logo

маориф

МАКТАБИ № 53. БОВАРИ КАС НАМЕОЯД?

2 феврал -  яке аз рӯзҳои аз ҳама сарди зимистони имсола  бо мақсади натиҷагирӣ аз рафти маъракаи  зимистонгузаронӣ интихобан аз вазъи қисме аз мактабҳои ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Муъминобод, Восеъ ва шаҳри Кӯлоб дидан намудем. Рафти зимистонгузаронӣ  бад набуд, ба ҷуз аз мактаби рақами 53 - и деҳаи Чордараи  деҳоти  Чӯбеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ.
Боми ҳамаи биноҳои деҳа бо рангҳои дурахшони чашмрас шиферпӯшанд, ба ҷуз боми мактаб. Боми хокпӯшидаю ду ҳуҷраи ба таври бобоӣ сохтаи бесақфу шифти онро дида, бовари кас намеояд, ки ҳамин бинои муассисаи таълимист. Хайрият, деворҳои  синфхонаҳоро рангубор намуда, бо асбобҳои аёнии таълимӣ оро додаанд. Бо муаллим Ҳокимхон Дилбаров пас аз анҷоми дарс ҳамсуҳбат мешавем.
- Ин биноро соли 1986 шуъбаи маорифи ноҳия бо мақсади кушодани мактаби ибтидоӣ аз нафаре  харида буд. Беш аз 30 сол дар ин мактаб директор будам. Ҳоло мактаб аз 2 синфи омехта, 34 хонанда ва 3  омӯзгор иборат аст. Хонандагон баъди хатми синфи 4 барои идомаи таҳсил ба дигар мактабҳои дуру наздик, билхоса ба мактаби деҳаи Чордараи Поёни ноҳияи Восеъ, ки дар  дурии 7 километр қарор дорад,  мераванд. Ба ростӣ, бори аввал мебинам, ки нафаре ба мактаби мо меояду ба ҳолати мавҷудаи он таваҷҷуҳ зоҳир менамояд, - мегӯяд муаллим.
11 май ба хотири ошноӣ ба ҳадди масъулиятшиносию маҳалдории аҳли деҳа, бахусус дарки сатҳи бунёдкории сокинони он, такроран ба деҳа омадам. Деҳа ин навбат саросар сабзу лолапӯш аст, ба ҷуз аз гулу алафҳои бармаҳал хушкидаю хазонгаштаи  рӯи боми мактаб.
- 6 январ ба Вазорати маориф ва илм рафта будам. Ваъда карданд, ки  намояндагон омада бо шароити мактаб аз наздик шинос мешаванд, вале то имрӯз касе наомадааст. Мо метавонем дар сурати  доштани  4 синфхона мактаби ибтидоиро ба муассисаи таҳсилоти асосии умумӣ табдил диҳем, зеро шумораи имрӯзаи хонандагони деҳа, ки дар дигар мактабҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, 120 нафарро ташкил медиҳад. Писару духтари худам бо гурӯҳи дигари хонандагон дар мактаби деҳаи Чордараи Поён машғули таҳсиланд. На ҳама хонандагон, бахусус духтарон, бо сабаби дурии роҳ имкони ба он деҳа рафтанро доранд, аз ин рӯ, қисмате аз духтарон аз таҳсил дур мондаанд. Зарур медонем, ки бори дигар ба қабули вазир рафта, масъаларо ҷиддитар ба миён гузорем, -  иброз дошт сарвари мактаб Моҳинав Авазова.
Се сол пеш сокинони деҳаи ҳамсояи Миршикорони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба чунин мушкилӣ рӯ ба рӯ шуда, масъаларо, бо вуҷуди ҳамагӣ 107 нафар будани шумораи хонандаҳо, ҳал карданд. Имсол хонандаи мактаби деҳаи Миршикорон Ҳикматулло Исматов дар олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ сазовори медали тилло ва ифтихори деҳаю ноҳия гардид. Боварӣ ҳаст, ки баъди  ин эроди холисона ифтихори маҳалдории сокинони  деҳаи Чордара, бавижа соҳибкорон, низ ҷӯш мезанаду роҳи ҳалли масъаларо меёбанд ва  фарзандонашон дар соли хониши нав дар синфхонаҳои барҳавову  замонавӣ ба таълим фаро гирифта мешаванд.
Вале, аҷабо! Ҳисси масъулиятшиносии мутасаддиён куҷост? Наход вазъи ин мактаби барои замони таҳаввулоти технологию илмӣ булъаҷаб виҷдони масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаи маорифи ноҳияро ба сӯзиш намеорад?
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2017    №: 106    Мутолиа карданд: 1832
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед