logo

маориф

МАОРИФ. ЧАНД АНДЕША ДАР РОҲИ РУШДИ СОҲА

Бо назардошти вазъи кунунии ҷаҳони муосир мактабу маориф яке аз омилҳои муҳимтарини маърифатнокии ҷомеа гардида, саҳми он дар ҳифзи манфиатҳои миллии кишвар муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро танҳо насли дорои дониш, малака ва маҳорати хуби  касбӣ метавонад дар рушди босуботи иқтисодию сиёсии кишвар саҳми босазо гузорад.
Дар ин раванд бояд ба фаъолияти омӯзгорӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад. Зеро омӯзгор дар меҳвари асосии илму маориф қарор дорад. Сатҳу сифати дониши шогирдон ва тарбияи шоистаи онҳо маҳз аз донишу таҷриба ва малакаву маҳорати касбии омӯзгор вобаста аст. Аз ин рӯ, омӯзгор бояд дар ҷараёни таълиму тарбияи насли наврас аз донишу таҷрибаи андӯхтаи хеш босамар истифода намуда, дар раванди он ба хатогӣ ва хунукназарӣ роҳ надиҳад. Дар ин самт ба таври мунтазам ба роҳ мондани курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии онҳо  бо истифода аз технологияҳои муосир, усулҳои замонавии таълимӣ ва истифодаи самараноки онҳо дар рафти таълиму тарбия амри зарурӣ мебошад.
Ҳамчунин, пешрафти кишвар ба сатҳи фаъолият ва дараҷаи тарбияи кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, махсусан, аз рӯи равияҳои табиию риёзӣ ва техникӣ, ки барои ҷомеаи имрӯза хеле зарур мебошанд, вобастагии калон дорад. Ба ин хотир, роҳнамоии дурусти насли наврас дар мавриди интихоби касб зарур мебошад.
Баъдан, муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро лозим аст, ки истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро дар ҷараёни таълим ба роҳ монда, дар ин самт аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта ибрат бигиранд. Нақшаву барномаҳои таълимиро ба талаботи муосири таҳсилот мутобиқ гардондан низ хеле муҳим мебошад. Бинобар ин, дар радифи ташкили забономӯзии ҷавонон, бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони мактабҳои олии кишвар, ҷалби донишҷӯён ба маҳфилҳои илмӣ, озмуну олимпиадаҳо, таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва корҳои озмоишӣ мунтазам тадбирҳо андешида шаванд.
Баробари вусъат бахшидани раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба дуруст роҳандозӣ кардани масоили марбут ба тарбия, хусусан, ҷиҳати бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз таърихи миллӣ, инсонпарварӣ, худогоҳӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ таваҷҷуҳи бештарро тақозо менамоянд.
Ҳамзамон, мустаҳкам намудани робитаи байни хонаводаю муассисаҳои таҳсилотӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» масъалаи ҳалталаби замон мебошад.
Инкишофи илм дар баробари маориф ва фарҳанг самти дигари афзалиятноки стратегияи рушди миллиро ташкил медиҳад. Ба ин хотир, бо истифода аз имкониятҳое, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам овардааст, пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳоро зарур аст, ки бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтирооти нав, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ саҳми фаъоли хешро гузоранд. Аз ҷумла, муассисаҳои Академияи илмҳоро зарур аст, ки  ҷиҳати тарбияи кадрҳои ҷавон ва ба корҳои илмӣ ҷалб кардани онҳо таваҷҷуҳи  бештар зоҳир намоянд. Дар ин бахш яке аз вазифаҳои муҳими олимони кишвар аз ҷумла, ҷомеашиносон, аз он иборат аст, ки вобаста ба равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ки ба мафкураи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд, роҳҳои дуруст ва манфиатбахши мубориза бо онҳоро пешниҳод намоянд.
Заррина ДИНОРШОЕВА,
доктори илмҳои фалсафа, профессор,
Илҳом ҚУРБОНШОЕВ,
ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносии ДТТ ба номи М. ОСИМӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.06.2017    №: 109    Мутолиа карданд: 1480
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед