣ, некхоҳӣ ва эътимод ба ҳамдигар – дар оянда низ талош варзад.
Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комилу комёбиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Эрон сулҳу субот ва некуаҳволии беш аз пеш орзу дорам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.05.2017 №: 102 Мутолиа карданд: 2974