logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО РОҲБАРОНИ ЯК ҚАТОР КИШВАРҲО

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳои олами арабу ислом ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ бо Подшоҳи ин мамлакат Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп ва сарони як қатор давлатҳои дигар, аз ҷумла Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад оли Сонӣ, Валиаҳди Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад бин Зойид оли Наҳаён, Подшоҳи мамлакати Баҳрайн Ҳамад бин Исо оли Халифа ва Сарвазири Ҷумҳурии Малайзия Наҷиб Абдурраззоқ мулоқотҳои судманду самимӣ ва созанда доир карданд.
Зимни суҳбатҳо, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, масоили ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо ин кишварҳо баррасӣ шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидор ва мулоқот бо ҳамтоёни худ изҳори қаноатмандӣ карда, ин вохӯриҳоро таконбахши рушду густариши муносибатҳо маънидод намуданд.
Ҳамин тавр, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати мусоид бо аксари онҳо ба хотири рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби равобити дуҷониба ва ҳам дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфузи олам масоили ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор доданд.


МУЛОҚОТ БО АБДУЛФАТТОҲ АС-СИСӢ
Шоми 20 май дар шаҳри Риёзи мамлакати Арабистони Саудӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ мулоқот намуданд.

Дар суҳбат вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Миср мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз изҳор доштанд, ки мо ба густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ назари нек дорем ва Мисрро яке аз кишварҳои меҳварӣ дар минтақа медонем.
Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ дар рафти мулоқот ба қобилияти сулҳоварию пешвоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода,  аз ҷумла изҳор дошт: "Мо ба шахсият ва талошҳои ибратбахши Шумо эҳтироми хос дорем".
Ҳар ду ҷониб зарурати беш аз пеш фаъол намудани Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмиро таъкид карданд. Бо назардошти захираҳои фаровони обӣ ва гидроэнергетикии Тоҷикистон ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ дар ин соҳа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Бо ёдоварӣ ба зарарҳои ба ҳам монанде, ки ҳар ду кишвар аз терроризму ифротгароӣ, сиёсатҳои дугона ва дахолатҳои хориҷӣ дар таърихи муосири худ  рӯ ба рӯ шудааст, ба табодули маълумоти махсус ва таҷрибаи фаъолияти зиддитеррористии ҳамдигар изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Дар охири суҳбат, ки дар фазои басо гарму дӯстона сурат гирифт, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтои худ Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ даъват намуданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёрад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.


ГУФТУГӮИ СУДМАНД БО САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ БАНГЛАДЕШ
Дар ҳошияи нахустин саммити сарони давлатҳои арабу ислом ва Амрико Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш хонум Шайх Ҳасина Вазед вохӯрданд.
Дар мулоқот ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои судманди байнидавлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Таъкид гардид, ки густариши муносибатҳои дуҷониба бо Бангладеш яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кишварҳои Осиёи Ҷанубиву Шарқӣ ба ҳисоб меравад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар Тоҷикистон тамоми шароит барои фаъолиятҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сайёҳӣ ва сармоягузориҳои мустақим фароҳам буда, дар ин замина доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Бангладеш метавонанд, ки бо ҳамтоёни тоҷики худ робитаҳои мустақим ва судманд барқарор намоянд.
Таъсиси Шӯрои соҳибкорон, Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, корхонаҳои муштараки бофандагӣ ва дӯзандагӣ, коркарди биринҷ, пӯсти хом ва истеҳсоли пӯсти тайёр самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ шуданд.
Хонум Шайх Ҳасина Вазед омодагию ҳавасмандии кишварашро барои тақвияти ҳамгироӣ бо Тоҷикистон дар доираи СММ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ таъкид намуд.
Ҷонибҳо рушди ҳамкорӣ дар соҳаи маорифро низ аз самтҳои ояндадори муносибатҳои байнидавлатӣ арзёбӣ карданд.
Дар идомаи суҳбат масоили тақвияти ҳамбастагии ду давлат дар мубориза ба муқобили терроризму экстремизми байналмилалӣ, гурӯҳҳои ҷинояткори фаромарзӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории мустақими ниҳодҳои амниятӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз хонум Шайх Ҳасина Вазед даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф орад.


ВОХӮРӢ БО САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ЛУБНОН
Нимаи дуюми рӯзи 21 май дар шаҳри Риёз дар ҳошияи нахустин саммити сарони давлатҳои олами арабу ислом ва Амрико Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Лубнон Саад Ҳарирӣ мулоқот доир карданд.
Дар он масоили вусъат додани робитаҳои судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Лубнон баррасӣ шуданд.
Зимни вохӯрӣ, ки хеле самимӣ ҷараён гирифт, ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи ҳамкорӣ дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сайёҳию сармоягузорӣ, инчунин, дигар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судовар, иброз доштанд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти муборизаи муштарак бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва дигар масъалаҳои доғро, ки ба амнияти минтақа ва кишварҳо таҳдид мекунанд, муҳокима карданд.
Дар ҷараёни мулоқот дигар масъалаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд баррасӣ гардиданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2017    №: 102    Мутолиа карданд: 1775
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед