туризм
САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ – АСОСИ ПЕШРАФТИ ҶАҲОНГАРДӢ
Иқтидори кофии сайёҳии ҳар минтақаи кишвар имкон медиҳад, ки шаҳрвандон аз сайрҳои маърифативу фароғатӣ дар дохили мамлакат таассуроти рангин бардоранд. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам захираҳои сайёҳии кишвар на танҳо барои сайёҳон, балки барои сокинони мамлакат низ кашфношуда боқӣ мондаанд. Бинобар ин, имрӯз сайёҳии дохилӣ мавриди таваҷҷуҳ ва дар ҳоли рушд қарор дорад.
Коршиносон иброз медоранд, ки одатан ҳангоми саёҳат ба хориҷи кишвар шахс аз надонистани забони маҳали сафар ва урфу одатҳои мардуми он мушкилӣ мекашад. Дар туризми дохилӣ бошад, ин мушкилӣ ҷой надорад, зеро шаҳрвандон бо як забон ҳарф зада, аз расму оинҳои ҳамдигар каму беш огаҳанд. Ба андешаи онҳо дигар омили мусоидаткунандаи туризми дохилӣ ин дастрасии нархҳо мебошад. Зеро сафар дар дохили худи мамлакат нисбат ба мамолики хориҷӣ камхарҷтар аст. Ғайр аз ин, тибқи таҳлилҳои пешакии мутахассисон, туризми дохилӣ метавонад имкониятҳои зерини молиявиро фароҳам орад. Аз ҷумла, шахсони воқеиро, бахусус истиқоматкунандагони мавзеъҳои сайёҳиро водор созад, ки ташкили (маблағгузории) хизматҳои мувофиқ ва муносиби сайёҳиро ба роҳ монанд, даромади хуби молиявӣ ба даст оранд ва соҳибкорон барои кушодани пойгоҳҳои истиқоматӣ дар мавзеъҳои сайёҳӣ ҳавасманд гарданд.
Туризми дохилӣ ҳадафҳои гуногуни тахассусӣ дошта метавонад. Масалан, сафар бо мақсади дилхушӣ, вақтгузаронӣ, саёҳати якрӯза ё чандрӯза, сафар ба ҷойи кор ва ғайра аз ҳамин ҷумлаанд. Барои сайёҳи дохилӣ шарт нест, ки вай дар маҳали таъйиншуда 24 соат ё бештар аз он ҳузур дошта бошад, яъне вай метавонад худи ҳамон рӯз ба манзили хеш баргардад. Мувофиқи қоидаҳои дар конгресси байналмилалӣ бахшида ба масъалаҳои туризм, ки Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ моҳи сентябри соли 1980 дар шаҳри Манила доир намуда буд, туристи дохилӣ шахсе маҳсуб меёбад, ки аз маҳали зисти худ бо мақсади тамошои маҳалҳои дигар аз ҳама бештар ба масофаи 50 мил (80-48 км) сафар мекунад. Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ зери унвони «Баъзе назарҳо оид ба туризми дохилӣ» ҳуҷҷатеро ба тасвиб расондааст. Мутобиқи ин ҳуҷҷат ҳамасола 4,8 миллиард нафар дар рӯи ҷаҳон ба саёҳат мебароянд, ки 83 дарсади (наздики 4 миллиард нафар) онро туризми дохилӣ ташкил медиҳад.
Дар Тоҷикистон ҷиҳати рушди сайёҳии дохиливу байналмилалӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар бораи эълон намудани ноҳияҳои Варзоб, Балҷувон ва дараи Ромит қарорҳои махсус ба тасвиб расидаанд. Айни замон ҳудуди 65 дарсади объектҳои санаторию курортӣ навсозӣ ва барқарор шуда, миқдори зиёди объектҳои шахсӣ бунёд ёфтаанд, ки барои ташкил намудани истироҳату фароғати шаҳрвандон мусоид мебошанд.
Тибқи қонунгузории кишвар туризми дохилӣ ҳамчун ташкили саёҳат (тур) дар ҳудуди мамлакат барои шахсоне, ки дар Тоҷикистон истиқомат доранд, муқаррар карда шудааст. Аммо қонуни соҳавӣ асосан муносибатҳоро дар самти ҷалби сайёҳони хориҷӣ танзим менамояд. Бинобар ин, аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ лоиҳаи Қонун «Дар бораи туризми дохилӣ» иборат аз 11 боб ва 67 модда бо фарогирии тамоми муносибатҳои ҳуқуқии танзимӣ дар самти рушди туризми дохилӣ таҳия гардид, ки он айни замон мавриди баррасӣ қарор дорад.
Ба андешаи мутахассисон баъди қабули ин қонун сайёҳии дохилӣ дар Тоҷикистон ривоҷи бештар пайдо мекунад ва ба ин васила вазъи иҷтимоӣ - иқтисодии ҷомеа боз ҳам беҳтар мегардад. Зеро таҷрибаи кишварҳои аз ҷиҳати туристӣ пешрафта собит менамояд, ки саёҳии дохилӣ асоси рушди ҷаҳонгардӣ ба ҳисоб меравад.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.06.2017 №: 109 Мутолиа карданд: 3029