қонунҳои ҶТ
КОДЕКСИ ТАНДУРУСТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Кодекси мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи тандурустӣ ба танзим дароварда, ба татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ва ҳифзи саломатӣ равона карда шудааст.
ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Кодекси мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- аккредитатсия дар соҳаи тандурустӣ – расмиёти эътирофшудаи ваколати муассисаҳои тандурустӣ оид ба амалӣ намудани фаъолияти муайяни тиббӣ;
- амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ – вазъи саломатии аҳолӣ ва муҳити зисти одамон, ки тавассути он таъсири зарарноки омилҳои муҳити зист ба инсон вуҷуд надорад ва шароити мусоиди фаъолияти ӯ таъмин карда мешавад;
- амалияи хусусии тиббӣ – фаъолият оид ба расонидани кумаки тиббӣ аз ҷониби шахсони дорои таҳсилоти миёна ва олии касбии тиббӣ мутобиқи ихтисосашон, дар асоси иҷозатномае, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст;
- аттестатсияи кормандони соҳаи тандурустӣ – раванди муайян намудани сатҳи касбият, салоҳияти касбӣ, сатҳи дониш ва маҳорату малакаи амалии корманд;
- афканишоти иондор – афканишоте, ки ҳангоми таҷзияи радиоактивӣ, табдилёбии ҳастаӣ, боздории зарраҳои заряддоршудаи дар модда ба вуҷудомада, ҳангоми таъсири мутақобила бо муҳит ионҳои аломатҳои гуногундоштаро ба миён меоранд;
- банақшагирии оила – қобилияти шахсони алоҳида ва ҷуфтҳое, ки таваллуди шумораи муайяни фарзандонро бо риояи фосилаи байни таваллуд пешбинӣ менамоянд ва ноил мегарданд;
- бархӯрди манфиатҳо – ҳолате, ки дар он манфиати шахсии кормандони тиббию фарматсевтӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти кориашон бо мақсади гирифтани фоида тавассути ширкатҳои фарматсевтӣ ва ё намояндагии онҳо метавонад боиси бевиҷдонона иҷро гардидани фаъолиятҳои касбии мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва бар хилофи манфиатҳои бемор гардад;
- барқарорсозии тиббию иҷтимоӣ – барқарорсозии саломатии беморон бо истифодабарии маҷмӯи чорабиниҳои тиббӣ, иҷтимоӣ ва меҳнатӣ, барои ҷалби беморон ба меҳнат, ҳамроҳшавӣ ба ҳаёти оилавӣ ва ҷамъиятӣ;
- бемориҳои наркологӣ – вайроншавии солимии рӯҳӣ ва соматикӣ, ки ба истеъмоли ғайритиббии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва ба онҳо баробаркардашуда, машруботи спиртӣ вобаста буда, оқибати он ташаккул ёфтани вобастагии рӯҳӣ аз моддаҳои номбаршуда ва таназзули иҷтимоӣ мебошад;
- бемориҳои сироятӣ – бемориҳои сироятии инсон, ки пайдоиш ва паҳншавии онҳо ба таъсири омилҳои биологии муҳити зист ба инсон (барангезандаи бемориҳои сироятӣ) ва имконоти гузариши чунин бемориҳо аз инсону ҳайвони бемор ба инсони солим вобастагӣ дорад;
- бемориҳои оммавии ғайрисироятӣ – бемории инсон, ки пайдоиши он ба таъсири омилҳои ҷисмонӣ, кимиёвӣ ва ё иҷтимоии муҳити зист вобаста аст;
- бемории касбӣ – беморие, ки ба он корманд бар асари таъсири омилҳои хатарнок ё зараровари истеҳсолӣ гирифтор шудааст;
- бемориҳои паразитарӣ – ҳолати сироятёбӣ бо соддатаринҳо ё сироятёбӣ аз кирмҳо, ки дар натиҷаи он шаклҳои гуногуни ҷараёни сироятӣ инкишоф меёбанд;
- бемории сил – бемории сироятие, ки барангезандааш гурӯҳи микобактерияҳои сил буда, асосан бо қатраҳои оби даҳон ва нафас паҳн мешавад;
- бемории пайдошудаи норасоии масуният – давраи интиҳои сироятёбӣ, ки онро вируси норасоии масунияти одам боис шудааст;
- безуриётӣ – надоштани қобилияти наслофарӣ;
- бофта – силсилаи ҳуҷайраҳо ва маҳсули онҳо (моддаҳои байни ҳуҷайравӣ), ки аз ҷиҳати умумияти сохт, фаъолият ва инкишофи худ муттаҳид шудаанд (бофтаи рӯйпӯшкунанда, хун, зулола (лимфа), пайвасткунандаи аслӣ, тағояк, устухон, мушак, асаб);
- вируси норасоии масунияти одам – вирусе, ки ҳолати норасоии масуниятро дар организми одам ба вуҷуд меорад;
- воситаҳои худназораткунӣ – тести ташхисӣ ва асбобҳое, ки имконияти мустақилона муайянкунии сатҳи глюкозаро дар хун таъмин менамоянд;
- воситаҳои зидди ҳомиладорӣ – ҳама гуна воситае, ки қобилияти пешгирии ҳомиладоршавиро дорад;
- воситаҳои нашъадор – маводи сунъӣ ё табиӣ, шакли дорувории онҳо, инчунин растаниҳое, ки дар конвенсияҳои байналмилалии дахлдор ва Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо (минбаъд - Рӯйхати миллӣ) гурӯҳбандӣ шудаанд;
- гурӯҳҳои махсуси аҳолӣ бо хатари бештари сироятёбӣ аз вируси норасоии масунияти одам – шахсоне, ки метавонанд бо сарчашмаи вируси норасоии масунияти одам алоқа дошта, ҳамчунин дар инкишофи эпидемия ва чораҳои ҷавобӣ нақши асосӣ бозанд, аз ҷумла шахсони алоқаи ҷинсии ҳамҷинсона дошта, шахсони фоҳиша ва шахсоне, ки маводи нашъаоварро бо усули тазриқ истеъмол мекунанд;
- гурӯҳи зери хатар – шахсоне, ки хатари бештар гирифтор шуданро ба бемории сил доранд, аз ҷумла: атрофиёни бемор, муҳоҷирони меҳнатӣ, гирифторони вируси норасоии масунияти одам, занҳои фосилаи муҳлати таваллудро риоя накунанда, кӯдакони бо ваксинаи батсиллаи Калметте -Жерен эмнашуда, маҳбусон, беморони гирифтори диабети қанд ва газаки музмини шушҳо;
- гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ – гурӯҳи аҳолие, ки барои онҳо бо сабаби таъсири шароити номусоиди оилавӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва меҳнатӣ хатари сироят ёфтан аз вируси норасоии масунияти одам зиёд мегардад, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, маҳбусон, кӯдакони бесаробон, ҷавонони бемори дорои нишонаи бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сирояткунанда, шарикони ҷинсии шахсоне, ки воситаҳои нашъадорро бо усули тазриқ истеъмол мекунанд;
- гигиена – илме, ки таъсири муҳити зистро ба организми инсон бо мақсади муносиб гардонидани таъсири мусбат ва пешгирии таъсири манфӣ меомӯзад;
- ғизои кӯдакони ширмак – ғизои омехтаи кӯдакон ё ғизои дигари барои кӯдакони ширмак муносиб, ғизои омехта барои кӯдакони ширмаки синну соли нисбатан калонтар;
- ғизои иловагӣ – ғизое, ки ҳамчун ғизои иловагӣ ба шири модар, ба ғизои омехтаи кӯдакон ё ба ғизои омехтаи кӯдакони ширмаки синну соли нисбатан калонтар муносиб мебошад ё ба сифати ғизои мувофиқ пешниҳод карда мешавад;
- ғизои таъйинотӣ – ғизо барои кӯдакони ширмак, ки тавассути воситаҳои махсус, шишачаҳои ширмаконӣ (шишачаҳои ширдӯшӣ), маккаку пистонак дода мешавад;
- ғизои омехтаи кӯдакон – ғизои ширӣ ё ширмонанди ҳайвонот ё наботот, ки мутобиқи стандартҳои давлатӣ ё байналмилалии озуқа дар саноат истеҳсол гардида, онро Комиссияи байналмилалӣ оид ба стандартҳои озуқа барои қонеъ гардонидани талаботи кӯдакон ба ғизо аз давраи таваллуд то шаш моҳи аввали ҳаёти онҳо тасдиқ кардааст;
- ғизои омехтаи кӯдакони ширмаки синну соли нисбатан калонтар – ғизои ширӣ ё маҳсулоти ширмонанди ҳайвонот ё наботот, ки мутобиқи стандартҳои давлатӣ ё байналмилалии озуқа дар саноат истеҳсол гардида, онро Комиссияи байналмилалӣ оид ба стандартҳои озуқа тасдиқ кардааст ва ҳамчун ғизои мувофиқ барои кӯдакони ширмаки аз шашмоҳа калон ва кӯдакони хурдсол пешниҳод мешавад;
- ғизодиҳии табиӣ (синамаконӣ) – ғизодиҳии табиии кӯдакони ширмак (тифлон) ва кӯдакони хурдсол;
- дезинсексия – нобуд кардани канаҳои буғумпо, ки интиқолдиҳандагони барангезандаҳои бемориҳои сироятӣ мебошанд, инчунин дигар намуди ҳашароти дорои аҳамияти санитарию гигиенӣ, ки ба меҳнат ва фароғати одамон халал мерасонанд;
- дератизатсия – нобуд кардани хояндагон – интиқолдиҳандагони бемориҳои сироятӣ бо мақсади аз онҳо ҳифз намудани ҳосил, маводи озуқа ва молу мулк;
- дезинфексия – нобуд кардани барангезандагони бемориҳои сироятӣ ва паразитарӣ дар иншооти муҳити зист;
- диабети қанд – бемории музмине, ки ба он баландшавии сатҳи глюкозаи хун бар асари норасоии инсулин хос аст;
- донори хун – шахсе, ки бо хоҳиши худ аз муоинаи тиббӣ гузашта, хун ва ё ҷузъҳои онро месупорад;
- донорҳои фаъоли хун – шахсоне, ки ба муассисаи хадамоти хунгирӣ муроҷиат намуда, мунтазам (на камтар аз 3 маротиба дар як сол) хун ва ҷузъҳои онро ба таври пулакӣ ё ройгон (барои хуни супоридаашон ҷуброни пулӣ мегиранд ё ҳеҷ гуна фоидаи моддӣ намегиранд) месупоранд;
- донор – шахсе, ки ягон узв ва ё бофтаи худро барои пайвандсозӣ ба шахси дигар (ретсипиент) ихтиёран медиҳад;
- донорҳои эҳтиётии хун – шахсоне, ки ба таври муташаккилона ба донорӣ ҷалб мешаванд ва ё ба таври инфиродӣ хун ва ҷузъҳои онро номунтазам, на бештар аз 2 маротиба дар як сол месупоранд (барои хуни супоридаашон музд намегиранд);
- донорҳои қарордодии хун – шахсоне, ки бо муассисаи хадамоти хунгирӣ оид ба супоридани хун ва ҷузъҳои он шартнома (қарордод) мебанданд;
- заҳрмандӣ – беморие, ки аз заҳролудшавии музмини организм дар натиҷаи суиистеъмоли маводи доруворӣ ва моддаҳои дигари ба воситаҳои нашъадор мансубнабуда ба вуҷуд омада, хусусияти вобастагии рӯҳӣ ва ҷисмонӣ аз онҳо дорад;
- ивазкунандаи шири модар – ҳама гуна ғизои кӯдаконаи ба фурӯш баровардашуда ё ба тарзи дигар пешниҳодшаванда, ки шири модарро қисман ё пурра иваз менамояд;
- инъоми анатомӣ – хайрияи ихтиёрии бофтаҳо ва узвҳои шаҳрванд тавассути додани васиятнома;
- карантин – чорабиниҳои маъмурӣ, тиббию санитарӣ, байторӣ ва дигар тадбирҳое, ки ба пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ нигаронида шуда, низоми махсуси хоҷагидорӣ, дигар навъи фаъолият, маҳдудсозии ҳаракати аҳолӣ, воситаҳои нақлиёт, бор, мол ва ҳайвонотро пешбинӣ менамояд;
- кӯдакони ширмак (тифлон) – кӯдакони то 12 моҳа;
- кӯдакони хурдсол – кӯдакони аз 1 то 3 сола;
- кӯдаки маъюб – шахси маъюби то 18 сола;
- кумаки тиббӣ – тадбирҳои пешгирию ташхиси бемориҳо, заҳролудшавӣ, ҷароҳат, табобат ва барқарорсозии саломатии беморон, назорати ҳомиладорӣ, кумаки момодоягӣ ва назорати давраи баъди таваллуд;
- кумаки паллиативӣ – шакли расонидани кумаки тиббӣ ба шахсони дорои бемориҳои табобатнашаванда бо мақсади сабук гардонидани вазъи саломатии онҳо;
- кумаки аввалияи тиббию санитарӣ – сатҳи хизматрасонии тиббӣ, ки дар он робитаи нахустини шаҳрвандони солим ва бемор бо табибон ба вуқӯъ меояд;
- кумаки тиббии рӯҳӣ – пешгирӣ намудани бемориҳои рӯҳӣ, муоинаи солимии рӯҳии шаҳрвандон, назорати диспансерӣ, ташхиси носолимии рӯҳӣ, табобат, нигоҳубин, барқарорсозии тиббӣ ва иҷтимоии шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ;
- кумаки зидди бемории сил – маҷмӯи чорабиниҳои иҷтимоӣ, тиббӣ, санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, ки барои ошкор, ташхис ва табобат кардан, аз ҷумла ташхису табобати ҳатмӣ, назорати диспансерӣ ва тавонбахшии беморони гирифтори бемории сил, ки дар беморхона ва (ё) дармонгоҳ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, равона карда шудаанд;
- кумаки наркологӣ – маҷмӯи чорабиниҳо иборат аз пешгирӣ, назорати диспансерӣ, ташхис, табобат, нигоҳубин ва барқарорсозии тиббию иҷтимоии бемориҳои наркологӣ;
- қоида ва меъёрҳои давлатии санитарию эпидемиологӣ – санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки талаботи санитарию эпидемиологиро (аз ҷумла меъёрҳои бехатарӣ ё безарарии омилҳои муҳити зист барои инсон, гигиенӣ ва дигар меъёрҳоро) муайян менамоянд ва риоя накардани онҳо метавонад ба ҳаёти инсон, инчунин барои пайдо шудан ва паҳншавии беморӣ таҳдид намояд;
- қоидаҳои фитосанитарӣ – маҷмӯи ҳуҷҷатҳои меъёрии илман асоснокшуда, ки талаботро нисбат ба ҳолати замин, ҷангал ва растаниҳо, инчунин теъдоди зараррасонҳои растаниҳо, паҳншавии бемории растаниҳо ва миқдори алафҳои бегона муқаррар менамояд;
- қобилияти наслдиҳӣ (фертилӣ) – шумораи миёнаи кӯдакон, ки зан метавонад дар давоми синну соли репродуктивӣ таваллуд кунад;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ – мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ мекунад ва ба раванди ташхис, пешгирӣ ва табобат дар ташкилотҳои соҳаи тандурустӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ назорат ва роҳбарӣ менамояд;
- маводи пайвандсозӣ – узв ё бофта, ки барои пайвандсозӣ истифода бурда мешаванд;
- марги мағзи сар – пурра ва бебозгашт қатъ гардидани ҳама вазифаҳои мағзи сар, ки дар ҳолати кор кардани дил ва таҳвияи сунъии шуш ба қайд гирифта шудааст;
- маъюб – шахсе, ки дар натиҷаи нуқсёбии саломатӣ бо коҳиши устувори вазифаҳои организм аз беморӣ, ҷароҳат, иллати ҷисмонӣ ва зеҳнӣ боиси маҳдуд шудани фаъолияти ҳаётӣ гардидааст ва ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз дорад;
- маъюбӣ – дараҷаи маҳдудияти фаъолияти ҳаётии инсон дар натиҷаи нуқсёбии саломатӣ бо коҳиши устувори вазифаҳои организм;
- махфият – маҳрамияти нигоҳ доштани далели ба муассисаи тиббӣ ташриф овардан, вазъи саломатӣ ва маълумоти дар бораи шахсият гирифташуда;
- машварати табибон (консилиум) – машварати гурӯҳи табибон барои муайян намудани вазъи вазнини саломатии бемор, ташхиси беморӣ, муайян намудани усулҳои табобат ва лаҳзаи марг;
- майзадагӣ – бемории наркологӣ, ки хусусияти истеъмоли давомдори машруботи спиртӣ дошта, бо зуҳуроти вобастагии рӯҳӣ ва биологӣ аз машруботи спиртӣ, тағйирёбии таъсири он, пайдоиш ва инкишофи таназзули рӯҳӣ ва соматикии машруботи спиртӣ сурат мегирад;
- меъёрҳои гигиенӣ – тавассути тадқиқот муқаррар намудани нишондиҳандаҳои имконпазири ниҳоӣ ё ҳадди ақали теъдодӣ ва (ё) сифатие, ки омили муҳити зистро аз нигоҳи бехатарӣ ва (ё) безарарӣ ба инсон тасниф мекунад;
- моддаҳои психотропӣ – маводи сунъӣ ё табиӣ, шакли дорувории онҳо, ки дар конвенсияҳои байналмилалии дахлдор ва Рӯйхати миллӣ гурӯҳбандӣ шудаанд;
- муассисаи тиббӣ – шахси ҳуқуқие, ки новобаста аз шакли моликият бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешгирӣ, ташхис, табобат ва барқарорсозии саломатии аҳолӣ машғул мебошад;
- маводҳои дорувории тибби халқӣ – маводи аз наботот, ҳайвонот, маъданҳо ва дигар маводи барои пешгирӣ, ташхис, табобат ва солимгардонӣ истифодашаванда, ки ба фасли махсуси Феҳристи давлатии дорувории Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд;
- муомилоти ғизои кӯдакон – фаъолияти мақомоти давлатӣ, инчунин корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, ки ғизои таъйинотиро истеҳсол ва коркард менамоянд, нигоҳ медоранд, интиқол медиҳанд, мефиристанд, мефурӯшанд, тақсим мекунанд, нобуд месозанд, воридоту содирот менамоянд;
- муҳити зисти инсон – маҷмӯи иншоот, зуҳурот ва омилҳои муҳити зист (табиӣ ва сунъӣ), ки шароити фаъолияти ҳаёти инсонро муайян менамоянд;
- муассисаҳои бемориҳои рӯҳӣ – беморхонаҳои рӯҳӣ ва рӯҳу асаб, марказҳои бемориҳои рӯҳӣ ва рӯҳу асаб, ҳуҷраи табиби бемориҳои рӯҳии марказҳои саломатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки дар ҳамкории зич бо шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба шахсони гирифтори бемории рӯҳӣ кумаки тиббии махсусгардонидашударо мерасонанд;
- муҳофизати санитарии ҳудуд – маҷмӯи чорабиниҳое, ки барои пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии барангезандагони бемориҳои карантинӣ ва дигар бемориҳои сироятӣ ба ҳудуди кишвар, ки аз ҷониби хадамоти сарҳадӣ, муассисаҳои маҳаллии тиббӣ ва хадамоти санитарию эпидемиологӣ анҷом дода мешаванд;
- муассисаи хусусии тиббӣ – муассисаи тиббие, ки молу мулки он аз моликияти хусусӣ ё моликияте, ки дар асоси шартномаи иҷора истифода мешавад, иборат аст;
- мутахассисони тибби оилавӣ – табиби оилавӣ ва ҳамшираи шафқати тибби оилавӣ;
- муассисаҳои наркологӣ – беморхонаҳо ва марказҳои наркологӣ, шуъбаҳои тавонбахшӣ ё марказҳо барои расонидани тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ ба беморони наркологӣ, ҳуҷраҳои наркологӣ дар марказҳои саломатии ноҳиявӣ ва шаҳрӣ, ки дар ҳамкории зич бо хадамоти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, кумаки тиббии махсусгардонидашударо ба шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ мерасонанд;
- носолимии (бемории) рӯҳӣ – вайрон шудани фаъолияти муътадили рӯҳии инсон, ки дар пастшавии қобилияти ақлӣ ва тағйирёбии возеҳи тафаккур ифода меёбад;
- назорати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ – маҷмӯи чорабиниҳое, ки ба санҷиши риоя ва иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин ба огоҳонидан, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи тандурустӣ равона гардидаанд;
- нашъамандӣ - беморие, ки аз заҳролудшавии музмини организм дар натиҷаи суиистеъмоли воситаҳои нашъадор, ки дар конвенсияҳои байналмилалии дахлдор ва Рӯйхати миллӣ гурӯҳбандӣ шудаанд, ба вуҷуд омада, хусусияти вобастагии рӯҳӣ ва ҷисмонӣ аз онҳо дорад;
- омилҳои муҳити зист - омилҳои биологӣ (заррамавҷудотҳо, соддатаринҳо, бактерияҳо, паразитҳо, замбуруғҳо, моддаҳои сафедадор ва вирусҳо), кимиёвӣ ва ҷисмонӣ (садо, ларзиш, ултрасадо, инфрасадо, афканишоти гармӣ, ионикунанда, ғайриионикунанда ва дигар афканишот), иҷтимоӣ (ғизо, таъминоти об, шароити маишӣ, меҳнат, истироҳат) ва дигар омилҳои муҳити зист, ки ба инсон ва (ё) вазъи саломатии насли оянда таъсир мерасонанд ё метавонанд таъсир расонанд;
- пайвандсозӣ – пайванд сохтани узвҳо ё бофтаҳо бо мақсади пайваст кардани онҳо дар дохили як организм (аутотрансплантатсия) ё аз як организм ба организми дигар (гомотрансплантатсия) пайванд намудан бо мақсади наҷот додани ҳаёти инсон ё барқарорсозии фаъолияти организми ӯ;
- пешгирӣ – маҷмӯи чорабиниҳои тиббӣ ва ғайритиббие, ки пешгирӣ аз пайдошавии беморӣ, авҷгирӣ дар марҳилаи аввали беморӣ ва назорати оризаҳои бавуҷудомада, зарар дидани узвҳо ва бофтаҳоро дар бар мегиранд;
- ретсипиент – шахсе, ки бо мақсади табобат ба ӯ ягон узв ё бофтаи дигари инсон ё организм (донор) пайванд карда мешавад;
- саломатӣ – ҳолати беҳбудии пурраи ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва иҷтимоӣ, набудани беморӣ ва нуқсонҳои ҷисмонӣ;
- сирояти вируси норасоии масунияти одам – бемории музмине, ки сабабгори он вируси норасоии масунияти одам аст;
- синну соли репродуктивӣ – синну соли қобили таваллуд (15 – 49 солагӣ);
- солимии репродуктивӣ – ҳолати беҳбудии комили ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва иҷтимоӣ вобаста ба ҳамаи масъалаҳое, ки ба узвҳои репродуктивӣ ва қобилияту ҷараёни он алоқаманданд;
- субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ – муассисаҳои хусусии тиббӣ ва шахсони воқеии ба амалияи хусусии тиббӣ машғулбуда, ки фаъолияти хусусии тиббиро амалӣ мегардонанд;
- тақвими миллии эмкунӣ – санаде, ки муҳлат ва тартиби эмкунии пешгирикунандаи шаҳрвандонро аз бемориҳои сироятӣ муқаррар менамояд;
- табобати маҷбурӣ – табобате, ки дар асоси аризаи шахс, коллективҳои меҳнатӣ, ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ ё бо ташаббуси мақомоти корҳои дохилӣ тибқи муқаррароти Кодекси мазкур дар асоси хулосаи комиссияи мақомоти ваколатдори тандурустӣ, бо қарори суд дар шуъбаҳои махсусгардонидашудаи муассисаҳои тиббӣ ва бо реҷаи муқарраршудаи нигоҳ доштан ва табобати меҳнатӣ гузаронида мешавад;
- табиби оилавӣ – мутахассиси дорои таҳсилоти олии касбии тиббӣ ё аз рӯи ихтисоси «тибби оилавӣ» бозомӯзонидашуда, ки ҳуҷҷати тасдиқкунанда (диплом ва ё сертификат) дорад;
- табиби халқӣ – шахсе, ки шаҳодатномаи табиби халқӣ дошта, солимгардонии аҳолӣ, пешгирӣ, ташхис ва табобатро бо усул ва маводҳои дорувории тибби халқӣ амалӣ мегардонад;
- тандурустӣ – низоми тадбирҳои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва тиббӣ дошта, ки ба пешгирӣ ва табобати бемориҳо, нигоҳдории гигиенӣ ва санитарии ҷамъиятӣ, нигоҳдорӣ ва таҳкими солимии ҷисмонӣ ва рӯҳии инсон, инчунин нигоҳдории ҳаёти фаъоли дарозумрӣ ва расонидани кумаки тиббӣ ба ӯ дар ҳолати аз даст додани солимӣ равона карда шудааст;
- ташкилотҳои зидди бемории сил – ташкилотҳои тиббие, ки кумаки зидди бемории силро мерасонанд ва пешгирии онро анҷом медиҳанд, аз ҷумла ташкилотҳои махсуси зидди бемории сил, шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, муассисаҳои зидди бемории сили низоми корҳои ислоҳӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии миёна, олӣ ва баъдидипломии тиббии дорои сохторҳои дахлдор, муассисаҳои санитарию эпидемиологӣ ва байторӣ;
- тибби оилавӣ – самти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ҷиҳати расонидани кумаки бисёрсоҳавии аввалиндараҷа ба аҳолӣ аз ҷониби мутахассисони тибби оилавӣ бо мақсади пешгирию табобати бемориҳо дар ҳолатҳои таъхирнопазир;
- тибби халқӣ – бахши соҳаи тандурустӣ, ки дар он усулҳои солимгардонии аҳолӣ, пешгирии бемориҳо, ташхис ва табобат ба дониш, малака ва таҷрибаи аз давраҳои қадим бадастомада асос ёфта, бо анъанаҳои халқӣ муқарраргардида, истифода мешаванд;
- узв – ҷузъи бадан, ки сохти муайян ва таъйиноти махсус дорад (дил, гурда, ҷигар, шуш, ғадуди зери меъда, устухонҳо, мағзпардаи сахти сар ва шоҳпардаи чашм);
- фаъолияти хусусии тиббӣ – фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба расонидани кумак ва хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тибқи шартнома, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- хизматрасонии тиббӣ – кумаки тиббие, ки аз рӯи намуди муайяни беморӣ ва дар ҳаҷми муайян расонида мешавад;
- хуни донорӣ – хуне, ки аз донор гирифта шуда, бо мақсади истифодабарӣ дар табобати беморон, коркарди ҷузъҳои хун, тайёр намудани доруворӣ ва истифодаи онҳо бо мақсади илмию тадқиқотӣ равона мегардад;
- хулосаи санитарию эпидемиологӣ – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мутобиқати (номутобиқатии) омилҳои муҳити зист, фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият, мол, кор, хизматрасонӣ, инчунин лоиҳаи санадҳои меъёрӣ, лоиҳаҳои сохтмони иншоот, ҳуҷҷатгузории истифодабарӣ ба қоида ва меъёрҳои давлатии санитарию эпидемиологӣ;
- ҳомиладоркунии сунъӣ – ҳомиладоркунии тухмҳуҷайра берун аз бадан ва кӯчонидани ҷанини тақсимшудаистода ба ковокии бачадон;
- ҳуқуқи репродуктивӣ – ҳуқуқи шаҳрвандон оид ба ҳифзи солимии репродуктивӣ ва озодии қабули қарор вобаста ба таваллуди кӯдак ё даст кашидан аз он, инчунин истифодаи кумаки тиббию иҷтимоӣ, иттилоотӣ ва машваратӣ дар ин соҳа;
- чорабиниҳои санитарию зиддиэпидемикӣ – чорабиниҳои ташкилӣ, маъмурӣ, муҳандисию техникӣ, тиббию санитарӣ, байторӣ ва дигар чорабиниҳое, ки барои бартараф ё кам кардани таъсири зараровари муҳити зист ба инсон, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва бемориҳои оммавии ғайрисироятӣ нигаронида шудаанд;
- шакли фаъоли бемории сил – шакли бемории сил, ки нишонаҳои фаъоли он дар натиҷаи гузаронидани тадқиқоти клиникӣ, озмоишгоҳӣ, рентгенелогӣ, генетикӣ, бактериологӣ, ситологӣ, гистологӣ, лапораскопӣ ва бронхоскопӣ муқаррар гардидааст;
- шакли гузарандаи бемории сил – шакли беморие, ки бо сабаби хориҷ намудани микробактерияҳои сил ба муҳити атроф хатар дорад;
- шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам – шахсоне, ки гирифтори вируси норасоии масунияти одам шудаанд (шахсони ҳомили вируси норасоии масунияти одам ва мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният);
- шахсони мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният – шахсони дорои зуҳуроти клиникии беморӣ, ки барои онҳо иллатнокии амиқи низоми масуният аз таъсири вируси норасоии масунияти одам хос аст;
- шароити мусоиди фаъолияти ҳаёт – ҳолати муҳити зисте, ки дар он хатари таъсири зараровари омилҳои муҳити зист ба инсон (шароити безарар) ҷой надорад ва имконияти барқарорсозии фаъолияти вайроншудаи узвҳои инсон вуҷуд дорад;
- шаҳодатномаи табиби халқӣ – ҳуҷҷат оид ба сатҳи таҳсилот, тахассус ва такмили ихтисос, ки аз тарафи муассисаҳои таҳсилоти тиббӣ, инчунин ташкилотҳои соҳаи тандурустӣ дода мешавад;
- эпидемия – дараҷаи шиддатнокии ҷараёни эпидемикие, ки мубталои оммавии аҳолӣ ё гурӯҳҳои алоҳидаи онро ба бемориҳои сироятӣ инъикос намуда, аз сатҳи бемориҳои маъмулан дар ин ҳудуд қайдшаванда ба таври назаррас бештар мебошад;
- эмкунии пешгирикунанда – ба организми инсон гузаронидани дорувории иммунобиологӣ бо мақсади тобовар гардонидани он ба бемориҳои сироятӣ;
- экспертизаи сифати хизматрасониҳои тиббӣ – маҷмӯи чорабиниҳои ташкилӣ, таҳлилӣ ва амалӣ, ки барои баровардани хулосаи мутобиқати сатҳи сифати хизматрасонии тиббии расонидашуда тибқи стандартҳои дар соҳаи тандурустӣ тасдиқшуда, амалӣ карда мешаванд;
- экспертизаи санитарию эпидемиологӣ – фаъолият оид ба муайян намудани мутобиқати (номутобиқатии) ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, иншооти фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият, маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ ба қоида ва меъёрҳои давлатии санитарию эпидемиологӣ.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тандурустӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тандурустӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
БОБИ 2. ТАНЗИМ ВА ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ
ДАР СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Моддаи 3. Принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандон барои гирифтани кумаки тиббии бехатар, самарабахш ва сифатнок;
- ҷавобгарии якҷояи давлат, корфармоён ва шаҳрвандон ҷиҳати нигоҳдорӣ ва таҳкими саломатии инфиродӣ ва ҷамъиятӣ;
- таъмини ҳаҷми кафолатноки кумаки ройгони тиббӣ;
- ҳифзи солимии модару кӯдак;
- афзалиятнок будани самти пешгирӣ дар фаъолияти низоми тандурустӣ;
- дастрас будани кумаки тиббӣ;
- мунтазам баланд бардоштани сифати кумаки тиббӣ;
- таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ;
- васеъ намудани имкониятҳои ҷомеа оид ба масъалаҳои ҳифзи саломатӣ;
- пайдарпайии фаъолияти ташкилотҳои тандурустӣ дар хизматрасонии тиббӣ;
- таъмини муттасилӣ ва пайдарҳамии таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ бо истифода аз технологияҳои замонавии таълим;
- дастгирии давлатии илми тибби ватанӣ, ҷорӣ намудани дастовардҳои пешқадами илмӣ, техникӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ дар соҳаи тандурустӣ;
- ҳавасмандгардонии донории ройгони ихтиёрӣ;
- дастгирии давлатӣ оид ба таҳия ва рушди рақобатпазирии саноати тиббӣ ва фарматсевтии ватанӣ;
- иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ;
- самтнокии иҷтимоии тандурустӣ, ки ба қонеъ гардонидани талаботу эҳтиёҷоти аҳолӣ ва беҳтар намудани сифати зиндагӣ равона карда шудааст;
- мусоидат дар ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ғизои солим;
- алоқамандии саломатии аҳолӣ, бехатарӣ, самарабахшӣ ва сифати маводи доруворӣ ба омилҳои таъмини амнияти миллӣ.
Моддаи 4. Танзими давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ
1. Танзими давлатиро дар соҳаи тандурустӣ инҳо амалӣ менамоянд:
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ;
- мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти тиббӣ;
- мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ;
- мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ;
- мақоми ваколатдори давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ;
- мақомоти дигари иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.
2. Танзими давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- назорати давлатии фаъолияти тиббӣ, фарматсевтӣ ва таъмини бехатарии санитарию эпидемиологӣ;
- иҷозатномадиҳӣ ва додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои машғул шудан ба фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ;
- аккредитатсия ва аттестатсия дар соҳаи тандурустӣ;
- бақайдгирии давлатӣ, азнавбақайдгирии маводи доруворию молҳои тиббӣ ва намудҳои алоҳидаи маҳсулот ва моддаҳое, ки ба саломатии инсон таъсири зарарнок мерасонанд;
- тасдиқи мутобиқати мол (кор ва хизматрасонӣ) дар соҳаи тандурустӣ ба талаботе, ки бо дастури техникӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба стандартизатсия ва шартҳои шартномаҳо муқаррар гардидаанд;
- танзими давлатии арзиши хизматрасониҳои тиббӣ, маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ.
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ салоҳияти зеринро дорад:
- пешбурди сиёсати давлатиро дар соҳаи тандурустӣ таъмин менамояд;
- сохтори мақомоти идоракунии давлатии низоми тандурустӣ, тартиби ташкил ва фаъолияти онҳоро муқаррар менамояд;
- идоракунии моликияти давлатиро дар соҳаи тандурустӣ назорат менамояд;
- чорабиниҳоеро, ки ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ба наҷотдиҳии ҳаёти инсон ва ҳифзи саломатии онҳо равона гардидаанд, ба амал мебарорад;
- барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитариро тасдиқ менамояд;
- барои солимгардонии муҳити зист ва фаъолияти инсон, аз ҷумла таъмини амнияти экологӣ ва радиатсионӣ, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад;
- тартиби иҷозатномадиҳиро дар соҳаи тандурустӣ муқаррар менамояд;
- тартиби гузаронидани аккредитатсияи ташкилотҳои соҳаи тандурустиро, новобаста аз шакли моликият, муайян менамояд;
- сохтори идоракунии тандурустиро муайян менамояд;
- стратегия, консепсия ва барномаҳои миллии дахлдорро оид ба ҳифзи саломатӣ тасдиқ менамояд;
- номгӯи хизматрасониҳои кафолатнок оид ба ҳифзи солимии репродуктивиро муқаррар менамояд;
- номгӯи бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи дар муассисаҳои таълимии тиббӣ таҳсил карданро надоранд, муайян менамояд;
- тадқиқоти илмӣ, маблағгузории барномаҳои ҷумҳуриявии тадқиқоти илмиро дар соҳаи тандурустӣ муқаррар менамояд;
- ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи тандурустӣ муайян менамояд;
- дигар салоҳиятеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ваколатҳои зеринро дорад:
- фаъолияти ташкилоту муассисаҳои зертобеи худ, ташкилотҳо ва муассисаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии низоми тандурустиро роҳбарӣ намуда, вазъи саломатии аҳолиро таҳлил ва стратегияи ҳифзи саломатии аҳолиро таҳия менамояд;
- фаъолияти мақомот ва ташкилотҳои низоми тандурустӣ, сифати расонидани кумаки тиббию санитарӣ ва дорувориро новобаста аз шакли моликият назорат менамояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро вобаста ба масъалаҳои татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи тандурустӣ пешниҳод менамояд;
- дар доираи ваколатҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибот ва талаботро нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ машғуланд, новобаста аз шакли моликият, инчунин фаъолиятро дар самти таъмини бехатарии санитарию эпидемиологӣ муайян менамояд;
- талаботро нисбат ба сифат ва муомилоти маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, моддаҳои фаъоли биологӣ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ муайян менамояд;
- роҳбарони муассисаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳуриявии низоми тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиро ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод менамояд;
- роҳбарони муассисаҳо ва ташкилотҳои тиббии вилоятӣ, сартабибони беморхонаҳои марказӣ, роҳбарони шабакаҳои муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои ҷумҳуриявии соҳаи ҳифзи иҷтимоии шаҳру ноҳияҳоро дар мувофиқа бо раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод менамояд;
- талаботи соҳаи тандурустии давлатиро ба мутахассисони соҳаи тиббӣ ва фарматсевтӣ муайян менамояд;
- дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ
Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ инҳо дохил мешаванд:
- ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар соҳаи тандурустӣ;
- ташаккул додани буҷети соҳаи тандурустии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- ташкили рушди шабака ва таҳкими заминаҳои моддию техникӣ, бо маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ таъмин намудани ташкилотҳои ҳудуди низоми давлатии тандурустӣ, муайян кардани намуд ва ҳаҷми фаъолияти онҳо тибқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва тандурустӣ;
- ташкили расонидани кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва дигар намуди кумакҳои тиббӣ, таъмини дастрасии онҳо ба аҳолӣ, таъмини аҳолӣ бо маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар ҳудуди худ;
- ташкили шароит барои рушди фаъолияти хусусии тиббӣ;
- таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ ва шароит барои амалигардонии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар ҳудуди худ;
- ҳифзи муҳити зист ва таъмини бехатарии экологӣ;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои минтақавии рушди соҳаи тандурустӣ ва барномаҳои муҳим дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ, аз ҷумла барномаҳое, ки ба мақсад ва вазифаҳои барномаҳои миллӣ, ҷумҳуриявӣ, соҳавӣ ва байнисоҳавии мубориза бо бемориҳо асос ёфтаанд;
- маблағгузории таҳсилоти баъдидипломии кормандони ташкилотҳои тандурустии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ;
- бо кор таъмин намудани мутахассисони ҷавони тиббӣ тибқи роҳхати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо;
- ташкили шароити зарурии моддию техникӣ ва дигар шароитҳо барои фаъолияти муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустӣ;
- ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод намудани сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, раёсатҳо, шуъба ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мувофиқа бо роҳбари мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иҷрои дигар ваколатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд.
Моддаи 8. Ҳамкории байниидоравӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи тандурустӣ
1. Барои таъмини ҳамкории мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳо дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллӣ оид ба тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис дода мешавад.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ фаъолияти дигар вазоратҳо ва идораҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳоро новобаста аз шакли моликият, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро оид ба масъалаҳои тандурустӣ ҳамоҳанг месозад.
3. Талаботҳо, низомномаҳо, қоидаҳо ва меъёрҳо дар соҳаи тандурустӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ таҳия ва тасдиқ шудаанд, барои иҷро ба ҳамаи вазоратҳо ва идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият, инчунин ба шахсони воқеӣ ҳатмӣ мебошанд.
4. Ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои тандурустӣ дар соҳаи тибби офатҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 9. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ
1. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
2. Мақомоти тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, давлатҳои хориҷӣ ва мақомоти дахлдори онҳо ба роҳ мемонад.
БОБИ 3. НИЗОМИ ТАНДУРУСТӢ
Моддаи 10. Низоми тандурустӣ
Ба низоми тандурустӣ дохил мешаванд:
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, мақомоти ваколатдори назорати давлатии фаъолиятҳои тиббию фарматсевтӣ, экспертизаи тиббию иҷтимоӣ, назорати санитарию эпидемиологӣ, раёсатҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;
- ташкилотҳо ва муассисаҳои зертобеи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, инчунин ташкилотҳо ва муассисаҳои тиббию фарматсевтии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо;
- ташкилотҳо, муассисаҳои тандурустӣ ва фарматсевтии дар сохтори дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта;
- субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ ва фарматсевтӣ, муассисаҳои таълимию илмии тиббии хусусӣ.
Моддаи 11. Ҳуқуқи ташкилот ва муассисаҳои давлатии тандурустӣ
Ташкилот ва муассисаҳои давлатии тандурустӣ ҳуқуқ доранд:
- сохтори ташкилии худро бо тартиби муқарраргардида муайян намоянд;
- аз ҳуқуқҳои шахси ҳуқуқӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд;
- шаҳрвандонро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кумаки тиббию санитарии ройгон таъмин намоянд;
- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии тиббию санитарии пулакиро ташкил намоянд, инчунин ба дигар фаъолияти соҳибкорӣ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад, машғул шаванд.
Моддаи 12. Уҳдадориҳои ташкилот ва муассисаҳои давлатии тандурустӣ
Ташкилот ва муассисаҳои давлатии тандурустӣ уҳдадоранд, таъмин намоянд:
- дастрасии кумаки тиббию санитарӣ ба аҳолӣ мутобиқи меъёрҳои Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи тандурустӣ;
- омодагӣ барои кор дар шароити зарарнок ва вазнини меҳнат;
- расонидани кумаки таъҷилии тиббӣ;
- амалӣ намудани чорабиниҳои махсуси тиббӣ оид ба пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳое, ки барои атрофиён хатарнок аст;
- риоя намудани реҷаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ;
- ҳамкории якҷоя ва муттасил бо дигар ташкилоту муассисаҳои тандурустӣ;
- таблиғи тарзи ҳаёти солим ва тарбияи санитарию гигиении аҳолӣ;
- ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, мақомоти таъминоти иҷтимоӣ, комиссияҳои экспертии тиббию иҷтимоӣ ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади таъмини солимии аҳолӣ.
Моддаи 13. Маҳдудияти фаъолияти ташкилот ва муассисаҳои тандурустӣ новобаста аз шакли моликият
Ташкилот ва муассисаҳои тандурустӣ новобаста аз шакли моликият ҳуқуқ надоранд:
- бо ширкатҳои фарматсевтӣ ва намояндагии онҳо оид ба таъйинот ва ё тавсияҳои маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ шартномаҳои ҳамкорӣ банданд;
- намунаҳои маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро аз ширкатҳои фарматсевтӣ ва намояндагии онҳо бо мақсадҳои рекламавӣ, тарғибию ташвиқотӣ қабул намоянд.
Моддаи 14. Иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар ҳифзи саломатии аҳолӣ
Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаҳои онҳо дар таъмини ҳифз ва мустаҳкам кардани саломатии аҳолӣ иштирок менамоянд, донишҳои тиббӣ ва гигиениро тарғиб мекунанд.
Моддаи 15. Масъулияти мақомоти давлатӣ оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ
Мақомоти давлатӣ оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ барои таъмини шароитҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар шароитҳои аҳолӣ, ки ба ташаккулёбӣ ва ҳифзу мустаҳкам шудани саломатии аҳолӣ, беҳбудии экологӣ ва санитарию эпидемиологӣ, пешгирии бемориҳо ва инкишофи соҳаи тандурустӣ мусоидат менамоянд, масъул мебошанд.
БОБИ 4. МАБЛАҒГУЗОРИИ НИЗОМИ ДАВЛАТИИ ТАНДУРУСТӢ
Моддаи 16. Манбаъҳои маблағгузории низоми давлатии тандурустӣ
Манбаъҳои маблағгузории низоми давлатии тандурустӣ инҳо мебошанд:
- маблағҳои буҷетӣ;
- маблағҳое, ки ташкилотҳои соҳаи тандурустӣ дар натиҷаи фаъолияти дигаре, ки мухолифи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, ба даст овардаанд;
- пардохтҳои эҳсонкорӣ ва хайрияҳои ташкилотҳо, корхонаҳо новобаста аз шакли моликият, шаҳрвандон, аз ҷумла шахсони воқеии давлатҳои дигар;
- дигар сарчашмаҳое, ки истифодаи онҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад.
Моддаи 17. Баҳисобгирии тарифҳои хизматрасонии тиббӣ
1. Тартиби баҳисобгирии тарифҳои хизматрасонии тиббии ташкилотҳои давлатии тандурустӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зиддиинҳисорӣ таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
2. Тартиби баҳисобгирии тарифҳои хизматрасонии тиббӣ аз ҷониби субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 18. Истифодаи захираҳои молиявии низоми давлатии тандурустӣ
1. Захираҳои молиявии низоми давлатии тандурустӣ барои мақсадҳои зерин равона карда мешаванд:
- нигоҳдорӣ ва рушди ташкилотҳои тандурустии давлатӣ;
- амалӣ намудани чорабиниҳои пешгирӣ аз бемориҳо, зиддиэпидемикӣ, ташхису табобат;
- ҷорӣ намудани барномаҳои мақсадноки тандурустӣ;
- рушди заминаи моддию техникии низоми давлатии тандурустӣ;
- тайёр намудан ва баланд бардоштани ихтисоси кадрҳои амалиявӣ ва илмию педагогии соҳаи тандурустии давлатӣ;
- рушди илм ва таҳсилоти тиббӣ;
- пешгирӣ ва аз байн бурдани эпидемияҳо, бемориҳои сироятӣ ва дигар бемориҳои оммавӣ;
- дигар мақсадҳое, ки аз хароҷоти низоми давлатии тандурустӣ вобастагӣ доранд.
2. Маблағҳое, ки ташкилотҳои тандурустии давлатӣ дар натиҷаи хизматрасонӣ ё фаъолияти дигаре, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст меоранд, дар асоси Низомнома дар бораи истифодаи маблағҳои махсуси соҳаи тандурустӣ, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, хароҷот карда мешаванд.
Моддаи 19. Суғуртаи тиббии шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, ташкилӣ ва молиявии суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрии тиббии шаҳрвандонро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян менамояд.
БОБИ 5. ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ, ИҶОЗАТДИҲӢ, АККРЕДИТАТСИЯ ВА АТТЕСТАТСИЯ ДАР СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Моддаи 20. Иҷозатномадиҳии фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ
Иҷозатномадиҳии фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 21. Додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар соҳаи фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ
Додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар соҳаи фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба танзим дароварда мешавад.
Моддаи 22. Аккредитатсия дар соҳаи тандурустӣ
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи тандурустӣ бо мақсади мутобиқати хизматрасониҳои тиббию фарматсевтии онҳо анҷомдиҳанда ба стандартҳои тандурустӣ аз аккредитатсия бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
2. Аккредитатсия хусусияти ҳатмӣ дошта, аз ҳисоби маблағҳои субъекти аккредитатсияшаванда ва дигар маблағҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
Моддаи 23. Аттестатсияи кормандони соҳаи тандурустӣ
1. Тартиби гузаронидани аттестатсияи кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи тандурустӣ, ки дорои таҳсилоти олии тиббию фарматсевтӣ ва мутахассисони тиббию фарматсевтиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар менамояд.
2. Меъёрҳои асосии арзёбӣ дар раванди аттестатсия ин мувофиқати шахсони аттестатсияшаванда дар иҷрои уҳдадориҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда ба шумор меравад.
3. Ҳамаи мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии тиббӣ ва фарматсевтӣ, пас аз се соли хатми муассисаи таълимии тиббӣ ва минбаъд ҳар панҷ сол, инчунин мутахассисони тиббии дигар давлатҳо, ки ба ташкилотҳои тиббӣ ва фарматсевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабул шудаанд, бояд аз аттестатсия гузаранд.
БОБИ 6. ЭКСПЕРТИЗА ДАР СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Моддаи 24. Экспертиза дар соҳаи тандурустӣ
1. Экспертиза дар соҳаи тандурустӣ қисми таркибии таъмини ҳифзи солимии аҳолӣ мебошад.
2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини экспертиза дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешаванд:
- экспертизаи сифати хизматрасониҳои тиббӣ;
- экспертизаи корношоямии муваққатӣ, тӯлонӣ ё доимӣ;
- экспертизаи коршоямии касбӣ ва экспертизаи алоқамандии беморӣ бо касбият;
- экспертизаи тиббию иҷтимоӣ;
- экспертизаи ҳарбии тиббӣ;
- экспертизаи судию тиббӣ, судию рӯҳӣ ва судию наркологӣ;
- экспертизаи санитарию эпидемиологӣ;
- экспертизаи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ;
- экспертизаи илмии тиббӣ.
3. Экспертиза дар соҳаи тандурустӣ бо тартиби муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Моддаи 25. Экспертизаи сифати хизматрасониҳои тиббӣ
1. Экспертизаи сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба дохилӣ ва берунӣ ҷудо мешаванд.
2. Барои гузаронидани экспертизаи дохилӣ дар ташкилоти тандурустӣ Комиссия оид ба сифат ва бехатарии кумаки тиббӣ таъсис дода мешавад. Сохтор ва ҳайати Комиссия бо назардошти ҳаҷми хизматрасониҳое, ки пешниҳод карда мешавад, аз ҷониби роҳбарияти ташкилот тасдиқ карда мешавад. Аз ҷониби Комиссия оид ба сифат ва бехатарии кумаки тиббӣ, таҳлили ҷории ташкили кумаки тиббӣ, фаъолияти клиникии ташкилоти тандурустӣ, ошкорсозии омилҳои вайронкунии тартиби хизматрасонии тиббӣ ва стандартҳо, инчунин баррасии муроҷиати табобатгирандагоне, ки табобат мегиранд, дар давоми 5 рӯз баррасӣ ва аз натиҷаи он ба роҳбарияти ташкилоти тандурустӣ оид ба бартарафсозии сабабҳо ва шароитҳои пастшавии сифати хизматрасониҳои тиббӣ, таклиф пешниҳод карда мешавад.
3. Экспертизаи берунӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти тиббӣ дар шакли санҷишҳои нақшавӣ, ғайринақшавӣ, инчунин аккредитатсияи ташкилотҳои тандурустӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ амалӣ карда мешавад.
4. Тартиби ташкил ва гузаронидани экспертизаи дохилӣ ва берунии сифати хизматрасониҳои тиббӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар карда мешавад.
Моддаи 26. Экспертизаи корношоямии муваққатӣ, тӯлонӣ ё доимӣ
Экспертизаи корношоямии муваққатӣ, тӯлонӣ ё доимии шаҳрвандон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Моддаи 27. Экспертизаи коршоямии касбӣ ва экспертизаи алоқамандии беморӣ бо касбият
1. Экпертизаи коршоямии касбӣ бо мақсади муайян намудани ҳолати саломатии корманд бо имконияти иҷрокунии корҳои ба ӯ вобасташуда, аз ҷониби комиссияи табибию машваратии ташкилотҳои соҳаи тандурустӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад. Дар натиҷаи экспертиза ба корманд хулоса дар бораи коршоям ва ё корношоям будани ӯ вобаста ба иҷрои намудҳои кориаш дода мешавад.
2. Экспертизаи алоқамандии беморӣ ба касбият аз ҷониби ташкилотҳои тиббӣ дар соҳаи бемориҳои касбӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад. Дар натиҷаи экспертиза хулоса дар бораи мавҷуд будан ё набудани бемориҳои касбӣ дода мешавад.
Моддаи 28. Экспертизаи тиббию иҷтимоӣ
1. Экспертизаи тиббию иҷтимоӣ бо мақсади муайян намудани эҳтиёҷоти шахси ташхисшаванда ба чорабиниҳои ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла ба тавонбахшӣ дар асоси арзёбии маҳдудияти фаъолияти ҳаётӣ, ки дар натиҷаи коҳиши устувори вазифаҳои организм ба вуҷуд омадааст, гузаронида мешавад.
2. Маъюбӣ, сабабҳо, давомнокӣ, вақти фарорасии он, дараҷаи гум кардани қобилияти корӣ ва ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд будани шахс бо роҳи гузаронидани экспертизаи тиббию иҷтимоӣ муқаррар карда мешавад.
3. Экспертизаи тиббию иҷтимоӣ бо назардошти арзёбии умумии ҳолати организм дар асоси таҳлили нишондиҳандаҳои клиникии функсионалӣ, маишӣ, иҷтимоӣ, касбӣ, меҳнатӣ ва рӯҳии шахси муоинашаванда амалӣ карда мешавад.
4. Тартиби гузаронидани экспертизаи тиббию иҷтимоиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
5. Экспертизаи тиббию иҷтимоӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ гузаронида мешавад. Низомномаи мақоми ваколатдори давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Моддаи 29. Экспертизаи тиббии ҳарбӣ
Экспертизаи тиббии ҳарбӣ бо мақсади муайян намудани қобили хизмати ҳарбӣ (хизмати ба он баробар) ва таълим аз рӯи ихтисосҳои мушаххаси ҳарбӣ, инчунин муайян намудани алоқаи сабабҳои маъюбӣ ва беморӣ дар хизматчиёни ҳарбӣ вобаста ба гузаштани хизмати ҳарбӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Моддаи 30. Экспертизаи судию тиббӣ, судию рӯҳӣ ва судию наркологӣ
Тартиби ташкил ва таъйини экспертизаи судию тиббӣ, судию рӯҳӣ ва судию наркологиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 31. Экспертизаи санитарию эпидемиологӣ
1. Экспертизаи санитарию эпидемиологӣ қисми таркибии таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ буда, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ гузаронида мешавад.
2. Экспертизаи санитарию эпидемиологӣ оид ба арзёбии таъсири омилҳои муҳити зисти инсон ба саломатии ӯ ва бо супориши сартабибони давлатии санитарӣ, инчунин аз рӯи аризаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гузаронида мешавад.
3. Тадқиқоти озмоишии санитарию эпидемиологӣ қисми экспертизаи санитарию эпидемиологӣ буда, нишондодҳои органолептикӣ, санитарию гигиенӣ, токсикологӣ, кимиёвӣ, биокимиёвӣ, серологӣ, микробиологӣ, эпидемиологӣ, бактериологӣ, вирусологӣ, паразитологӣ, ташхиси энергетикӣ ва арзёбии биологии маҳсулоти ғизоӣ, санҷиши садо, ларзиш, майдончаи электрикӣ, ташхиси радиатсионӣ ва дозиметриро дар бар мегирад.
4. Маблағгузории экспертизаи санитарию эпидемиологӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияти (мол, кор, хизматрасонӣ) онҳо таҳти тадқиқоти мазкур қарор мегирад ва дар ҳаҷми ҳароҷоти иҷрошуда таъмин карда мешавад.
5. Истифодаи моддаҳои кимиёвӣ ва биологие, ки барои саломатии инсон ва наслҳои оянда имконияти хатар оварданро дорад ва дар натиҷаҳои санҷишҳои санитарию эпидемиологӣ, ё ин ки тадқиқоти илмӣ муайян карда шудааст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст. Номгӯи маводи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъкардашуда дар маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологии аҳолӣ мунтазам нашр карда мешавад.
6. Мақомоти давлатии санитарию эпидемиологӣ дар асоси натиҷаҳои санҷиш ва экспертизаи санитарию эпидемиологӣ хулосаи санитарию эпидемиологиро барои иҷрои корҳои зерин медиҳанд:
- ҷойгиронӣ, таҷдид ва васеъкунии иншооти саноатӣ, иншооте, ки дорои партовҳои кимиёвию биологӣ, омилҳои физикӣ, иншооти минтақаҳои офатзадаи экологӣ ва иншооте, ки технологияҳои муосири беназир доранд;
- ҷойгиронии нақшаҳои генералии сохтмони маҳалҳои аҳолинишини шаҳрак ва деҳот, минтақаҳои истироҳатӣ, лоиҳаҳои сохтмон ва таҷдиди иншооти саноатӣ, таъйиноти истеҳсолӣ ва хоҷагидорӣ;
- арзёбии маҷмӯи таъсири омилҳои муҳити зист ба вазъи санитарию эпидемиологӣ;
- лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ба ашёи хом, маҳсулоти хӯрокворӣ, молҳо, лавозимот, мавод, механизмҳо, мошинҳо, дастгоҳҳо, инчунин инкишофи физиологӣ, меҳнат, зиндагӣ, истироҳат, ғизо, обтаъминкунӣ, хизматрасонии тиббии табақаҳои мухталифи аҳолӣ;
- шароити истеҳсолот, интиқол, нигоҳдорӣ, истифодабарӣ ва фурӯши ашёи хом, оби нӯшокӣ, маводи сохтмонӣ, молҳои ниёзи мардум, маводи заҳрнок, радиатсионӣ ва биологӣ, инчунин иҷрои кор ва хизматрасонӣ;
- маводи тавсифдиҳандаи вазъияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолати солимии аҳолӣ, оид ба бемориҳои сироятӣ ва паразитарӣ, бемориҳои касбӣ ва заҳролудшавиҳо;
- мавод оид ба таркиби кимиёвӣ, биологӣ, заҳрнокӣ ва радиологии хок, обанборҳо ва ҳавои атмосфера;
- лоиҳакашии иншооти саноатӣ ва таъйиноти шаҳрвандии сохтмонаш давомёфтаистода ва ба истифода додашаванда, лавозимоти саноатӣ ва нақлиёт, инчунин дигар иншооте, ки эҳтимоли хатарнокӣ барои солимии аҳолӣ доранд;
- маҳсулоти ғизоӣ, мавод ва маснуоте, ки бо маҳсулоти ғизоӣ, ки ба мутобиқати тасдиқгардидаи ҳатмӣ пешбинӣ нашудааст, алоқамандӣ дорад;
- меъёрҳои машғулиятҳои таълимию меҳнатӣ ва реҷаи дарсҳо дар муассисаҳои соҳаи маориф ва илм;
- молҳои таъйиноти кӯдакона, ғизо ва иловагиҳои ғизо;
- лоиҳаҳои банақшагирии зерсохтмони маҳалҳои аҳолинишин, минтақаҳои муҳофизи санитарӣ, шароити истифодаи об ва равиши обҳои корезӣ, нобудкунӣ ва гӯронидани маводи заҳрнок ва радиоактивӣ, стандартҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ барои ҳама гуна ашёи нав, таҷҳизоти технологӣ, равандҳои истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, ашёи хоми озуқаворӣ, маснуоти саноатӣ, маводи сохтмонӣ, манбаъҳои афканишоти иондор, маводи кимиёвӣ, маводи биологӣ, дезинфексионӣ, дезинсексионӣ, дератизатсионӣ, иммунобиологии тиббӣ, зарфҳо, маводи борпечӣ ва полимерӣ.
7. Дар асоси экспертизаи санитарию эпидемиологӣ хулосаи санитарию эпидемиологӣ дар соҳаи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ мувофиқи меъёрҳои лоиҳаҳои мавҷудбуда, таъсири омилҳои муҳити зист, соҳибкорӣ ва дигар хизматрасониҳо дода мешавад.
Моддаи 32. Экспертизаи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ
1. Экспертизаи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ бо тартиби муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Арзиши хизматрасониро барои додани хулосаи экспертизаи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, сифати маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ дар якҷоягӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зиддиинҳисорӣ тасдиқ менамояд.
Моддаи 33. Экспертизаи илмии тиббӣ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи корҳои илмии тиббию фарматсевтӣ, барномаҳои мақсадноки илмии тиббии ҷумҳуриявӣ, натиҷаи барномаҳои илмии тиббии анҷомёфта, китобҳои илмию таълимии тахассусии тиббию фарматсевтӣ аз экспертизаи илмии тиббӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва мақомоти дахлдори давлатӣ гузаронида мешавад.
Моддаи 34. Ташхиси озмоишӣ
1. Ташхиси озмоишӣ маҷмӯи хизматрасонии тиббӣ буда, ба муқаррар намудани воқеият ва ё набудани беморӣ (ҳолат) бо роҳи муоинаи озмоишии маводи биолигии аз бемор гирифташуда равона шудааст.
2. Тартиби фаъолияти ташкилоти тандурустӣ, ки ташхиси озмоиширо мегузаронанд, инчунин ҳаҷм ва намуди тадқиқоте, ки онҳо мегузаронанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян карда мешавад.
Моддаи 35. Ташхиси анатомии патологӣ
1. Ташхиси анатомии патологӣ тариқи таҳлили маҷмӯи тағйироти дар бофтаҳо ва узвҳо ҳангоми ташреҳ, инчунин дар узвҳо ва бофтаҳои бемор дар рафти ҷарроҳӣ ва биопсия гирифташуда гузаронида шуда, бо натиҷаҳои бевоситаи муоина, тадқиқот бо истифодаи асбобҳои калонкунанда ва дигар таҷҳизот, муқоисаи клиникию анатомӣ асоснок карда мешавад.
2. Ташхиси анатомии патологӣ бо мақсади муайян намудани сабабҳои фавт ва дақиқ кардани ташхиси беморӣ гузаронида мешавад.
3. Дар ҳолати набудани гумон ба марги маҷбурӣ ва пешниҳоди аризаи хешовандони наздики марҳум (зан, шавҳар, фарзандон) ё намояндаи қонунии фавтида, додани ҷасад бе ташреҳ иҷозат дода мешавад. Дар ҳолатҳои зерин ташреҳи ҷасад ҳатмист:
- марги маҷбурӣ ё гумони он;
- фаро расидани марг ҳангоми гузаронидан ё дар алоқамандӣ бо гузаронидани ҳамаи навъи амалиёти тиббӣ, ҷарроҳӣ, беҳисгардонӣ, гумони аз андоза зиёд таъйин намудани доруворӣ;
- фаро расидани марг аз бемориҳои сироятии хатарнок ё гумон бар онҳо;
- фаро расидани марг дар таҷрибаи табибони шахсӣ;
- ҳангоми ташхиси муқаррарнагардида ё нодуруст ё сабаби бевоситаи марг (вақте, ки ташхис дар таърихи беморӣ асоси кофии объективона надорад);
- ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллудкунӣ, марҳилаи пас аз таваллудкунӣ;
- фавти кӯдаки навзоди вазнаш зиёда аз 500 грамм ва кӯдакони то яксола;
- кӯдаки мурда таваллудшудаи то 500 грамм ва ҷанинҳои мурда ҳангоми муҳлати ҳомиладории то 22 ҳафтаина ё бо нуқсонҳои модарзодӣ;
- зарурати гузаронидани тадқиқоти тиббию судӣ.
4. Ҳуҷҷатҳо дар бораи натиҷаи ташреҳ дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ омода гардида, ба мақомоти дахлдор супорида мешаванд.
5. Бо талаби ҳамсар, хешовандони наздики фавтида ё намояндаи қонунии онҳо ташреҳ аз тарафи коршиноси мустақил гузаронида мешавад.
6. Тартиби ташреҳи патологии анатомӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар карда мешавад.
БОБИ 7. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ШАҲРВАНДОН,
БЕМОРОН ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Моддаи 36. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ, таъмини иҷтимоӣ ҳангоми беморӣ, маъюбӣ ва гум кардани қобилияти корӣ
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ доранд. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои низоми давлатии тандурустӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки тиббию санитарии ройгон расонида мешавад. Дар дигар ҳолатҳо ба шаҳрвандон кумаки тиббию санитарӣ дар ташкилотҳои низоми давлатии тандурустӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағи шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ расонида мешавад.
2. Шаҳрвандон ба интихоби озоди муассисаи тиббӣ ва табиб ҳуқуқ доранд.
3. Шаҳрвандон бо кумаки таъҷилии тиббӣ дар ташкилоти тандурустии наздиктарин, новобаста аз шакли моликият, мутобиқи талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешаванд.
4. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти корӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъминоти иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд.
Моддаи 37. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба беҳбудии экологӣ, бехатарии санитарию эпидемиологӣ ва радиатсионӣ
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳбудии экологӣ, бехатарии санитарию эпидемиологӣ ва радиатсионӣ ҳуқуқ доранд.
2. Ин ҳуқуқ аз тарафи давлат бо роҳи нигоҳдории муҳити мусоиди зист, ки ба вазъи саломатии наслҳои имрӯзаю оянда таъсири манфӣ намерасонад, таъмин карда мешавад.
Моддаи 38. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба табобати истироҳатгоҳию курортӣ ва истифода бурдани муассисаҳои солимгардонӣ
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода бурдани муассисаҳои истироҳатгоҳию курортӣ, хонаҳои истироҳат, муассисаҳои табобатӣ ва пешгирии беморӣ, осоишгоҳҳо, иншооти варзишӣ ва дигар муассисаҳои солимгардонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.
2. Тартиби интихоби тиббӣ ва равон кардани беморонро ба табобати истироҳатгоҳию курортӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар менамояд.
Моддаи 39. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба гирифтани маълумот доир ба вазъи саломатӣ ва омилҳое, ки ба саломатӣ таъсир мерасонанд
1. Шаҳрвандон ба гирифтани маълумоти зарурӣ доир ба вазъи саломатии худ ва фарзандонашон ҳуқуқ доранд. Агар ин маълумот ба бемор таъсири ҷиддӣ расонида тавонад, он аз бемор махфӣ нигоҳ дошта шуда, дар ин хусус хешовандони наздики ӯ хабардор карда мешаванд.
2. Маълумот дар бораи вазъи саломатии бемор аз тарафи табиби муоинакунанда ва табобаткунанда, ҳамчунин мудири шуъба ва роҳбари ташкилоти тандурустӣ, ки беморро муоина ва табобат мекунанд, пешниҳод карда мешавад.
3. Шаҳрвандон оид ба усулҳои пешгирӣ, ташхису табобати беморӣ, сатҳи бемории аҳолӣ ва омилҳое, ки ба саломатии онҳо таъсир мерасонанд, аз ҷумла оид ба ҳолати муҳити зист, шароити кору маишат ва истироҳат барои гирифтани маълумот аз мақомот, ташкилот ва муассисаҳои тандурустӣ ҳуқуқ доранд.
Моддаи 40. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба гирифтани товони зараре, ки ба саломатии онҳо расонида шудааст
Шаҳрвандон ба гирифтани товони зарар (аз ҷумла зарари маънавӣ) мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.
Моддаи 41. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба таъмини доруворӣ, кумаки ортопедӣ ва протезӣ
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини доруворӣ, кумаки ортопедӣ ва протезӣ ҳуқуқ доранд.
2. Гурӯҳи шахсонеро, ки ба таъминоти имтиёзноки доруворӣ, кумаки ортопедӣ ва протезӣ, маснуоти имдодӣ, асбобҳои шунавоӣ, воситаҳои варзишии табобатӣ ва махсуси ҳаракаткунӣ ҳуқуқ доранд, инчунин шарту шароит ва тартиби таъминоти онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 42. Ҳуқуқи шаҳрвандон барои гирифтани кумаки тиббӣ, ортопедию протезӣ дар мамлакатҳои дигар
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани кумаки тиббӣ, ортопедию протезӣ дар мамлакатҳои дигар ҳуқуқ доранд. Мақомоти давлатӣ уҳдадоранд ба эҳтиёҷмандон аз рӯи хулосаи ташкилотҳои тандурустӣ оид ба зарурати чунин кумак барои гирифтани он бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намоянд.
Моддаи 43. Ҳуқуқи шаҳрвандон барои даст кашидан аз муоина ва табобат
1. Шаҳрвандон ва намояндагони қонунии онҳо ҳуқуқ доранд аз муоина ва табобати пешниҳодшаванда даст кашанд ё онро қатъ намоянд, ба истиснои:
- занони ҳомила ва ноболиғон;
- шахсони гирифтори бемориҳое, ки номгӯи онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар намудааст;
- дигар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур.
2. Ба шахсе, ки табобатро рад кардааст ё ба намояндаи қонунии ӯ бояд оқибатҳои имконпазири дасткашӣ ё қатъ кардани табобат фаҳмонида шавад. Даст кашидан аз табобат барои аз беморхона ҷавоб додан асос шуда метавонад.
3. Дасткашӣ аз табобат бо тарзи хаттӣ, бо имзои шахси бемор ё намояндаи қонунии ӯ, бо зикри маълумоти мухтасар дар бораи оқибатҳои имконпазири дасткашӣ аз табобат, ба расмият дароварда мешавад.
Моддаи 44. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва гурезагон дар соҳаи ҳифзи саломатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва гурезагон дар соҳаи ҳифзи саломатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда мешаванд.
Моддаи 45. Ҳуқуқи модар ба ҳифзи саломатӣ
1. Модар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор дорад. Барои занон шароите муҳайё карда мешавад, ки дар баробари кор ва модар шудан ҳифзи ҳуқуқ, дастгирии моддӣ ва маънавии онҳо таъмин карда шавад.
2. Ҳифзи саломатии модар бо усулҳои зерин таъмин карда мешавад:
- ташкили шабакаи васеи ташкилотҳои тандурустӣ;
- манъи истифодаи меҳнати занон дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташ зараровар;
- ба кор таъмин намудани занони ҳомила дар шароите, ки ба хусусиятҳои физиологӣ ва вазъи саломатии онҳо мувофиқ аст;
- беҳтар ва хубтар кардани шароити меҳнату маишат;
- андешидани чорабиниҳои дигари иҷтимоию иқтисодӣ ва додани имтиёзҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст;
- амалӣ гардонидани чорабиниҳои солимгардонии муҳити зист, барҳам додани омилҳои манфии экологӣ, ки ба фаъолияти репродуктивии аҳолӣ таъсир расонида, боиси таваллуди кӯдакони дардманд ва сусту заиф, баландшавии бемории занон мегарданд.
3. Ба ҳар зан дар давраи ҳомиладорӣ, ҳангоми таваллуд ва баъди он дар ташкилотҳои низоми давлатии тандурустӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки тиббӣ расонида мешавад.
4. Модароне, ки кӯдакони ширмак доранд, дорои ҳуқуқҳои зерин мебошанд:
- хизматрасонии бенавбат дар ташкилотҳои тандурустӣ, новобаста аз шаклҳои моликият;
- бенавбат харидани чипта ба ҳама гуна намуди нақлиёт;
- истифодаи ройгон аз хизматрасонии хонаи модару кӯдаки марбути саристгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳ ва терминалҳои нақлиёти автомобилӣ;
- ройгон бо худ гирифта бурдани кӯдакони ширмаку кӯдакони хурдсоли худ бо нақлиёти ҳавоӣ, обӣ, роҳи оҳан ва нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашони истифодаи умумӣ;
- дар ҳамаи терминалҳои нақлиётӣ, фурудгоҳҳо, саристгоҳҳои роҳи оҳан, корхонаҳои калони саноатӣ, тиҷоратӣ ва дигар корхонаҳо аз ҳуҷраҳои махсус ба таври ройгон истифода баранд;
- дар нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашонӣ ва ҳавопаймоҳо аз ҷойҳои махсуси нишаст истифода баранд.
Моддаи 46. Ҳуқуқи кӯдак ба ҳифзи саломатӣ
1. Давлат ҳуқуқу манфиатҳои кӯдаконро ҳифз менамояд, ҳуқуқи онҳоро ба шароити зиндагӣ, ки барои такомули ҷисмонӣ, зеҳнӣ, маънавӣ, ахлоқию иҷтимоӣ заруранд, таъмин мекунад.
2. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият, шабакаи васеи муассисаҳои тиббӣ ва кӯдаконаро инкишоф медиҳанд, барои сиҳатии кӯдакон дар ин муассисаҳо масъул мебошанд.
3. Кӯдакон бояд давра ба давра ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаронда шаванд ва таҳти назорати доимии диспансерӣ қарор дошта бошанд. Тартиби гузаронидани муоинаи тиббӣ, назорати доимии диспансерӣ ва вақти эмкуниро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар менамояд.
4. Кӯдакони мубталои иллатҳои ҷисмонӣ ва ё рӯҳӣ ба кумаки тиббию иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд ва онҳо аз рӯи нишондодҳои тиббию иҷтимоӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ дар муассисаҳои томактабии кӯдаконаи махсус, мактаб – интернат, хонаи бачагон ва хона – интернатҳои кӯдакон аз ҳисоби буҷети давлатӣ тарбия карда мешаванд.
5. Рӯйхати нишондодҳо ва зиддинишондодҳои тиббию иҷтимоиро барои ҷойгир кардани кӯдакон дар муассисаҳои дар қисми 4 ҳамин модда пешбинишуда мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм дар якҷоягӣ муқаррар менамоянд.
6. Ҳангоми табобати беморхонавии кӯдакон, ба падару модар ё шахси дигари бевосита ба кӯдак нигоҳубинкунанда имконият дода мешавад, ки ҳамроҳи кӯдак дар ин муассисаи табобатӣ истода, ба ӯ нигоҳубин намояд ва ба ин шахс бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакпулии дахлдор дода мешавад. Тартиби дар муассисаҳои тандурустӣ барои нигоҳубини кӯдакони бемор ҷойгир намудани ин шахсонро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар мекунад.
7. Дар сурати набудани нишондиҳандаҳо барои табобати беморхонавӣ ё набудани имконияти ба беморхона бистарӣ намудани кӯдак, падару модар ё шахси дигаре, ки кӯдакро бевосита нигоҳубин мекунад, дар давраи табобати кӯдак дар муассисаи тиббӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кор озод ва барои нигоҳубини кӯдаки бемор ба ӯ кумакпулӣ дода мешавад.
8. Гурӯҳи кӯдакони вобаста ба синну сол ва дараҷаи беморӣ, ки табобати дармонгоҳӣ мегиранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маводи дорувории ройгон ё бо шартҳои имтиёзнок таъмин карда мешаванд.
9. Кӯдакон ба табобати истироҳатгоҳӣ ва курортӣ ҳуқуқ доранд. Нишондод ва зиддинишондод, тартиби интихоб ва ба табобати осоишгоҳию курортӣ фиристодани кӯдаконро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар менамояд.
10. Кӯдакон бо роҳхати табобати истироҳатгоҳӣ ва курортӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешаванд.
11. Ба кӯдаконе, ки дар тарбияи муассисаҳои бачагона қарор доранд ва дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил менамоянд, шароити зарурӣ ҷиҳати нигоҳдорӣ ва мустаҳкам намудани саломатиашон ва тарбияи гигиенӣ таъмин карда мешаванд.
12. Назорат ба ҳифзи саломатии кӯдакон, гузаронидани чорабиниҳои солимгардонӣ дар муассисаҳои бачагона ва муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби мақомот ва ташкилотҳои тандурустӣ якҷоя бо мақомот ва муассисаҳои соҳаи маориф ва илм ба роҳ монда мешавад. Тартиби ташкили кумаки тиббию санитарии пешгирии бемориҳо дар муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои таълимии томактабии бачагона аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян карда мешавад.
Моддаи 47. Ҳуқуқҳои бемор
Бемор ҳангоми муроҷиат кардан барои гирифтани кумаки тиббӣ чунин ҳуқуқҳоро дорад:
- ба муомилаи боэҳтиромона ва башардӯстонаи кормандони тиб, инчунин ҳайати хизматрасонон;
- ба интихоби табиб ва муассисаи тиббӣ;
- барои ҳимояи ҳуқуқаш даъват кардани адвокат ё намояндаи қонунӣ;
- ба ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 48. Ҳуқуқ ва маҳдудиятҳои фаъолияти мутахассисони тиббию фарматсевтии ташкилот ва муассисаҳои низоми тандурустӣ
1. Мутахассисони тиббию фарматсевтии ташкилот ва муассисаҳои низоми тандурустӣ ба тамоми кафолатҳое, ки қонунгузории меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, ҳуқуқ доранд, аз ҷумла:
- таъмини шароити мусоиди меҳнатӣ;
- такмили ихтисос аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва корфармо;
- ҳимояи шаъну шарафи касбӣ;
- пардохти зараре, ки ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои касбӣ расонида шудааст;
- таъсиси иттиҳодияи ҷамъиятӣ;
- гузаштан аз аттестатсияи давлатӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ.
2. Мутахассисони тиббию фарматсевтии ташкилот ва муассисаҳои низоми тандурустӣ ҳуқуқ надоранд:
- ба беморон маълумоти барои онҳо зараровар ва хусусияти махфидоштаи тиббиро бе иҷозати роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ пешниҳод намоянд;
- бо ширкатҳои фарматсевтӣ ва намояндагии онҳо дар масъалаҳои таъйинот ва додани маълумоти нодуруст доир ба маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, ба истиснои шартнома оид ба гузаронидани озмоиши клиникии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ё фаъолияти илмӣ ҳамкорӣ намоянд;
- аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба коркард, истеҳсол, паҳн, тақсим ва таҳвили маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ машғуланд, инчунин шахсоне, ки ҳуқуқи истифодаи тамғаи молӣ ва савдои маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро доранд, ба истиснои шартнома оид ба гузаронидани озмоиши клиникии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ё фаъолияти илмӣ, туҳфа ва маблағи пулӣ, аз ҷумла пардохти фароғат, истироҳат ва роҳкиро то ҷои истироҳатро гиранд;
- намунаҳои маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва дигар маводи таъйиноти рекламавӣ доштаи онҳоро аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба коркард, истеҳсол, паҳн, тақсим ва таҳвили маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ машғуланд, инчунин шахсоне, ки ҳуқуқи истифодаи тамғаи молӣ ва савдои маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ доранд, ба истиснои шартнома оид ба гузаронидани озмоиши клиникии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ё фаъолияти илмӣ, қабул намоянд;
- иттилооти нопурра ё бардурӯғро доир ба маводи дорувории истифодашаванда пешниҳод намуда, маълумотро дар бораи маводи дорувории ба он монанди дар муомилот буда, пинҳон намоянд;
- намояндагони ширкатҳои фарматсевтӣ, истеҳсолкунандаҳо ё фурӯшандаҳои молҳои тиббиро қабул намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки ба гузаронидани озмоиши клиникии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, иштирок дар маҷлисҳои кормандони тиб ё дигар чорабиниҳое, ки оид ба баланд бардоштани сатҳи ихтисоси онҳо вобаста аст;
- маводи дорувориро дар варақаҳои дорухате, ки иттилооти рекламавӣ дорад, инчунин дар онҳо ба таври чопӣ номгӯи маводи доруворӣ пешакӣ навишта шудааст, таъйин намоянд;
- иттилоотро ба аҳолӣ дар бораи дар фурӯш мавҷуд будани маводи доруворӣ ва молҳои тиббие, ки номҳои якхелаи байналмилалии ғайрипатентӣ доранд, аз ҷумла иттилоотро дар бораи дар фурӯш мавҷуд будани маводи доруворӣ ва молҳои тиббие, ки нархи нисбатан пастар доранд, пинҳон кунанд.
Моддаи 49. Уҳдадориҳои касбии кормандони тиббӣ ва фарматсевтӣ
Кормандони тиббӣ ва фарматсевтӣ уҳдадоранд:
- дар асоси меъёрҳои башардӯстонаи одобу ахлоқи тиббие, ки муносибати ахлоқии кормандони тибро бо беморон, хешу табори онҳо ва байни онҳо танзим менамоянд, фаъолият кунанд;
- донишу малакаи касбии худро мунтазам такмил дода, талаботи Кодекси ахлоқи табиби Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ таҳия ва қабул шудааст, риоя намоянд;
- дар фаъолияти худ комёбиҳои муосири илму техникаи тиббӣ ва фарматсевтиро ба манфиати беморон истифода намоянд;
- ба амале, ки бар зарари саломатии шаҳрванд мебошад, роҳ надиҳанд;
- меъёрҳои одобу ахлоқи тиббиро риоя намоянд, нисбат ба беморон бораҳму шафқат бошанд, аз амале, ки ба иҷрои уҳдадориҳои меҳнатии кормандони дигар халал мерасонад, худдорӣ кунанд;
- ба шаҳрвандон дар кӯча ва ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ ва дар хона, дар ҳама ҳолатҳое, ки имкони расондани кумаки саривақтии муқаррарӣ вуҷуд надорад, кумаки аввалияи тиббӣ расонанд;
- сирри тиббӣ (иттилоот вобаста ба вазъи саломатӣ, дар бораи ташриф ба муассисаи тандурустӣ) ва дигар маълумоти хусусияти шахсӣ доштаро нигоҳ доранд;
- масъалаи аз худи бемор пинҳон доштани сирри тиббиро дар ҳолати мушаххас ба манфиати бемор ҳал кунанд;
- оид ба бемории шаҳрвандон ба мақомоти тандурустӣ хабар диҳанд, агар онро ҳифзи саломатии аҳолӣ талаб кунад, инчунин маълумотро дар асоси қарори мақомоти тафтишотӣ ё таъйиноти суд диҳанд;
- дар амалияи тиб усулҳои пешгирӣ, ташхис ва табобат, доруворӣ ва воситаҳои дигарро, ки бо тартиби муқарраргардида ба истифодаи онҳо иҷозат дода шудааст, истифода намоянд;
- таъсири суханони табибро ба рӯҳияи бемор то ҳадди имкон бештар истифода намоянд, ба рафторе (ба тариқи имову ишора, бо сухан), ки ба бемор ва наздикони ӯ таъсири манфӣ мерасонад, роҳ надиҳанд, ҳангоми ҳамсуҳбат шудан бо бемор ва хешу табори ӯ қоидаҳои одоби табибиро қатъиян риоя намоянд.
Моддаи 50. Уҳдадориҳои шаҳрвандон оид ба риояи талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тандурустӣ
Шаҳрвандон уҳдадоранд:
- талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи тандурустӣ риоя намуда, ба саломатии худ, саломатии аҳолӣ, оила ва одамони гирду атрофашон буда бо эҳтиёт муносибат намоянд;
- барои пешгирии бемориҳои сироятӣ дастури тиббиро оид ба муоинаи флюрографӣ, эмкунии пешгирикунанда ва муоинаи тиббӣ дар муҳлати муқаррарнамудаи мақомоти тандурустӣ ба ҷо оваранд;
- тартиботи ҷории мақомот, ташкилот ва муассисаҳои тандурустиро риоя намоянд;
- таъйиноти табиби табобаткунандаро иҷро намоянд.
Моддаи 51. Уҳдадориҳои шахсони никоҳшаванда оид ба гузаштани муоинаи тиббии ҳатмӣ
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ақди никоҳ мебанданд, аз муоинаи тиббии ҳатмӣ дар муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳалли зист ё истиқомати доимӣ ба таври ройгон мегузаранд.
2. Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшавандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Моддаи 52. Уҳдадории шаҳрвандон оид ба таъмини ҳифзи саломатии кӯдакон
1. Шаҳрвандон уҳдадоранд дар бораи саломатии кӯдакон, инкишофи ҷисмонию рӯҳӣ ва ахлоқии онҳо ғамхорӣ намоянд ва онҳоро дар рӯҳияи пешбурди тарзи ҳаёти солим тарбия кунанд.
2. Падару модарон уҳдадоранд қоидаҳоеро, ки ба таваллуди кӯдаки солим мусоидат менамоянд, риоя кунанд ва баъди таваллуди кӯдак дастури табибро ба ҷо оваранд.
Моддаи 53. Уҳдадориҳои шаҳрвандони мубталои бемориҳои сил, ҷузом, вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, узвҳои таносулӣ ва дигар бемориҳои хатарнок
1. Шаҳрвандони мубталои бемориҳои сил, ҷузом, вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, узвҳои таносулӣ ва дигар бемориҳои хатарнок уҳдадоранд, бо талаби ташкилотҳои тиббӣ аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва худро табобат кунанд.
2. Агар шаҳрвандони мубталои бемориҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида аз муоинаи тиббӣ ва табобат саркашӣ намоянд, онҳо дар беморхона бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мусоидати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷбуран ташхис ва табобат карда мешаванд.
Моддаи 54. Уҳдадориҳои шахсони мансабдор ва дигар шаҳрвандон барои мусоидат ба кормандони тиб дар расонидани кумаки тиббӣ ва пешгирии бемориҳо
1. Барои ҷойгир намудани муассисаҳои тиббӣ дар корхона ва ташкилотҳо шахси мансабдор уҳдадор аст, ки бинои зарурӣ ҷудо намояд ва ҳамчунин ба кормандони тиб дар иҷрои уҳдадориҳои касбиашон ёрӣ расонад.
2. Шаҳрвандон уҳдадоранд дар ҳолатҳои ба ҳаёти бемор таҳдид кардани хатар барои бо нақлиёт ба беморхона бурдан ва кумаки тиббӣ расондан мусоидат намоянд.
Моддаи 55. Масъулияти корфармоён ва шахсони мансабдор барои ҳифзи саломатии аҳолӣ
1. Корфармоён новобаста аз шакли моликият ва шахсони мансабдор барои чорабиниҳои зерин масъул мебошанд:
- таъмини бехатарии санитарию эпидемиологӣ, ҳифзи муҳити зист ва пешгирии бемориҳо;
- фароҳам овардани шароити меҳнат, маишат ва истироҳати кормандон;
- риояи меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва қоидаҳои нигоҳдории биноҳои истеҳсолӣ ва ҳудудӣ;
- ба кормандон ва аҳолӣ расондани маълумот дар бораи омилҳои зарарноки истеҳсолот;
- муҳайё кардани шароит, таҳия ва истифодаи низоми ҳавасмандгардонии маънавӣ ва моддии кормандоне, ки тарзи ҳаёти солимро пеш мебаранд;
- ҷуброни зараре, ки ба саломатии шахсони алоҳида расонида шудааст.
2. Ҳамаи хароҷоти ташкилотҳои тандурустӣ вобаста ба табобат ва нест кардани бемориҳо ва осеббинӣ, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият расонда шудааст, дар ҳаҷми пурра ба фоидаи мақомот ва муассисаҳои дахлдори тандурустӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
Моддаи 56. Масъулияти кормандони тиб ва фарматсевтӣ
Кормандони тиб ва фарматсевтӣ барои ҷуброни зараре, ки ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон расонидаанд, инчунин барои иҷрои уҳдадориҳои касбиашон масъул мебошанд.
Моддаи 57. Интиқоли коргароне, ки дар ҷои кор бемор шудаанд
Ба ташкилот ва муассисаҳои тандурустӣ интиқоли коргарон, ки дар ҷои кор бемор шудаанд, дар мавридҳои зарурӣ бо воситаҳои нақлиёт ва аз ҳисоби маблағҳои корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ё субъектҳои хоҷагидор сурат мегирад, ки коргари бемор дар он ҷо фаъолият мекунад.
БОБИ 8. НАМУД ВА ШАКЛҲОИ КУМАКИ ТИББӢ
Моддаи 58. Намудҳои кумаки тиббӣ
1. Намудҳои кумаки тиббӣ:
- кумаки пеш аз табибӣ;
- кумаки аввалияи тиббию санитарӣ;
- кумаки тахассусии тиббӣ;
- кумаки махсусгардонидашудаи тиббӣ;
- кумаки баландихтисоси тиббӣ;
- кумаки тиббию иҷтимоӣ.
2. Тартиби расонидани ҳамаи намудҳои кумаки тиббӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар карда мешавад.
Моддаи 59. Шаклҳои расонидани кумаки тиббӣ
1. Кумаки тиббӣ дар шаклҳои зерин расонида мешавад:
- кумаки амбулаторию дармонгоҳӣ (кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва кумаки машваратию ташхисӣ);
- кумаки беморхонавӣ;
- кумаки беморхонаивазкунанда;
- кумаки таъҷилии тиббӣ;
- авиатсияи санитарӣ;
- кумаки тиббӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода;
- табобати барқароркунанда ва тавонбахшии тиббӣ;
- кумаки паллиативӣ ва нигоҳубини ҳамширагӣ;
- тибби халқӣ.
2. Тартиби ташкили ҳамаи шаклҳои расонидани кумаки тиббӣ, ба истиснои кумаки тиббӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар карда мешавад.
3. Тартиби ташкили расонидани кумаки тиббӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
БОБИ 9. ТАРБИЯИ КАДРҲОИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲУҚУҚИ БА ФАЪОЛИЯТИ ТИББӢ ВА ФАРМАТСЕВТӢ МАШҒУЛ ШУДАН
Моддаи 60. Тарбияи кадрҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ
1. Тарбияи кадрҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ дар муассисаҳои таълимию илмӣ ва табобатӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, ки бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба онҳо иҷозатнома барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ дода шудааст, ба роҳ монда мешавад.
2. Муассисаҳое, ки ба тарбияи кадрҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ машғул мебошанд, бояд ба талаботе, ки аз қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф бармеоянд, ҷавобгӯ бошанд.
3. Шарти ҳатмии татбиқи барномаҳои таълимии тиббӣ ин мавҷуд будани заминаҳои зарурии клиникӣ ва ё доштани шартнома бо ташкилотҳои соҳаи тандурустӣ, ки барои тарбияи кадрҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ шароитҳои мусоидро фароҳам карда метавонанд, мебошад. Ташкилотҳои соҳаи тандурустӣ, ки ҳамчун замина барои муассисаҳои таълимию илмии тиббӣ ва фарматсевтӣ истифода бурда мешаванд, бояд аз аккредитатсия дар соҳаи тандурустӣ гузаранд.
4. Дар муддати таҳсил дар муассисаҳои таълимию илмии тиббӣ ва фарматсевтӣ, донишҷӯёну шунавандагон бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ барои иштирок дар расонидани кумаки тиббӣ ба беморон ва муомилоти маводи доруворӣ таҳти назорати кормандони дахлдори тиббӣ ҷалб карда мешаванд.
5. Номгӯи мансабҳо ва талаботро нисбат ба ихтисосҳои соҳаи тандурустӣ ва тартиби аз як ихтисос ба ихтисоси дигар гузаштани мутахассисони тиббию фарматсевтиро баъди гирифтани таҳсилоти миёна ва олии касбии тиббию фарматсевтӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян менамояд.
6. Стандартҳои тахассусии таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.
7. Тартиби таҳсилоти касбии баъдидипломӣ ва муттасили кормандони тиб ва фарматсевтиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар менамояд.
Моддаи 61. Ҳуқуқи ба фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ машғул шудан
1. Барои ба фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ машғул шудан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне ҳуқуқ доранд, ки таҳсилоти миёна ё олии касбии тиббию фарматсевтӣ, диплом, инчунин сертификати мутахассис ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома доранд.
2. Ба шахсоне, ки ҳуқуқи ба фаъолияти тиббӣ машғул шуданро доранд ва курси такмили ихтисос оид ба савдои чаканаи маводи дорувориро гузашта, соҳиби иҷозатнома доир ба фаъолияти фарматсевтӣ мебошанд, дар муассисаҳои тиббии дурдаст, ки дар мавқеи ҷойгиршавии онҳо муассисаҳои дорухонагӣ фаъолият надоранд, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ барои фурӯши доруворӣ иҷозат дода мешавад.
3. Мутахассисони тиббие, ки дараҷаи тахассусӣ надоранд, ҳамчун шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба фаъолияти тибби хусусӣ ҳуқуқи машғул шуданро надоранд. Чунин шахсон метавонанд дар ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ якҷо бо мутахассисони дараҷадор фаъолият намоянд.
4. Сертификати мутахассис дар асоси маълумоти тиббию фарматсевтӣ, инчунин санҷиши омӯзишӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ дода мешавад.
5. Тартиб ва талаботи додани сертификат, тартиби гирифтани таҳсилоти касбии баъдидипломӣ (интернатура, ординатура, такмили ихтисос, бозомӯзӣ, ихтисосгирии аввалия) барои мутахассисони тиббию фарматсевтӣ, инчунин тартиби гузаронидани аттестатсияи кадрҳои тиббӣ ва фарматсевтиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар менамояд.
6. Тартиби ба фаъолияти тиббию фарматсевтӣ машғул шудани шахсоне, ки дар муассисаҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ зинаҳои гуногуни таҳсилоти тиббию фарматсевтиро гузашта, соҳиби ҳуҷҷати намунаи давлатӣ оид ба таҳсилот шудаанд, бо назардошти шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
7. Кормандони тиббие, ки аз рӯи ихтисоси худ 3 сол кор накардаанд, ба фаъолияти тиббӣ танҳо баъди таҷрибаомӯзӣ ва тасдиқ намудани ихтисоси худ бо тартиби муқарраркардаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ роҳ дода мешаванд.
8. Дахолат ба фаъолияти касбии кормандони тиббӣ ва фарматсевтӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаю ташкилотҳо, инчунин шаҳрвандон ба истиснои мавридҳои аз ҷониби кормандони тиббӣ ва фарматсевтӣ риоя накардани уҳдадориҳои касбиашон манъ аст.
9. Ғайриқонунӣ машғул шудан ба фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ манъ аст.
10. Маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ бо тартиби судӣ сурат мегирад.
Моддаи 62. Танзими бархӯрди манфиатҳо ҳангоми машғул шудан ба фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ
1. Дар ҳолатҳои пайдошавии бархӯрди манфиатҳо шахсони ба фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ машғулшаванда бояд ҳатман ба роҳбарони ташкилотҳое, ки дар онҳо кор мекунанд, ба тариқи хаттӣ хабар диҳанд.
2. Роҳбарони ташкилотҳо ва муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, бояд дар хусуси ҷой доштани бархӯрди манфиатҳо ба мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ дар муҳлати ҳафт рӯз ба тариқи хаттӣ маълумот пешниҳод намоянд.
3. Барои ҳалли масъалаи бархӯрди манфиатҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда комиссия таъсис дода мешавад. Низомнома дар бораи комиссияи мазкур аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 63. Савганди табиби Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Шахсоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намуда, дипломи табибро гирифтаанд, савганди табиби Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо чунин мазмун қабул мекунанд:
«Ман, хатмкунандаи муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо масъулияти баланд дипломи табибро гирифта, ба фаъолияти табибӣ шурӯъ менамоям ва тамоми уҳдадориҳоеро, ки ин ихтисос ба зиммаи ман мегузорад, дарк намуда, савганд қабул мекунам, ки:
- вориси сазовори олим ва табиби бузург Абӯалӣ ибни Сино бошам;
- тамоми донишу қувваамро ба ҳифз ва беҳтар кардани саломатии инсон, пешгирӣ ва табобати бемориҳо бахшам, дар ҳар ҷое, ки манфиатҳои одамон тақозо дорад, софдилона меҳнат кунам;
- барои кумак ба одамони муҳтоҷи табобат ҳамеша тайёр бошам, ба беморон бодиққат ва ғамхорона муносибат намоям, сирри табибиро муқаддас нигоҳ дорам ва маҳорати табибиро ба мақсади бад истифода набарам;
- дониши тиббии худро мунтазам такмил диҳам, бо меҳнати худ ба инкишофи илму амалия мусоидат намоям;
- агар манфиати бемор тақозо кунад, барои маслиҳат ба ҳамкорон муроҷиат намоям ва худ низ ҳеҷ вақт маслиҳату кумакамро ба онҳо дареғ надорам;
- анъанаҳои тибби халқиро ҳифз кунам ва инкишоф диҳам, дар тамоми фаъолияти худ аз рӯи меъёрҳои ахлоқи умумибашарӣ амал кунам, вазифаи олии ворисони Синоро ҳамеша дар хотир нигоҳ дорам;
- қавл медиҳам, ки ба ин савганд умрбод содиқ бошам!».
2. Савганди табиби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ қабул карда мешавад. Дар диплом дар бораи қабул кардани савганд қайди махсус гузошта мешавад.
3. Табибон барои вайрон кардани савганд ва риоя накардани меъёрҳои Кодекси ахлоқи табиби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
Моддаи 64. Фаъолияти илмӣ дар соҳаи тандурустӣ
1. Фаъолияти мутахассисони тиббию фарматсевтӣ ба дастовардҳои илми ҷаҳонӣ ва ватанӣ асос меёбад. Фаъолияти илмӣ дар соҳаи тандурустӣ аз ҷониби муассисаҳои илмию таълимӣ, пешгирию табобатӣ ва фарматсевтӣ ба роҳ монда мешавад. Самтҳои афзалиятноки илм аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ таҳия ва ба мақомоти дахлдор пешниҳод карда мешавад.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ дар доираи ваколатҳои худ сифати корҳои илмӣ, таълимию табобатиро дар муассисаҳои илмию таълимӣ, пешгирӣ, ташхисиву табобатӣ назорат мекунад.
Моддаи 65. Гузаронидани озмоишҳои клиникӣ ва тиббию биологӣ, истифодаи усулҳои нави пешгирӣ, ташхис ва табобат
1. Озмоишҳои клиникӣ ва тиббию биологӣ дар ҳайвонот татбиқ мегарданд, нисбати инсон бошад, бо розигии хаттии ӯ ва иҷозати махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешаванд. Мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ ва илмӣ қарор додани инсон манъ аст. Озмоиш дар ҳар марҳила бо талаби шахсе, ки таҳти озмоиш қарор дорад ва дар ҳолатҳои ба амал омадани хатар ба саломатии ӯ қатъ карда мешавад.
2. Дар амалияи тандурустӣ усулҳои нави пешгирӣ, ташхис, табобат, маводи доруворӣ, дорувории иммунобиологӣ, воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ, дератизатсионӣ ва технологияҳои тиббие, ки бо тартиби муқарраршуда иҷозат дода шудааст, истифода бурда мешаванд.
3. Тартиби гузаронидани озмоишҳои клиникӣ ва тиббию биологӣ, истифодаи усулҳои нави пешгирӣ, ташхис ва табобатро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар менамояд.
ФАСЛИ 2. МУҚАРРАРОТИ МАХСУС
БОБИ 10. ФАЪОЛИЯТИ ХУСУСИИ ТИББӢ
Моддаи 66. Тартиби ташкил ва фаъолияти субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ
1. Субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, фаъолият менамоянд.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ, инчунин шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ зиндагӣ мекунанд, метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти хусусии тиббӣ таъсис диҳанд.
3. Субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ метавонанд:
- танҳо дар сурати мавҷуд будани иҷозатнома ба фаъолияти тиббӣ машғул шаванд;
- дар баробари ташкилотҳои давлатии тиббӣ амалӣ гардидани сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи саломатӣ таъмин намоянд;
- дар ҳуҷҷатгузорӣ варақаи ҳуҷҷатҳои тиббӣ, маълумотномаҳо дар бораи таваллуд ва вафот, варақаҳои дорухат, варақаи корношоямӣ ва ҳисоботи қатъии намунаи давлатиро истифода намоянд.
Моддаи 67. Манбаъҳои маблағгузории фаъолияти хусусии тиббӣ
Фаъолияти хусусии тиббӣ аз ҳисоби маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, воситаҳои суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрии тиббӣ, дигар манбаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешавад.
Моддаи 68. Шартнома ва пардохт барои кумак ва хизматрасонии тиббӣ
1. Шартнома дар бораи расонидани кумак ва хизматрасонии тиббӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, тартиби тағйир додани он, тамдиди муҳлат ва қатъ намудани он бояд ба талаботи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат намояд.
2. Пардохти кумак ва хизматрасониҳои тиббие, ки субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ расонидаанд, дар асоси шартномаи зерини басташуда сурат мегирад:
- бевосита бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- бо корхонаҳо ва ташкилотҳо;
- бо ташкилоти суғуртаи тиббӣ барои расонидани кумаки тиббӣ аз рӯи суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрии тиббӣ;
- тавассути барномаҳои хайриявӣ.
Моддаи 69. Ҳуқуқи субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ
Субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ ҳуқуқ доранд:
- аз рӯи бемориҳое, ки номгӯи онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ кардааст, кумаки тиббӣ расонанд;
- усулҳои тибби халқиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои тиббӣ диҳанд;
- барои амалӣ гардидани фаъолияти касбӣ бо санадҳои меъёрӣ шинос шаванд;
- бо дигар шахсоне, ки ба фаъолияти тиббӣ машғуланд, бо мақсади расонидани кумаки тиббӣ якҷоя фаъолият намоянд;
- дар шакли нусха аз ҳуҷҷатҳои тиббӣ дар бораи беморӣ ва вазъи саломатии беморон хулосаҳои хаттӣ ва тавсияномаҳо диҳанд, ки онҳоро ташкилотҳои тиббӣ истифода бурда метавонанд;
- барои ба даст овардани молҳои тиббӣ, доруворӣ, аз ҷумла воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва доруворие, ки бо шартҳои имтиёзнок фурӯхта мешаванд, ба бемор дорухат навишта, онро бо муҳри ташкилоти хусусии тиббӣ ё муҳри шахсии табиб тасдиқ намоянд;
- дар бахши беморхонавии ташкилоти хусусии тиббӣ барои мақсадҳои тиббӣ дар сурати мавҷуд будани иҷозатнома, ки мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропиро гиранд, нигоҳ доранд ва истифода баранд.
Моддаи 70. Маҳдудияти субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ
Ба субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ амалҳои зерин манъ аст:
- гузаронидани сеансҳои оммавии табобатӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма;
- истифодаи тарзу усулҳои пешгирӣ, ташхис, табобати бемориҳо, инчунин доруворие, ки истифодаи онҳо дар амалияи тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода нашудааст.
Моддаи 71. Уҳдадории субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ
Субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ уҳдадоранд:
- танҳо ҳамон намуди фаъолиятро, ки барои он иҷозатнома дода шудааст, амалӣ намоянд;
- шарту қоидаҳои кумаки тиббиро, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ намудааст, риоя намоянд;
- ҳуҷҷатгузории зарурии тиббиро, ки вазъи саломатии бемор, ҳаҷм ва натиҷаҳои кумаки тиббии ба ӯ расондашударо инъикос менамояд, ба роҳ монанд;
- ҳисоботи тиббӣ, оморӣ ва молиявиро дар муҳлатҳои муқарраршуда пешниҳод намоянд;
- ҳангоми гузаронидани санҷиш аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти тиббӣ санадҳои тиббӣ ва маълумотҳоро пешниҳод намоянд;
- усулу воситаҳои ташхис, пешгирӣ ва табобат, дорувориеро, ки бо тартиби муқарраргардида дар амалияи тиббии кишвар иҷозат дода шудааст, истифода баранд;
- ба марказҳои санитарию эпидемиологӣ ва мақомоти дахлдори ҳифзи саломатии аҳолӣ ҳолатҳои дар беморон ошкор шудани бемориҳои сироятӣ, ангалӣ ва таносулӣ, ҷузом, заъфати пӯст, шукуфаи мӯйчин, хоришак, сил, вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, бемориҳои саратонӣ, нашъамандӣ, рӯҳӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ хабар диҳанд;
- дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои худ дараҷаи ихтисоси кормандонро баланд бардоранд, агар ин дар шартномаҳо бо ташкилотҳое, ки расонидани кумаки тиббиро маблағгузорӣ мекунанд, пешбинӣ нашуда бошад;
- ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи шахсоне, ки дар натиҷаи ҷароҳати ҷисмонӣ, осеббинӣ, заҳролудшавӣ ва ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ барои кумаки тиббӣ муроҷиат кардаанд, хабар диҳанд;
- бақайдгирии оморӣ ва ҳисоботро, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст, дуруст ба роҳ монанд ва ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ доир ба фаъолияти худ маълумот пешниҳод намоянд;
- аз аккредитатсияи давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаранд;
- ба шахсоне, ки ба кумаки таъҷилии тиббӣ эҳтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки тиббии ройгон расонанд.
БОБИ 11. ТИББИ ОИЛАВӢ
Моддаи 72. Принсипҳои фаъолияти тибби оилавӣ
Тибби оилавӣ аз рӯи принсипҳои зерин фаъолият менамояд:
- кумакрасонӣ ҳангоми робитаи аввал – муоинаи аввал, қабули бемор дар ҷойи ҳодиса бе ҷалби дигар мутахассисони тиббӣ;
- дастрасӣ – кумакрасонии аввалияи тиббию санитарӣ ба шаҳрвандон дар муҳлати кӯтоҳтарин, новобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулк;
- ҳамбастагӣ – кумаки мутахассисони тибби оилавӣ ба беморон бо роҳи табобат, барқарорсозии саломатӣ ва корҳои пешгирикунанда;
- муттасилии фаъолият – кумаки пайвастаи тиббии мутахассиси тибби оилавӣ;
- ягонагӣ – баррасии масъалаҳои вобаста ба солимии шахси алоҳида, оила ва ҷомеа дар алоқаи зич бо масъалаҳои мавҷудаи вазъи ҷисмонӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ;
- таваҷҷуҳ ба оила – баррасии масъалаҳои тибби оилавӣ дар доираи оила ва робитаҳои иҷтимоии шахс;
- эътимоднокӣ – эътимоди беморон ба махфӣ нигоҳ доштани иттилооте, ки онҳо ба мутахассисони тибби оилавӣ мерасонанд.
Моддаи 73. Субъектҳои тибби оилавӣ
1. Ба субъектҳои тибби оилавӣ дохил мешаванд:
- марказҳои таълимию клиникии тибби оилавӣ;
- марказҳои саломатии шаҳрӣ;
- марказҳои саломатии ноҳиявӣ;
- марказҳои саломатии деҳот;
- амбулаторияҳои тибби оилавӣ;
- бунгоҳҳои саломатӣ;
- ташкилотҳои хусусии тибби оилавӣ;
- табибони оилавӣ;
- ҳамшираҳои шафқати тибби оилавӣ.
2. Марказҳои саломатии шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва деҳот тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода мешаванд.
3. Амбулаторияҳои тибби оилавӣ дар сохтори маркази таълимию клиникии тибби оилавӣ ва марказҳои саломатии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, бунгоҳҳои саломатӣ дар сохтори марказҳои саломатии деҳот бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастрас будани кумаки тиббӣ дар ҷойҳо таъсис дода мешаванд.
Моддаи 74. Ҳуқуқҳои мутахассисони тибби оилавӣ
Мутахассисони тибби оилавӣ ҳуқуқҳои зеринро доранд:
- бо тартиби муқарраргардида бо идораҳо, корхонаю муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо доир ба хизматрасонии тиббӣ шартномаҳо банданд, инчунин молу мулки амбулаторияи тибби оилавӣ, марказҳои саломатии шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва деҳотро истифода баранд ва барои хизматрасонии тиббӣ тибқи шартнома маблағ гиранд;
- оид ба беҳтар намудани кумаки тиббию санитарӣ тавсияҳо пешниҳод намоянд;
- дар ҷаласаҳо, конфронсҳои илмию амалӣ, анҷуманҳо ва симпозиумҳо ширкат варзанд, аъзои ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва тахассусӣ бошанд, ки фаъолияташон ба мақсаду уҳдадориҳои мутахассисони тибби оилавӣ мухолиф намебошанд.
Моддаи 75. Уҳдадориҳои мутахассисони тибби оилавӣ
1. Уҳдадориҳои асосии мутахассисони тибби оилавӣ иборатанд аз:
- амалӣ гардонидани тадбирҳои санитарию маърифатӣ оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим ва пешгирии беморшавии аҳолӣ;
- муоинаи саривақтии бемориҳо ва ошкору бартараф намудани онҳо дар марҳилаҳои ибтидоӣ;
- таъмини муоинаи мунтазами аъзои оила ҳангоми амалӣ намудани чораҳои солимгардонӣ;
- расонидани кумаки таъхирнопазири тиббӣ ҳангоми зарурат;
- бо тартиби муқарраргардида машваратдиҳӣ ва бистарикунии саривақтии беморон, назорати ҷараёни табобат;
- дар ҳаҷми муқарраргардидаи тахассусӣ амалӣ намудани чораҳои табобатӣ, ташхисӣ ва барқарорсозии саломатӣ;
- бо тартиби муқарраргардида муайян намудани корношоямии муваққатии беморон ва ба комиссияи тиббию иҷтимоӣ равон кардани онҳо;
- якҷоя бо кормандони хадамоти иҷтимоӣ ба шахсони танҳо, калонсолон, маъюбон ва беморони мубталои бемориҳои музмин расонидани кумаки тиббию иҷтимоӣ;
- расонидани кумаки машваратӣ ба оилаҳо оид ба масъалаҳои эмкунӣ, ғизодиҳии кӯдакон, тарбияи онҳо, омодасозӣ ба муассисаҳои таълимии томактабӣ ва таълимӣ, мавқеи тахассусии онҳо, банақшагирии оила, одоб, психология, гигиенӣ, иҷтимоӣ, тиббӣ ва ҷинсии ҳаёти оилавӣ;
- дар мавридҳои зарурӣ сари вақт ҳамкорӣ намудан бо дигар мутахассисони соҳавии тандурустӣ ва кормандони хадамоти иҷтимоӣ бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ;
- истифодаи дурусти ҳуҷҷатҳои бақайдгирию ҳисоботии шаклҳои тасдиқшуда.
2. Мутахассисони тибби оилавӣ ҳангоми робитаи аввал бояд масъалаҳои тиббии беморро ҳал намоянд ва ба бемор дар сурати пайдо шудани зарурати кумаки машваратии мутахассисони дигар барои муроҷиат намудан мусоидат намоянд. Табиби оилавӣ беморро оид ба натиҷаҳои машварат огоҳ намуда, ба ӯ дар бораи ҳамаи намудҳои хизматрасонии тиббӣ ва шакли самарабахши онҳо иттилоъ медиҳад, иҷрои ҳамаи маслиҳату тавсияҳоро танзим менамояд.
БОБИ 12. ТИББИ ХАЛҚӢ
Моддаи 76. Ҳуқуқи шахсоне, ки ба тибби халқӣ машғуланд
Шахсоне, ки ба фаъолияти тибби халқӣ машғуланд, ҳуқуқ доранд:
- оид ба бемориҳое, ки номгӯи онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ кардааст, кумаки тиббии халқӣ расонанд;
- усулҳои тибби халқиро бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд;
- ба табобати беморон баъди бо усулҳои тибби муосир, ки тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, маълум гаштани натиҷаи ташхис машғул шаванд;
- бо дигар шахсони воқеие, ки бо амалияи тибби халқӣ машғуланд, барои расонидани кумаки тибби халқӣ якҷоя фаъолият намоянд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи дорувории тибби халқиро тайёр ва истифода кунанд;
- ба тадқиқотҳои илмии соҳаи тибби халқӣ тибқи самтҳои афзалиятноке, ки номгӯи онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ кардааст, машғул шаванд.
Моддаи 77. Уҳдадории шахсоне, ки ба тибби халқӣ машғуланд
1. Шахсоне, ки ба фаъолияти тибби халқӣ машғуланд, уҳдадоранд:
- барои амалӣ гардонидани фаъолияти касбӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тандурустӣ шинос шаванд;
- ҳуҷҷатгузории зарурии тиббиро, ки вазъи саломатии бемор, ҳаҷм ва натиҷаҳои кумаки ба ӯ расонидашударо инъикос менамояд, ба роҳ монанд;
- ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияташон аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ҳуҷҷатҳои дахлдор ва маълумотро пешниҳод намоянд;
- усулу воситаҳои ташхис, пешгирӣ, табобат ва дорувориҳои тибби халқиро, ки ба истифодаи онҳо дар амалияи тиббии кишвар иҷозат дода шудааст, истифода баранд;
- ба марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва мақомоти дахлдори тандурустӣ ҳодисаҳои ошкор шудани бемориҳои сироятӣ, ангалӣ ва таносулӣ, ҷузом, заъфати пӯст, шукуфаи мӯйчин, хоришак, сил, вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, бемориҳои саратон, нашъамандӣ ва равониро хабар диҳанд;
- бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ дар панҷ сол як маротиба аз аттестатсия гузаранд.
2. Табиби халқӣ дар сурати аз рӯи ихтисоси худ зиёда аз се сол кор накардан, ба фаъолияти тибби халқӣ танҳо баъди таҷрибаомӯзӣ ва тасдиқ намудани ихтисоси худ, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ роҳ дода мешавад.
3. Ҳангоми фаъолияти тибби халқӣ амалҳои зерин манъ аст:
- истифодаи тарзу усулҳо ва воситаҳои пешгирӣ, ташхис, табобати бемориҳо, инчунин дорувориҳои тибби халқӣ, ки бо тартиби муқарраргардида тасдиқ нагардида, истифодаи онҳо дар амалияи тиббии кишвар иҷозат дода нашудааст;
- таъйин намудани воситаҳои нашъадор ба беморон ва тавсияи истифодаи онҳо;
- гузаронидани сеансҳои табобатии оммавӣ аз ҷониби табибони халқӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма.
Моддаи 78. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии табибони халқӣ
1. Табибони халқӣ метавонанд мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсис диҳанд.
2. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар таъсис ва ташкили фаъолияти ташкилотҳои тибби халқӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ, дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии табибони халқӣ метавонанд саҳмгузор бошанд.
Моддаи 79. Ҳуқуқи фаъолият дар соҳаи тибби халқӣ
1. Барои дар соҳаи тибби халқӣ фаъолият кардан шахсоне ҳуқуқ доранд, ки шаҳодатномаи табиби халқӣ, сертификати мутахассиси тибби халқӣ ва иҷозатнома доранд.
2. Тартиби гирифтани шаҳодатномаи табиби халқӣ ва сертификати мутахассиси тибби халқиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян менамояд. Шаҳодатномаи табиби халқӣ ва сертификати мутахассиси тибби халқӣ дар сурати баъди зиёда аз 6 моҳи гирифтани он, нагирифтани иҷозатнома ё нагузаштан аз аттестатсияи давлатӣ аз эътибор соқит дониста мешавад.
3. Додани иҷозатнома барои фаъолият кардан дар соҳаи тибби халқӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» анҷом дода мешавад.
Моддаи 80. Ташкил кардан ва барҳам додани ташкилот ва муассисаи тибби халқӣ
1. Ташкилот ва муассисаи тибби халқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъсис дода мешавад.
2. Тартиби ташкил ва барҳам додани фаъолияти касбии ташкилоту муассисаҳо ва шахсони воқеии ба тибби халқӣ машғулбударо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 81. Иттилоот дар бораи фаъолият, хизматрасонӣ ва маводи дорувории тибби халқӣ
1. Табибони халқӣ уҳдадоранд, ки ба бемор оид ба сифат, судмандӣ, бехатарӣ ва таъсири аксуламали маводи дорувории тибби халқӣ ва усулҳои табобат иттилоот диҳанд.
2. Маълумоте, ки ба бемор ба таври ҷиддӣ таъсир мерасонад, он аз бемор махфӣ нигоҳ дошта шуда, дар ин хусус хешовандони наздики ӯ хабардор карда мешаванд.
3. Иттилоот дар бораи фаъолият, хизматрасонӣ ва маводи дорувории тибби халқӣ бояд дуруст, саҳеҳ, мукаммал, саривақтӣ, дақиқ, касбӣ ва тахассусӣ бошад.
4. Ба тибби халқӣ хизматрасониҳои дорои хусусиятҳои сеҳру ҷодугарӣ, инчунин гузаронидани маросимҳои динӣ дохил намешаванд.
Моддаи 82. Озмоиши клиникӣ, бақайдгирии давлатӣ ва талабот ба маводи дорувории тибби халқӣ
1. Тартиби гузаронидани озмоишҳои клиникӣ ва бақайдгирии давлатии маводи дорувории тибби халқиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян менамояд.
2. Баъди бақайдгирии давлатии маводи дорувории тибби халқӣ номгӯи он ба Феҳристи маводи дорувории тибби халқӣ, ки тартиби пешбурди онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян менамояд, ворид карда мешавад.
3. Истифодаи маводҳои дорувории тибби халқӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд, манъ аст.
4. Маводи дорувории тибби халқӣ бояд ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникие, ки барои онҳо тасдиқ карда шудаанд, мувофиқ бошад.
5. Ҷамъоварӣ, коркард ва тайёр кардани маводи дорувории тибби халқӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
БОБИ 13. СОЛИМИИ РЕПРОДУКТИВӢ ВА ҲУҚУҚҲОИ РЕПРОДУКТИВИИ АҲОЛӢ
Моддаи 83. Ҳифзи солимии репродуктивии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Солимии репродуктивии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳимояи давлат мебошад. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба хизматрасонии ҳифзи солимии репродуктивӣ, фаъолияти ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ, муассисаҳои давлатии илмию тадқиқотӣ ва таълимӣ роҳбарӣ намуда, стратегияи ҳифзи солимии репродуктивии аҳолиро таҳия менамояд ва дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои таъмини хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар соҳаи солимии репродуктивӣ масъул мебошад.
2. Тартиби ташкили фаъолияти ташкилотҳои давлатии ҳифзи солимии репродуктивиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян менамояд.
Моддаи 84. Ҳуқуқҳои репродуктивии шаҳрвандон ва кафолати амалишавии онҳо
1. Ҳуқуқҳои репродуктивӣ аз эътироф намудани ҳуқуқҳои асосии зану шавҳар дар қабули қарори озодона ва масъулона оид ба шумораи фарзандон, вақти обистанӣ ва фосилаи байни таваллуди онҳо, дар пайдо намудани воситаҳо ва маълумоти барои он зарурӣ, ноил гардидан ба солимии репродуктивӣ замина мегиранд. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки мустақилона:
- масъалаи шумораи фарзандонро ҳал намоянд;
- нисбат ба фосилаи байни таваллуди фарзандон бо назардошти ҳолатҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ, ки самаранокии тарбияи наслро таъмин карда метавонад, қарор қабул намоянд;
- аз усул ва воситаҳое истифода баранд, ки инсонро аз беморшавӣ ва ё маъюбшавие, ки ба фаъолияти шаҳвонӣ ва репродуктивии онҳо зарар мерасонад, эмин доранд.
2. Аз тарафи давлат кафолатҳои зерин дода мешавад:
- имтиёзҳои пеш аз таваллуд ва баъди таваллуд ба модарон;
- ҳифз аз ҳама гуна шаклҳои маҷбуркунии шаҳвонӣ ва таъқиби шаҳвонӣ;
- дастрастрасии маълумоте, ки ба ҳавасмандгардонии иҷтимоӣ, беҳбудии маънавию ахлоқӣ, солимии ҷисмонию рӯҳӣ барои таваллуди фарзанд равона гардидаанд.
Моддаи 85. Озодии шаҳрвандон дар муносибатҳои репродуктивӣ
1. Шаҳрвандон дар интихоб ва назорати ҳаёти репродуктивии худ озод мебошанд. Солимии репродуктивӣ барои нигоҳдории саломатии инсон дар синну соли баъди репродуктивӣ ба занон ва мардон мусоидат менамояд.
2. Муносибати байни зану мард, масъалаҳои банақшагирии таваллуди фарзандон ба принсипҳои баробарӣ, озодӣ, масъулияти байниҳамдигарӣ ва эҳтироми тарафайн асос меёбанд. Занро барои ҳомиладор шудан ва ё барои исқоти ҳамл маҷбур кардан манъ аст.
Моддаи 86. Ҳуқуқҳои шахсони ба ташкилотҳои ҳифзи солимии репродуктивӣ муроҷиаткунанда
Шахсони ба ташкилотҳои ҳифзи солимии репродуктивӣ муроҷиаткунанда дорои чунин ҳуқуқҳо мебошанд:
- гирифтани маълумоти пурра, эътимоднок ва сифатнок дар бораи банақшагирии оила ва таваллуди кӯдак;
- дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ дар соҳаи ҳифзи солимии репродуктивӣ ва банақшагирии оила;
- интихоби озодонаи корманди тиб;
- изҳори озодонаи ирода, нисбат ба истифодаи усулҳои бехатар;
- махфӣ нигоҳ доштани мукотибот ҳангоми гирифтани машварат ва муоинаи ҷисмонӣ;
- ибрози ақида нисбат ба усулҳои пешгирикунандаи ҳамл ва хизматрасонӣ;
- гирифтани маълумот оид ба истифодаи воситаҳои муайяни пешгирикунандаи ҳамл ва намудҳои хизматрасониҳое, ки пешниҳод карда мешаванд.
Моддаи 87. Ҳуқуқ барои қабули қарори мустақилона нисбат ба ҳомиладоршавӣ ва пешгирии он
1. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, нисбат ба ҳомиладоршавию таваллуд ва пешгирии ҳамл мустақилона қарор қабул намоянд.
2. Шаҳрвандон ҳуқуқи интихоби воситаҳои пешгирии ҳамл, аз ҷумла бо роҳи ҷарроҳӣ ва ё худдорӣ намудан аз истифодаи онҳоро доранд.
3. Ба зан ҳуқуқ дода мешавад, ки масъалаи модар шуданашро худаш ҳал кунад, бо хоҳиши зан ба ӯ усулу воситаҳои зидди ҳомиладорӣ тавсия карда мешаванд, ки онҳо ҳомиладоршавии номатлуби ӯро пешгирӣ менамоянд. Тартиби расонидани усулу воситаҳои зидди ҳомиладоршавиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян менамояд.
4. Усули ҷарроҳии пешгирии ҳамл ҳамчун мудохилаи махсус бо мақсади маҳрум сохтани одам аз наслдиҳӣ ва ё усули бебозгашти пешгирии ҳамл танҳо бо розигии хаттии ҳамсарон, барои заноне, ки ақди никоҳ надоранд, ихтиёрӣ дар асоси забонхат, барои ноболиғон бо розигии падару модар ва ё намояндаи қонунии онҳо сурат мегирад. Усули ҷарроҳии пешгирии ҳамл бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад.
5. Усули ҷарроҳии пешгирии ҳамл ҳамчун усули бебозгашт танҳо баъд аз гузаронидани машварати ҳатмии тиббию иҷтимоӣ сурат мегирад. Тартиби гузаронидани машварати ҳатмии тиббию иҷтимоиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян менамояд.
Моддаи 88. Ҳуқуқи наврасону ҷавонон ба ҳифзи солимии репродуктивӣ
1. Наврасону ҷавонон ба гирифтани таълиму тарбияи ахлоқии ҷинсӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаи ҳифзи солимии репродуктивӣ ҳуқуқ доранд.
2. Барномаҳои таълимӣ оид ба таълиму тарбияи ахлоқии ҷинсӣ, ҳифзи солимии репродуктивӣ, омода намудани ноболиғону ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии соҳаҳои маориф ва тандурустӣ таҳия карда мешаванд.
3. Таълиму тарбияи ахлоқии ҷинсии наврасону ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва ташкилотҳои дигар аз рӯи барномаҳои таълимӣ, ки дар онҳо ҷинс, синну сол ва хусусиятҳои инкишофи равонию ҷисмонии онҳо ба назар гирифта, бо тартиби муқарраргардида тасдиқ шудаанд, аз ҷониби шахсони тайёрии махсусдошта амалӣ гардида, наврасону ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ омода карда мешаванд.
4. Ба наврасону ҷавонон, аз ҷумла ба намояндагони гурӯҳҳои осебпазир, хизматрасонии машваратии тиббӣ дар соҳаи ҳифзи солимии репродуктивӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 89. Ҳуқуқ ба табобати безуриётӣ
1. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки безуриётиро бо истифода аз технологияи ҳозиразамони репродуктивӣ, ки истифодаи онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ иҷозат дода шудааст, табобат намоянд.
2. Шаҳрвандоне, ки дар ақди никоҳ мебошанд, ҳуқуқ доранд танҳо бо розигии тарафайн аз технологияи репродуктивӣ истифода баранд. Ҳамзамон, онҳо бояд доир ба технологияи репродуктивӣ, самарабахшии он, муҳлатҳои мувофиқи истифода аз он, эҳтимолияти мушкилот ҳангоми истифода аз он, оқибатҳои тиббию ҳуқуқӣ, инчунин оид ба мавҷудияти дигар воситаҳои табобати безуриётӣ маълумоти комил гиранд.
Моддаи 90. Донорӣ ва тарзи нигоҳдории ҳуҷайраҳои ҷинсӣ
1. Донори ҳуҷайраҳои ҷинсӣ метавонанд шаҳрвандони аз 18 то 35 - сола бошанд, ки аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва рӯҳӣ солим буда, аз машварати тиббию генетикӣ гузаштаанд.
2. Марду зан барои нигоҳ доштани ҳуҷайраҳои ҷинсии худ ҳуқуқ доранд.
3. Тартиб ва шароити гузаронидани донорӣ ва нигоҳдории ҳуҷайраҳои ҷинсӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ карда мешавад.
4. Дар ҳолатҳои мавҷуд будани хатари гум кардани солимии репродуктивӣ ё хатар ба ҳаёт, ки аз фаъолияти касбӣ ва ё иҷрои уҳдадориҳои ҳарбӣ бармеоянд, инчунин дар сурати мавҷуд будани нишондодҳои тиббӣ, хизматрасонии ройгон оид ба нигоҳ доштани тухмҳуҷайраҳои ҷинсӣ аз тарафи давлат кафолат дода мешавад.
5. Номгӯи намудҳои фаъолияти касбӣ ва нишондодҳои тиббие, ки дар асоси онҳо давлат ҷиҳати ройгон нигоҳ доштани ҳуҷайраҳои ҷинсӣ хизматрасониро кафолат медиҳад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 91. Ҳомиладоркунии сунъӣ ва ё кӯчонидани ҷанин
1. Ҳар як зани қобили таваллуди ба балоғатрасида, ба ҳомиладоркунии сунъӣ ва ё кӯчонидани ҷанин ҳуқуқ дорад.
2. Ҳомиладоркунии сунъӣ ва ё кӯчонидани ҷанин ба шаҳрвандоне, ки дар ақди никоҳ мебошанд, танҳо бо розигии тарафайн ва ба зани бешавҳар бо хоҳиши ӯ гузаронида мешавад. Тартиби шарти ҳомиладоркунии сунъӣ ё кӯчонидани ҷанинро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар менамояд.
3. Ҳангоми истифодаи технологияи репродуктивӣ ба интихоби ҷинсияти кӯдаки оянда роҳ дода намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки имконияти ирсияти бемориҳое, ки ба ҷинс вобастаанд, мавҷуд бошад.
4. Истифодаи ҷанини инсон бо мақсади тиҷорат ва истифода дар саноат, инчунин ҳомиладоркунии сунъӣ ва ё кӯчонидани ҷанин аз ҷониби ноболиғон ва занҳое, ки ғайри қобили амал ва ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф шудаанд, қатъиян манъ аст.
Моддаи 92. Қатъи сунъии ҳомиладорӣ
1. Қатъи сунъии ҳомиладорӣ бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.
2. То қатъи сунъии ҳомиладорӣ ва пас аз он машварати тиббию иҷтимоӣ дода мешавад. Қатъи сунъии ҳомиладории интихобӣ вобаста ба ҷинси ҷанин манъ аст.
3. Қатъи сунъии ҳомиладорӣ, аз ҷумла аз рӯи нишондодҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ, бо хоҳиши зан дар давраи ҳомиладорие, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар гардидааст, гузаронида мешавад.
4. Муҳлат ва рӯйхати нишондиҳандаҳои тиббӣ барои қатъи сунъии ҳомиладорӣ аз ҷониби мақоми ваколадори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва рӯйхати нишондодҳои иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
5. Тартиби гузаронидани ҷарроҳии қатъи сунъии ҳомиладорӣ аз ҷониби мақоми ваколадори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар карда мешавад.
6. Қатъи сунъии ҳомиладории ноболиғон ва шаҳрвандоне, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайри қобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф шудаанд, бо розигии намояндагони қонунӣ (падару модар, фарзандхондагон, васиён ва парасторон) гузаронида мешавад.
7. Баҳсҳо вобаста ба қатъи сунъии ҳомиладорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.
БОБИ 14. ТАЪМИНИ МОДАРОНУ КӮДАКОН
БО КУМАКИ ТИББИЮ САНИТАРӢ
Моддаи 93. Таъмини занони ҳомиладор ва кӯдакони навзод бо кумаки тиббию санитарӣ
1. Занони ҳомиладор ва кӯдакони навзод тавассути муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, беморхонаҳо ва дигар ташкилотҳои тандурустӣ бо кумаки тиббию санитарӣ таъмин карда мешаванд.
2. Муассисаҳои тандурустӣ занонро бо назорати тиббӣ дар давраи ҳомиладорӣ, аз ҷумла бо машварати тиббию генетикӣ ва машварат дар соҳаи танзими оила, кумаки тиббӣ ҳангоми таваллуд, кумаки табобатию пешгирӣ ба модарон ва кӯдакони навзод бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ таъмин менамоянд. Занони ҳомиладор, падару модари кӯдакони навзод бояд сари вақт барои гирифтани кумаки тиббию санитарӣ ба муассисаҳои тандурустӣ муроҷиат намоянд.
Моддаи 94. Назорати таълими меҳнатию истеҳсолӣ ва шароити меҳнати кӯдакон
1. Таълими меҳнатию истеҳсолии кӯдакон аз рӯи он касбҳое иҷозат дода мешавад, ки ба синну сол, инкишофи ҷисмонӣ, зеҳнӣ ва вазъи саломатии онҳо мувофиқат мекунад. Таълими меҳнатӣ ва истеҳсолии кӯдакон таҳти назорати мунтазами тиббӣ сурат мегирад.
2. Риояи шароити меҳнатии кӯдакон, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, инчунин гузаронидани чорабиниҳои махсус, ки барои пешгирии садама ва бемории онҳо равона карда шудаанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва ташкилотҳои тиббӣ якҷоя бо мақомоти соҳаҳои маориф, меҳнат, ташкилотҳои иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ назорат карда мешаванд.
Моддаи 95. Муоинаи тиббӣ ва эмкунии ҳатмии кӯдакон
1. Бо мақсади амалӣ намудани назорати мунтазами вазъи саломатӣ ва инкишофи ҷисмонии кӯдакон ба кор қабул намудани онҳо баъди муоинаи пешакии тиббӣ бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
2. Минбаъд то ба 18 - солагӣ расидан кӯдакон бояд ҳар сол на камтар аз як маротиба аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд.
3. Кӯдакон бояд аз бемориҳо ба воситаи эмкунии пешгирикунанда бо тартибе, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар кардааст, ҳифз карда шаванд.
БОБИ 15. ҲИМОЯИ ҒИЗОИ КӮДАКОН
Моддаи 96. Муомилоти ғизои кӯдакон ва ғизои таъйинотӣ
1. Назорати давлатӣ дар соҳаи муомилоти ғизои кӯдакон ва ғизои таъйинотӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, мақомоти дигари давлатӣ дар доираи ваколатҳои муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва амалӣ карда мешавад.
2. Фурӯши яклухт ва чаканаи ғизои таъйинотӣ бо риояи меъёру қоидаҳои амалкунандаи савдо, санитарӣ ва дигар меъёру қоидаҳо анҷом дода мешавад.
Моддаи 97. Маҳдуд кардани фаъолияти истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи ғизои таъйинотӣ
1. Ба истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи ғизои таъйинотӣ бевосита ё ба воситаи шахсони дигар иҷро намудани амалҳои зерин манъ аст:
- истифодаи усулҳои фурӯши ғизои таъйинотӣ ба монанди ташкили намоиши махсус ва фурӯши ғизо, мукофотонӣ, гузаронидани бозиҳо ва озмунҳо, аз арзиши аслӣ пасттар фурӯхтани ғизо, агар он ҷорӣ намудани сиёсат ва амалияи нархгузориро бо мақсади ба муддати дароз, бо нархи нисбатан арзон фурӯхтани ин ғизо маҳдуд накунад;
- ба шахс супоридани намунаи ғизои мазкур;
- туҳфа кардан ё нисбат ба нархи эълоншудаи яклухт арзон фурӯхтан, агар чунин нарх эълон нашуда бошад, на камтар аз 80 фоизи нархи чакана фурӯхтани ҳар гуна ғизои таъйинотӣ ба кормандони тиб ё ба муассисаҳои тиббию санитарӣ;
- туҳфа кардан ё дар муассисаҳои тиббию санитарӣ ба кор бурдани таҷҳизот ё хизматрасоние, ки бо истифодаи ғизои таъйинотӣ алоқаманд аст ё мусоидат ба он;
- дар муассисаҳои тиббию санитарӣ туҳфа кардан ё паҳн кардани мавод, аз ҷумла қалам, тақвиму плакатҳо, дафтар, ҷадвали ченаки қад, бозичаҳо, инчунин дигар ашёе, ки ба истифодаи ғизои таъйинотӣ дахл доранд ё ба ин мусоидат карда метавонанд;
- бо усулҳои гуногун ҳавасмандгардонии кормандони тиб ё иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳо (иттифоқҳо, ассотсиатсияҳо), ки бо масъалаҳои ҳифзи саломатии модару кӯдак сарукор доранд, аз ҷумла ҷудо кардани гранту идрорпулиҳо, кумакпулӣ барои тадқиқот ё маблағгузории маҷлису семинарҳо, курсҳои такмили ихтисос ё конференсияҳо;
- сарпарастӣ дар чорабиниҳо, мусобиқаҳо ё маъракаҳои вобаста ба масъалаҳои занони ҳомила ё заноне, ки кӯдакони ширмак доранд, падару модари кӯдакони ширмак ё кӯдакони хурдсол ё аъзои оилаи онҳо, инчунин мусобиқаву маъракаҳои марбути ҳомиладорӣ, таваллуд, ғизодиҳии табиии кӯдакони ширмак ё кӯдакони хурдсол, ки бо ин масъалаҳо алоқаманданд;
- ҳамроҳ кардани ҳаҷми фурӯши ғизои таъйинотӣ ба ҳисоби мукофотонӣ ё иловапулии кормандон ё муқаррар намудани супориши камтарин барои фурӯши ғизои таъйинотӣ;
- туҳфа ё паҳн намудани маводи иттилоотӣ ё маърифатии санитарӣ нисбати ғизодиҳии табиии кӯдакони ширмак ва кӯдакони хурдсол ё иҷрои уҳдадориҳои вобаста ба ғизодиҳии табиии кӯдакони ширмак ё кӯдакони хурдсол, ба истиснои ҳолатҳое, ки онҳо иттилоотро оид ба ғизои таъйинотӣ манзури кормандони тиб менамоянд ва бо маводи илмӣ ва воқеӣ маҳдуд буда, ба ҷиҳатҳои техникӣ ва усулҳои истифодаи ғизои мазкур дахл доранд ва танҳо агар онҳо ҷавобгӯи талаботи Кодекси мазкур бошанд.
2. Сертификатсия, бақайдгирӣ ва аз нав бақайдгирии ғизои таъйинотӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 98. Маҳдудиятҳое, ки ба тамғакоғазҳои ғизои таъйинотӣ дахл доранд
1. Истеҳсолкунанда ё паҳнкунандаи ғизои таъйинотӣ ҳуқуқ надорад ғизои кӯдаконро, ба тариқи яклухт ё чакана фурӯшад, агар дар борҷома ё тамғакоғази онҳо ба забони давлатӣ возеҳу хоно маълумоти зерин сабт нашуда бошад:
- таркиб ва миқдори моддаҳои ғизоӣ;
- синну соли зарурӣ (бо рақам ишорашуда), ки баъди расидан ба он ғизо тавсия карда мешавад;
- хатаре, ки дар сурати нодуруст пухтан ё ғизодиҳӣ то синну соли тавсияшуда ба саломатии кӯдак таҳдид менамояд;
- ҷузъу таркибҳои истифодашуда бо ишораи ҷои истеҳсоли шир ё ғизои ширмонанди истифодашаванда;
- шароити зарурии нигоҳ доштани ғизо пеш аз кушодани борбанд ва баъди он, бо назардошти вазъи иқлим;
- рақами намуд (гурӯҳ), таърихи истеҳсол ва санае, ки ғизо бояд пеш аз гузаштани он, бо назардошти вазъи иқлим ва шароити нигоҳдошт мавриди истеъмол қарор гирад;
- ном ва нишонии истеҳсолкунанда ё паҳнкунанда;
- талаботи дигари тавсиянамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ.
2. Истеҳсолкунанда ё паҳнкунанда ҳуқуқ надорад ғизои омехтаи кӯдаконро ба истиснои шартҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда, ба таври яклухт ё чакана фурӯшад, агар дар борҷома ё тамғакоғази он ба забони давлатӣ возеҳу хоно маълумоти зерин сабт нашуда бошад:
- дар бораи афзалият ва манфиати шири модар барои саломатии кӯдак;
- дар бораи зарурати маслиҳати табиб, қабл аз оғози истифодаи ғизои иловагӣ;
- дар бораи тарзу усули пухтан, ҷадвали ғизодиҳӣ, риояи гигиенӣ ва шуста партофтани пасмондаи омехтаҳои пухташуда.
3. Дар борҷома ё тамғақоғаз сабт намудани чунин истилоҳот ба монанди «мисли шири модар», «беҳтар аз шири модар» ё истилоҳоти ба ин монанд, инчунин қиёс бо шири модар ё матнҳое, ки бо ин ё он усул барои ғизодиҳии табиии кӯдак монеъ мешаванд ё аҳамияти онро паст мезананд, манъ аст.
4. Дар борҷома ё тамғақоғази ғизои омехтаи кӯдакони ширмаки синнашон калонтар ғайр аз шартҳои дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда пешбинигардида бояд маълумоте сабт шуда бошад, ки ин ғизоро ба кӯдакони аз шашмоҳа хурд низ додан мумкин нест.
5. Ҳангоми ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани ғизои таъйинотии дар ҳамин модда пешбинишуда дар борҷома ё тамғакоғази онҳо маълумоти зикргардида бояд ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода шавад.
Моддаи 99. Маҳдудиятҳое, ки ба тамғакоғази шишачаҳои шир (ширдӯшӣ), маккаку пистонакҳо дахл доранд
Истеҳсолкунанда ё паҳнкунанда ҳуқуқ надорад шишачаҳои шир (ширдӯшӣ), маккаку пистонакҳоро ба таври яклухт ё чакана фурӯшад, агар дар борҷома ё тамғақоғази он маълумоти зерин ба забони давлатӣ возеҳу равшан сабт нашуда бошад:
- афзалият ва фоиданокии шири модар барои саломатии кӯдак;
- зарурати риояи қатъии дастури шустан ва тамйиз кардан, ки бояд бо навиштаҷот ва суратҳо ифода ёфта бошанд;
- муддати дароз истифодабарии маккаку пистонакҳо, истеъмоли ғизои моеи ширин, аз ҷумла ғизои омехта, ки боиси пӯсидани дандони кӯдак мегардад;
- суроғаи ҳуқуқии истеҳсолкунанда ё паҳнкунанда.
Моддаи 100. Маводи иттилоотӣ ва маърифатӣ дар бораи ғизодиҳии табиӣ (синамаконӣ)
Маводи иттилоотӣ ё маърифатӣ (хаттӣ, сабтӣ ё аёнӣ) марбут ба ғизодиҳии табиии кӯдакон бояд:
- ғизодиҳии табиӣ (синамаконӣ), фоида ва эҳтимоли зиёни онро ҳангоми иваз намудан бо ивазкунандагони шири модар тарғиб намояд;
- танҳо иттилооти дурустро фаро гирифта, дар он ягон тасвир ё матне, ки аз шишачаҳои шир (ширдӯшӣ) ғизо доданро ташвиқ менамояд ё монеаи ғизодиҳии табиии кӯдак мегардад, истифода нашуда бошад;
- ба забони давлатӣ баён гардида бошад;
- таассурот ё тасаввуротеро, ки ғизои таъйинотӣ баробари шири модар ё монанди он аст ва ё хубтар аз он, ё беҳтар аз ғизодиҳии табиӣ аст, ба миён наоварад;
- дорои ном ё тамғаи (нишонаи) ягон ғизои таъйинотӣ ё ягон истеҳсолкунанда ё паҳнкунандаи ғизои таъйинотӣ набошад;
- аҳамияту манфиат, арзиш ва бартарияту афзалияти ғизодиҳии табииро хусусан дар давоми шаш моҳи аввал ва минбаъд то ду сол ё бештар аз ин возеҳу равшан фаҳмонад.
Моддаи 101. Маводи иттилоотӣ ва маърифатӣ доир ба ғизои омехтаи кӯдакон, ғизои омехта барои кӯдакони ширмаки аз яксола калон ва дар бораи шишачаҳои шир (ширдӯшӣ)
Маводи иттилоотӣ ва маърифатӣ оид ба ғизои омехтаи кӯдакон, ғизои омехта барои кӯдакони ширмаки аз яксола калон ё ғизо ё моеи дигар барои аз шишачаҳои шир (ширдӯшӣ) маконидани кӯдак бояд маълумоти зеринро бо забони давлатӣ дошта бошанд:
- дар бораи дуруст пухтан ва истифода кардани ғизо, аз ҷумла шустушӯ ва тамйиз намудани зарф ва макак, аз пиёла хӯронидани кӯдакони ширмак;
- дар бораи аҳамияти тахминан аз шашмоҳагӣ ба кӯдак додани ғизои иловагӣ, чӣ тавр ва чаро аз шишаи шир (ширдӯшӣ) маконидани кӯдак ё худ барвақт ба кӯдак додани ғизои иловагӣ ба ғизодиҳии табиии ӯ таъсири манфӣ мерасонад, дар бораи ба саломатии кӯдак хатар доштани маконидани ӯ аз шишачаи шир (ширдӯшӣ) ва нодуруст пухтани ғизо.
Моддаи 102. Маҳдудиятҳо дар фаъолияти кормандони тиб, ки ба ҳифзи солимии модару кӯдак машғуланд
Ба кормандони тиб, ки дар соҳаи ҳифзи солимии модару кӯдак фаъолият мекунанд, иҷрои амалҳои зерин манъ аст:
- гирифтани туҳфаҳо, пардохту ҳадя дар ҳар гуна шакл аз истеҳсолкунанда ё аз паҳнкунандаи ғизои таъйинотӣ ё аз шахси дигаре, ки аз номи онҳо фаъолият мекунад;
- гирифтани намунаи ғизоҳои таъйинотӣ ё тақсими онҳо ба ягон шахс, инчунин намоиш додани истифодаи ғизои омехтаи кӯдакон ба ягон шахс (ба истиснои баъзе модарон ё аъзои оилаи онҳо дар ҳолатҳои истисно ва ҳангоме, ки зарур аст ва дар ин ҳолат низ ҳатман дар хусуси хатари истифодаи ғизои омехтаи кӯдакон бояд равшану фаҳмо тавзеҳ дода шавад).
БОБИ 16. ҲИФЗИ СОЛИМИИ ҶАМЪИЯТӢ
Моддаи 103. Мақсад ва намудҳои пешгирии бемориҳо
1. Мақсади пешгирии бемориҳо ин огоҳкунии пайдоиш ё авҷгирии бемориҳо, инчунин оқибатҳо ва зиёни мушкилоти онҳо мебошад.
2. Пешгирии бемориҳо ба аввалиндараҷа, дуюминдараҷа ва сеюминдараҷа тақсим мешаванд.
3. Пешгирии аввалиндараҷаи бемориҳо (оммавӣ ва фардӣ) барои ташкили шароити мусоиди зиндагӣ бо мақсади огоҳкунии пайдоиши бемориҳо равона карда шудааст.
4. Пешгирии дуюминдараҷаи бемориҳо барои огоҳкунии бемориҳо дар ҳолатҳои аввали авҷгирӣ ва оқибатҳои онҳо равона карда шудааст.
5. Пешгирии сеюминдараҷаи бемориҳо барои назорати оқибатҳои аллакай пайдошуда, узвҳо ва бофтаҳои зарардида равона карда шудааст.
Моддаи 104. Ташаккули тарзи ҳаёти солим
1. Ташаккули тарзи ҳаёти солим тарғиби ҳаёти солим, ғизои солим ва пешгирии бемориҳоро тариқи таъмини маълумот, таълими гигиенӣ, омӯзиши аҳолӣ дар масъалаҳои устувор намудани саломатӣ ва пешгирии бемориҳое, ки ба ҳаёти солим алоқамандӣ доранд, дар бар мегирад.
2. Ташаккули тарзи ҳаёти солим дар таъмини ҳамоҳангсозӣ ва дастурҳои методии роҳбарикунандаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ якҷоя бо дигар мақомоти давлатӣ бо тартиби муқарраргардида бо иштироки ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ таъмин карда мешавад.
Моддаи 105. Муоинаҳои тиббӣ
1. Бо мақсади ҳифзи саломатӣ, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, бемориҳои ғайрисироятии оммавӣ, бемориҳои касбӣ ва ҳодисаҳои нохуш, соҳибкорони инфиродӣ, кормандони корхонаву ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, ки ягон фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти истеҳсолиро анҷом медиҳанд, бояд пеш аз дохилшавӣ ба кор аз муоинаҳои тиббӣ гузаранд.
2. Муоинаҳои тиббӣ метавонанд ҳатмӣ ва пешгирикунанда бошанд.
3. Муоинаҳои тиббии ҳатмӣ ба қаблӣ ва давравӣ тақсим мешаванд.
4. Муоинаҳои тиббии ҳатмии қаблӣ аз ҳисоби шаҳрвандон ҳангоми ба кор қабул шудан бо мақсади ба кор ё ба хондан лоиқ будан, инчунин пешгирии бемориҳои касбӣ ва умумӣ, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва паразитарӣ гузаронида мешаванд.
5. Муоинаҳои тиббии ҳатмии давравӣ аз ҳисоби маблағҳои корфармо бо мақсади мушоҳидаи вазъи саломатии кормандон, сари вақт муайян намудани нишонаҳои аввали беморӣ, пешгирии бемориҳои касбӣ ва паҳн нагаштани бемориҳои сироятӣ ва паразитарӣ гузаронида мешаванд.
6. Номгӯи омилҳои зараровари истеҳсолӣ ва касбҳое, ки гузаронидани муоинаҳои тиббии ҳатмиро талаб менамояд ва тартиби онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
7. Муоинаҳои тиббии пешгирикунанда оммавӣ ва интихобӣ мешаванд.
8. Муоинаҳои тиббии пешгирикунандаи оммавӣ бо таври пурра дар гурӯҳҳои мақсадноки аҳолӣ оид ба муайян намудани беморӣ дар зинаҳои саршавӣ ва пешгирии онҳо, омилҳои хатарнок, ки боиси ба вуқӯъ омадани беморӣ мегарданд, бо мақсади таҳкими саломатии аҳолӣ гузаронида мешаванд.
9. Муоинаҳои тиббии интихобӣ бо мақсади назорати амалисозии танзими чорабиниҳои табобати беморӣ ва барқарорсозии саломатии шаҳрвандони гирифтори бемориҳои алоҳида ё ба гурӯҳҳои хатарнок мансуббуда гузаронида мешаванд.
10. Тартиби гузаронидани муоинаи тиббии пешгирикунандаи гурӯҳҳои шахсони мақсаднокро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян менамояд.
11. Соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ бояд шахсонеро, ки аз муоинаи тиббии қаблӣ ё мавсимӣ нагузаштаанд, ё ин ки бинобар сабаби вазъи саломатӣ ба кор лоиқ нестанд, ба кор қабул накунанд.
12. Тартиби додан, ҳисобот ва бурдани дафтарчаҳои шахсии тиббиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян менамояд.
13. Сари вақт гузаронидан ва гузаштани муоинаҳои тиббии ҳатмӣ ва пешгирикунанда аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ назорат карда мешавад.
Моддаи 106. Эмкуниҳои пешгирикунанда, нақшавӣ ва ҳатмӣ
1. Эмкунии пешгирикунандаи шаҳрвандон бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ анҷом дода мешавад. Номгӯи бемориҳо, ки алайҳи онҳо эмкуниҳои пешгирикунанда сурат мегирад, тартиб, муҳлати гузаронидан ва гурӯҳҳои аҳолии эмшавандаро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян менамояд.
2. Шахсони воқеии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта, уҳдадоранд, ки мувофиқи Тақвими миллии эмкунӣ бар зидди бемориҳои сироятӣ, эмкунии пешгирикунандаро ба таври ройгон гиранд.
3. Талабот, нишондод, муҳлати гузаронидан, гурӯҳи аҳолӣ ва номгӯи бемориҳое, ки бар зидди онҳо эмкунии пешгирикунандаи нақшавӣ ва ё дар асоси нишондодҳои эпидемиявӣ гузаронида мешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
4. Эмкуниҳои пешгирикунандае, ки ба Тақвими миллии эмкунӣ дохил нашудаанд ва нишондодҳои эпидемиявӣ надоранд, ба шаҳрвандон, бо ташаббуси онҳо ва бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҳисоби онҳо гузаронида мешавад.
5. Назорати нигоҳ доштан, интиқол ва истифодаи воситаҳои пешгирикунанда, иммунобиологӣ, ташхисӣ ва безараркунандаро мақомоти ваколатдори давлатии назоратӣ таъмин менамояд.
6. Эм накардан боиси оқибатҳои зерин мегардад:
- сафари шаҳрвандон ба мамлакатҳое, ки бинобар будубошашон дар он ҷо мутобиқи қоидаҳои байналмилалии тиббию санитарӣ ё шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон эмкунии мушаххас шарт аст, манъ карда мешавад;
- ҳангоми хурӯҷи оммавии бемориҳои сироятӣ ё пешомади хатари эпидемия, шаҳрвандон ба муассисаҳои таълимӣ ва табобатӣ муваққатан қабул карда намешаванд;
- шаҳрвандон ба корҳое, ки иҷрояшон бо хатари зиёди мубталои бемориҳои сироятӣ алоқаманд аст, қабул намегарданд ё аз чунин корҳо дур карда мешаванд.
7. Номгӯи корҳоеро, ки иҷрояшон бо хатари зиёди мубталои бемориҳои сироятӣ шудан алоқаманд аст ва эмкунии ҳатмиро талаб мекунад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
8. Ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолати номатлуби баъдиэмкунӣ экспертизаи корношоямии шаҳрванд тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Алоқамандии беморӣ, маъюбӣ ва фавт бо эмкунӣ бо назардошти хулосаи шӯрои экспертӣ оид ба эмкунии назди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар карда мешавад.
Моддаи 107. Пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, паразитарӣ ва ғайрисироятии оммавӣ
1. Бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, паразитарӣ ва ғайрисироятии оммавӣ, сари вақт ва дар ҳаҷми пурра гузаронидани чорабиниҳои зарурии ташкилӣ, муҳандисию техникӣ, табобатию пешгирикунанда, санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла чорабиниҳо оид ба анҷом додани ҳифзи санитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷорӣ кардани карантин, анҷом додани назорати истеҳсолӣ, чораҳо нисбат ба шахсони гирифтори бемориҳои сироятӣ, доир намудани муоинаҳои тиббӣ, эмкуниҳои пешгирикунанда, тарбия ва таълими гигиении шаҳрвандон анҷом дода мешавад.
2. Шахсоне, ки ба бемориҳои давомноки сироятӣ, паразитарӣ гирифторанд ва ҳомилони доимии барангезандагони бемориҳои сироятианд ва барои атрофиён хатарноканд, дар асоси қарори сартабиби давлатии санитарӣ ва муовинони он (дар сатҳи ҷумҳурӣ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо) муваққатан аз фаъолият барканор карда ва ё ба кори дигаре, ки ба атрофиён хатар надоранд, гузаронида мешаванд.
Моддаи 108. Пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ, касбӣ ва осеббардорӣ
Пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ, касбӣ ва осеббардорӣ чорабиниҳои зеринро дар бар мегирад:
- пешгирии омилҳои хатарноки бемориҳо ва баланд бардоштани савияи дониши аҳолӣ;
- пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва осеббардории кормандон;
- таҳқиқ ва бақайдгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемории касбӣ;
- суғурташавии ҳатмии кормандон аз ҳодисаҳои нохуш ва аз бемориҳои касбӣ;
- тарғиби ҳаёти солим ва ғизои солим;
- фаҳмондадиҳии аҳолӣ тавассути воситаҳои ахбори омма доир ба пешгирии бемориҳо;
- ташкил намудани мактабҳои саломатӣ барои омӯзиши шахсоне, ки аз бемориҳои музмини ғайрисироятӣ азият мекашанд;
- муваққатан гузаронидан ба кори сабук вобаста ба вазъи саломатӣ ба муҳлати дар хулосаи тиббӣ қайдшуда;
- пешгирии осеббардорӣ дар сатҳи байнисоҳавии мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар доираи ваколатҳои онҳо;
- назорати доимӣ ва сари вақт солимгардонии шахсони ба бемориҳои музмин, аз он ҷумла касбӣ гирифторшуда;
- гузаронидани муоинаҳои тиббӣ;
- мониторинги омилҳои хатарноки бемориҳо дар байни аҳолии вобасташуда дар ҳудуд аз тарафи мутахассисони кумаки тиббию санитарӣ, бемориҳои касбии кормандон – мутахассисони идораҳои давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ;
- ҳадди ақал кам намудани омилҳои хатарноки истеҳсолӣ аз тарафи идораҳои давлатӣ дар доираи ваколатҳо, инчунин дигар идора ва ташкилотҳо, соҳибкорони инфиродӣ;
- ошкор намудани беморони гирифтори бемории музмини ғайрисироятӣ, аз ҷумла беморони касбӣ бо роҳҳои гузаронидани аҳолӣ аз муоинаҳои тиббӣ, ҳавасмандкунии муроҷиати барвақтӣ.
Моддаи 109. Чорабиниҳои махсуси пешгирии бемориҳое, ки барои атрофиён хатарноканд
1. Мақомот ва ташкилотҳои соҳаи тандурустӣ, инчунин кормандони тиб чорабиниҳои махсуси пешгирӣ ва ошкорсозии бемориҳоеро, ки барои атрофиён хатарноканд (бемориҳои сил, рӯҳӣ ва ҷинсӣ, ҷузом, бемории пайдошудаи норасоии масунияти бадан, карантинӣ ва дигар бемориҳои сироятӣ) амалӣ менамоянд.
2. Тартиби амалӣ намудани чорабиниҳои махсуси пешгирии бемориҳое, ки барои атрофиён хатарноканд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар карда мешавад.
БОБИ 17. ТАЪМИНИ АМНИЯТИ САНИТАРИЮ ЭПИДЕМИОЛОГӢ
Моддаи 110. Таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ
Амнияти санитарию эпидемиологӣ ба таври зайл таъмин мегардад:
- пешгирии бемориҳо мувофиқи вазъияти санитарию эпидемиологӣ ва пешгӯии тағйирёбии он;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ, миллӣ ва минтақавии таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ ва таҳкими саломатии аҳолӣ, пешгирии бемориҳо ва солимгардонии муҳити зисти инсон ва шароити фаъолияти ӯ;
- иҷрои чорабиниҳои санитарию эпидемиологӣ ва риояи ҳатмии қоидаҳои санитарӣ ҳамчун қисми таркибии фаъолияти аз ҷониби ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалигардида;
- ташкил кардани ҳавасмандии иқтисодии шаҳрвандон, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҷиҳати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, таъмини чорабиниҳо ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо барои риоя накардани қоидаҳои санитарӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ;
- бамеъёрдарории давлатии санитарию эпидемиологӣ;
- назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, назорати истеҳсолию ҷамъиятӣ;
- сертификатсияи мол, кор ва хизматрасоние, ки ба ҳаёт ва саломатии инсон хавфи имконпазир дорад;
- пешниҳоди хулосаҳои санитарию эпидемиологӣ ба он намудҳои фаъолияте, ки ба ҳаёту саломатии инсон ва вазъи муҳити зист хавфи имконпазир дорад;
- бақайдгирии давлатии навъҳои алоҳидаи мавод ва моле, ки ба саломатии инсон таъсири зараровар мерасонанд;
- гузаронидани мониторинги санитарию эпидемиологӣ;
- чорабиниҳо ҷиҳати сари вақт огоҳонидани аҳолӣ оид ба рух додани бемориҳои сироятӣ, паразитарӣ ва ғайрисироятии оммавӣ, ҳолати муҳити зист ва чорабиниҳои пешгирикунандаи гузаронидашаванда;
- чорабиниҳо оид ба таълиму тарбияи гигиении аҳолӣ, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим.
Моддаи 111. Бамеъёрдарории давлатии санитарию эпидемиологӣ
1. Бамеъёрдарории давлатии санитарию эпидемиологӣ инҳоро дар бар мегирад:
- таҳия, экспертиза, тасдиқкунӣ ва нашри ҳуҷҷатҳои бамеъёрдарории санитарию эпидемиологӣ;
- ташкил ва дохил намудани маълумоти ягона оид ба меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ;
- мутобиқ намудани ҳуҷҷатҳои бамеъёрдарории санитарию эпидемиологӣ бо талаботи байналмилалии умумии қабулшуда.
2. Қоидаҳои санитарӣ, меъёрҳои гигиенӣ, дастурамалҳо, дастурҳо ва нишондодҳои методӣ, фармоишҳо, регламентҳои техникӣ, қоида ва стандартҳо ҳуҷҷатҳои меъёрии низоми давлатии санитарию эпидемиологӣ ба ҳисоб мераванд.
3. Таҳия, тасдиқ ва бақайдгирии ҳуҷҷатҳои меъёрии низоми давлатии санитарию эпидемиологӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 112. Талаботи санитарию эпидемиологӣ
Талаботи санитарию эпидемиологӣ оид ба ҳолатҳои зерин муқаррар карда мешавад:
- нигоҳдорӣ ва ба истифода додани иншооти истеҳсолӣ, ҷамъиятӣ, дастгоҳ, таҷҳизот ва воситаҳои нақлиёт;
- интихоби қитъаи замин барои сохтмон;
- лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид, таъмир, нигоҳдорӣ ва ба истифода додани иншооти истеҳсолӣ, ҷамъиятӣ ва таҷҳизот;
- молҳои таъйиноти истеҳсолию техникӣ;
- маҳсулот ва маводи ғизоӣ, шароити истеҳсолии онҳо, борпечкунӣ, интиқол, нигоҳдорӣ, фурӯш, несту нобудсозӣ;
- муассисаҳои ислоҳӣ, маориф ва илм, табобатию пешгирӣ, кӯдакона, ғизои парҳезӣ ва ҷамъиятии аҳолӣ;
- истифодабарии маводи кимиёвӣ, биологӣ ва навъҳои алоҳидаи молҳои барои инсон эҳтимолан хатарнок;
- таъмини оби нӯшокию таъйиноти хоҷагӣ ва ҷойҳои маданию маишии истифодаи об;
- ҳавои атмосфера дар нуқтаҳои аҳолинишин, дар ҳудуди корхонаҳои саноатӣ, ҳаво дар биноҳои истеҳсолӣ, манзил ва дигар объектҳо;
- ҷамъоварӣ, истифодабарӣ, истеъмол, безараргардонӣ, интиқол, нигоҳдорӣ ва гӯронидани партовҳои истеҳсолӣ;
- шароити кор бо манбаъҳои омилҳои физикӣ, ки ба инсон таъсир мерасонанд;
- шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, ибтидоӣ, асосӣ, миёна ва олии касбӣ;
- таълим ва тарбияи гигиении аҳолӣ;
- коркард, озмоиш, тайёркунӣ, истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, истифода, хизматрасонӣ ва таъсири маводи дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизатсионӣ;
- шароити гузаронидани тамйизкунӣ ва дезинфексияи маснуоти таъйиноти тиббӣ;
- ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои санитарию зиддиэпидемикӣ дар самти ҳифзи санитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷорӣ намудани карантин, аз ҷумла маҳдудият нисбат ба беморони гирифтори бемориҳои сироятӣ ва паразитарӣ, оид ба гузаронидани муоинаҳои тиббӣ, эмкунии пешгирикунандаи аҳолӣ;
- обҳои корезӣ, равшаннокӣ, ҳавоивазкунӣ ва гармидиҳии объектҳо;
- шароити интиқол ва нигоҳдории бағоҷҳо, маводи заҳрнок;
- воситаҳои нақлиётӣ ва шароити кашонидани мусофирон;
- истифода ва истеъмоли иловагиҳои фаъоли биологӣ ба ғизо.
Моддаи 113. Бақайдгирӣ ва таҳқиқи ҳолатҳои бемориҳои сироятӣ ва паразитарӣ, бемориҳои касбӣ, осеббинӣ ва заҳролудшавӣ
1. Ҳамаи ҳолатҳои бемориҳои сироятӣ ва паразитарӣ, бемориҳои касбӣ, осеббинӣ ва заҳролудшавии дарёфтшуда дар муассисаҳои табобатию пешгирӣ ба қайд гирифта шуда, ба ҳисобгирии давлатӣ, ҳисоботи мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои хадамоти давлатии санитарию эпидемиологӣ дохил карда мешаванд. Тартиби бақайдгирӣ, ҷорӣ намудани ҳисоботи ҳолатҳои бемориҳои нишондодашуда, осеббинӣ ва заҳролудшавӣ, инчунин тартиби ҷорӣ намудани ҳисоботи онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян менамояд.
2. Ҳолатҳои бемориҳои сироятӣ, паразитарӣ, касбӣ, осеббинӣ ва заҳролудшавии аҳолӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ таҳқиқ карда мешаванд.
Моддаи 114. Мониторинги санитарию эпидемиологӣ
1. Мониторинги санитарию эпидемиологӣ низоми назоратии давлатӣ буда, вазъияти саломатии аҳолӣ ва муҳити зист, таҳлили онҳо, арзёбӣ ва пешбинӣ, инчунин сабабу оқибатҳои алоқамандии вазъи саломатии аҳолиро бо таъсири омилҳои муҳити зист муайян менамояд.
2. Мониторинги санитарию эпидемиологӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои санитарию эпидемиологӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 115. Муҳофизати санитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муҳофизати санитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии ворид намудан ва паҳн кардани бемориҳои сироятӣ, инчунин пешгирӣ намудани воридоти мол, маводҳои кимиёвӣ, биологӣ ва партовҳои радиоактивӣ, ки барои аҳолӣ хатарнок мебошанд, амалӣ карда мешавад.
2. Номгӯи бемориҳои сироятӣ, ки гузаронидани чорабиниҳоро оид ба ҳифзи санитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо менамоянд, аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ муайян карда мешавад.
3. Муҳофизати санитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби нуқтаҳои санитарию карантинии мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
4. Шартҳои гузаронидани чорабиниҳо оид ба анҷом додани муҳофизати санитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи меъёр ва қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
5. Тартиби кори нуқтаҳои санитарию карантиниро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 116. Ҷорӣ намудани карантин ҳангоми пайдошавии эпидемияи бемориҳои сироятӣ
1. Дар ҳолати таҳдиди воридшавӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ бо амри Сартабиби давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳудудҳои муайян карантин ҷорӣ карда мешавад.
2. Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳолати ҷорӣ намудани карантин ба зиммаи комиссияи давлатии байниидоравӣ ва зиддиэпидемикии ҳудудӣ оид ба пешгирӣ, маҳдуд ва нест кардани эпидемия ва заҳролудшавии оммавии аҳолӣ, ки бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, гузаронида мешавад.
3. Карантин дар иншооти алоҳида бо қарори Сартабиби давлатии санитарӣ ҷорӣ карда мешавад.
Моддаи 117. Чорабиниҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизатсионӣ
1. Бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва паразитарӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд, ба истиснои шахсони имтиёздор, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, аз ҳисоби худ вобаста ба нишондиҳандаҳои эпидемиологӣ ва дастурҳои мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ чорабиниҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизатсионӣ гузаронанд.
2. Ҳангоми пайдоиши ҳолатҳои фавқулодаи эпидемикӣ бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи пешниҳоди мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ чорабиниҳои ғайринавбатии ҳатмии дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизатсионӣ гузаронида мешавад.
3. Дезинфексияи макон аз ҷониби ташкилотҳои тиббӣ, инчунин шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва марказҳои дезинфексионии профилактикӣ гузаронида мешавад.
Моддаи 118. Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
Таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи ҳаёту саломатии инсон, манфиатҳои истеъмолкунандагон, олами набототу ҳайвонот ва муҳити зист тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» амалӣ карда мешавад.
Моддаи 119. Бақайдгирии давлатии навъҳои алоҳидаи мавод ва моле, ки ба инсон таъсири зараровар мерасонанд
1. Навъҳои алоҳидаи мавод ва моле, ки ба инсон таъсири зараровар доранд, бояд дар мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба қайди давлатӣ гирифта шаванд, ки ба онҳо дохил мешаванд:
- маводи мавҷуда ва бори аввал дар истеҳсолот ҷоришаванда ва қаблан истифоданашуда ва воситаҳои дар асоси онҳо таҳияшаванда, ки барои саломатии аҳолӣ эҳтимолан хатарноканд;
- иловаҳои хӯрокворӣ, рангомезиҳо, мавод ва моли бо об алоқаманд ва дорои маҳсулоти озуқа, ё ин ки бори аввал ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда.
2. Бақайдгирии давлатии навъҳои алоҳидаи мавод ва моле, ки ба инсон таъсири зараровар мерасонанд, тибқи асосҳои зерин гузаронида мешавад:
- арзёбии экспертии навъҳои алоҳидаи мавод ва моли барои инсон ва муҳити зист хатарнок;
- муқаррар намудани меъёрҳои гигиенӣ ва дигар меъёрҳои таркиби мавод ва унсурҳои алоҳидаи маҳсулот;
- таҳияи чорабиниҳои махсус, аз ҷумла шартҳои партов кардан ва нобуд сохтани мавод ва навъҳои алоҳидаи мол, оид ба пешгирии таъсири зараровари онҳо ба аҳолӣ ва муҳити зист.
3. Бақайдгирии давлатии навъҳои алоҳидаи мавод ва моли дар ҳамин модда зикршуда, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ анҷом дода мешавад.
4. Номгӯи мавод ва маҳсулоте, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодабариашон иҷозат дода шудааст, аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологии аҳолӣ дар маҷаллаҳои расмӣ нашр карда мешаванд.
Моддаи 120. Таъмини бехатарии радиатсионӣ
Таъмини бехатарии радиатсионӣ, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки шаҳрвандон, ҳамчунин муҳити зист аз таъсири зараровари афканишоти иондоркунанда алоқаманданд, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» амалӣ карда мешавад.
БОБИ 18. МАВОДИ ДОРУВОРӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ФАРМАТСЕВТӢ
Моддаи 121. Муомилоти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, танзими фаъолияти фарматсевтӣ
Муомилоти маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва танзими фаъолияти фарматсевтӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Кодекси мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд. Муомилоти маводи дорувории нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 122. Фаъолияти ширкатҳои фарматсевтӣ ва намояндагии онҳо
1. Фаъолияти ширкатҳои фарматсевтӣ ва намояндагии онҳо аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии назорати фаъолияти фарматсевтӣ назорат карда мешавад.
2. Ширкатҳои фарматсевтӣ ва намояндагии онҳо ҳуқуқ надоранд:
- бо роҳбарони муассисаву ташкилотҳо ва кормандони соҳаи тандурустӣ доир ба таъйинот ва додани тавсияҳо ба беморон оид ба дорувории ширкатҳои дахлдор шартнома банданд ё ҳамкорӣ намоянд;
- барои беҳтар ба роҳ мондани фурӯши маводи дорувории ширкатҳое, ки дар онҳо кор мекунанд, ё худ истеҳсолкунандаи онҳо мебошанд ва ё ширкатҳое, ки ҳуқуқи истифодабарии номҳои тиҷоратии маводи дорувориро доранд, туҳфа ва маблағҳои пулӣ пешниҳод намоянд;
- бе розигии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ конфренсияҳо, семинарҳо ё машваратҳо гузаронанд, маълумотро доир ба маводи дорувории ширкатҳое, ки дар онҳо кор мекунанд, диҳанд;
- намунаҳои маводи доруворӣ ва молҳои тиббии худро ба роҳбарон ва ё кормандони ташкилотҳои тиббӣ пешниҳод намоянд;
- барои маводи доруворӣ ва молҳои тиббии дахлдор иттилооти нопурра ё бардурӯғ пешниҳод ва ё маълумотро нисбат ба онҳо рӯйпуш намоянд.
Моддаи 123. Таҳлили этикии маводи доруворӣ
1. Таҳлили этикии маводи доруворӣ бо мақсади риоя намудани этикаи гузаронидани озмоишҳои клиникии доруворӣ аз ҷониби Шӯрои этикӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад.
2. Низомнома ва ҳайати Шӯрои этикиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ таҳия ва тасдиқ менамояд.
БОБИ 19. ДОНОРИИ ХУН ВА ҶУЗЪҲОИ ОН
Моддаи 124. Фаъолияти донорони хун
1. Ҳар шаҳрванди қобили амали аз 18 то 65 сола, ки ҳангоми аз муоинаи тиббӣ гузаштан гирифторшавиаш ба бемориҳои зидди нишондоди донорӣ ошкор нашудааст, донори хун шуда метавонад.
2. Донорони хун шахсоне дониста шуда метавонанд, ки ҳадди ақал ҳар сол як ё ду маротиба хун месупоранд. Дар ҳолатҳои зарурӣ тибқи дастури муассисаҳои дахлдор, бо розигии онҳо ин амал такрор карда мешавад. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи донори хун аз ҷониби муассисаҳои давлатие дода мешавад, ки ба тайёр кардан, коркард, нигоҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои он машғуланд.
3. Хун ва ҷузъҳои он, ки бо мақсади табобатӣ истифода мешавад, танҳо аз инсон гирифта мешаванд.
4. Гирифтани хуни донорӣ ва ҷузъҳои он дар ҳолате мумкин аст, ки ба саломатии донори хун зиён расонида нашавад.
Моддаи 125. Гурӯҳҳои донорони хун
Гурӯҳҳои зерини донорони хун мавҷуданд:
- донорони фаъоли хун;
- донорони эҳтиётии хун;
- донорони қарордодии хун.
Моддаи 126. Ташкили ҳаракати донорӣ
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилотҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсисиашон мусоидат намудан ба масъалаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ пешбинӣ шудааст, якҷоя дар ташкили ҳаракати донорӣ, тарғиби хундиҳии ройгон ихтиёрӣ дар байни аҳолӣ бо мақсади табобатӣ, иштирок ва мусоидат мекунанд.
2. Маблағгузории чорабиниҳо вобаста ба ташкил, рушд ва тарғиби донории оммавии хун, аз ҷумла моҳияти иҷтимоии он дар доираи маблағгузориҳои соҳаи тандурустӣ, ки дар буҷети давлатӣ пешбинӣ шудаанд, инчунин аз ҳисоби кумакҳои эҳсонкории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 127. Уҳдадориҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба рушди донории хун ва ҷузъҳои он
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи ваколатҳои худ иҷрои барномаҳои давлатии рушди донории хун ва ҷузъҳои он, маблағгузорӣ ва таъмини заминаи моддиву техникии ташкилотҳои тандурустиро, ки ба тайёр кардан, коркард, нигоҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои он машғуланд, истифодаи имтиёзҳои муқарраршударо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донори хун таъмин менамоянд.
Моддаи 128. Уҳдадориҳои маъмурияти корхона ва ташкилотҳо оид ба мусоидати донории хун ва ҷузъҳои он
Роҳбарони корхона ва ташкилотҳо уҳдадоранд:
- барои ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафи донорони хун мусоидат намоянд;
- кормандонеро, ки донори хун мебошанд, дар рӯзи муоина ва супоридани хун ва ҷузъҳои он ба ташкилотҳои тандурустӣ бемамониат ҷавоб диҳанд;
- биноҳои заруриро барои гирифтани хун ройгон ҷудо намоянд;
- ба корманде, ки донори хун мебошад, чораҳои дастгирии иҷтимоиро тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд.
Моддаи 129. Ҳимояи ҳуқуқи донорони хун аз тарафи давлат
1. Давлат ҳифзи ҳуқуқ ва саломатии донорони хун, инчунин андешидани чорабиниҳои дастгирии иҷтимоии онҳоро кафолат медиҳад.
2. Шахсони мансабдори ташкилотҳои тандурустӣ уҳдадоранд ба донорони хун дар бораи уҳдадориҳои донорӣ ва кафолатҳои саломатии онҳо ҳангоми супоридани хун ва ҷузъҳои он маълумот диҳанд.
3. Донорони хун аз ҳисоби маблағи ташкилотҳое, ки тайёр кардан, коркард, нигаҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои онро анҷом медиҳанд, ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои донорӣ барои ҳодисаи осеби бемориҳои сироятӣ суғуртаи ҳатмӣ карда мешаванд.
4. Муоинаи тиббии донорони хун пеш аз додани хун ва ҷузъҳои он, инчунин додани маълумотнома дар бораи вазъи саломатии онҳо ройгон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 130. Чорабиниҳои дастгирии иҷтимоии донорони хун
1. Донорони хун дар рӯзи супоридани хун аз ҳисоби маблағҳои буҷети дахлдор бо хӯроки ройгон таъмин карда мешаванд. Донорони хун ҳуқуқ доранд пас аз супоридани хун бар ивази ғизо ба андозаи муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ҷубронпулӣ гиранд.
2. Дар рӯзи супоридани хун, ҷузъҳои он ва муоинаи тиббӣ кормандоне, ки донори хун мебошанд, аз ҷониби корхонаву муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо бо нигоҳдории маблағи миёнаи музди меҳнат ҷавоб дода мешаванд.
3. Ҳангоми супоридани хун ва ҷузъҳои он дар давраи рухсатии меҳнатӣ, рӯзҳои истироҳат ва рӯзҳои ид ба донори хун мувофиқи хоҳиши ӯ рӯзи дигари иловагии истироҳат пешниҳод карда мешавад.
4. Ба донороне, ки дар давоми сол хун ва ҷузъҳои онро ба андозаи ду вояи ниҳоӣ (800 – 1000 мл.) ройгон супоридаанд, имтиёзҳои иловагии зерин пешниҳод мегарданд:
- кумакпулии корношоямии муваққатӣ ҳангоми беморӣ ба андозаи пурраи музди меҳнат, новобаста аз собиқаи корӣ дар давоми сол;
- аз ҷои кор ва ё таҳсил таъмин кардан бо роҳхатҳои имтиёзнок барои табобати истироҳатгоҳию курортии бенавбат дар давоми сол.
Моддаи 131. Чораҳои дастгирии иҷтимоии шахсоне, ки бо унвони фахрии Донори ифтихории Тоҷикистон мукофотонида шудаанд
1. Шахсоне, ки мувофиқи Кодекси мазкур, новобаста аз собиқаи донорӣ мардон на камтар аз 20 литр ва занон на камтар аз 15 литр хун ва ё плазма супоридаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои гирифтани унвони фахрии Донори ифтихории Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
2. Шаҳрвандоне, ки бо унвони фахрии Донори ифтихории Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд, ҳуқуқҳои зеринро доранд:
- табобати бенавбат дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ;
- тайёр кардан ва таъмири ройгони дандонҳои ориятӣ (ғайр аз металҳои қиматбаҳо) дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ;
- хариди имтиёзноки доруворӣ аз мақомоти давлатӣ (бо 50 фоиз арзиши онҳо) бо дорухати муассисаҳои давлатии тандурустӣ;
- аз ҷои кор ва ё таҳсил гирифтани роҳхатҳои имтиёзноки табобатии истироҳатгоҳиву курортӣ;
- гирифтани рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда дар вақти барои онҳо мувофиқ.
Моддаи 132. Уҳдадориҳои донорони хун
1. Шаҳрванде, ки розигии худро барои донори хун шудан додааст, уҳдадор аст, вобаста ба бемориҳои аз сар гузаронидааш ва бемориҳои доштааш, инчунин истеъмоли воситаҳои нашъадор маълумот диҳад.
2. Шаҳрванд барои дидаю дониста пинҳон ва ё нодуруст пешниҳод кардани маълумот нисбат ба ҳолати саломатиаш, агар чунин амал ба саломатии шахсе, ки ба ӯ хун мегузаронанд, таъсири ҷиддӣ расонида бошад ва ё расонида тавонад, ҷавобгар мебошад.
Моддаи 133. Ташкилотҳои тандурустие, ки бо тайёр кардан, коркард, нигаҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои он машғуланд
1. Тайёр кардан, коркард, нигаҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои онро ташкилотҳои тандурустии давлатӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсисиашон ин намуди фаъолият ба сифати фаъолияти асосӣ нишон дода шудааст, анҷом медиҳанд.
2. Дар ташкилотҳои тандурустии давлатӣ бо мақсади тайёр кардан, коркард, нигаҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои он, шуъбаҳои хунгузаронӣ таъсис додан мумкин аст.
3. Талабот нисбат ба ташкилотҳои тандурустӣ (воҳидҳои зерсохторӣ), ки ба тайёр кардан, коркард, нигаҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои он машғуланд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ карда мешавад.
4. Тартиби тайёр кардан, коркард, нигаҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои он, инчунин назорати сифати хуни донорӣ ва ҷузъҳои он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ карда мешавад.
5. Ҳангоми ҳолатҳои фавқулода – садамаҳо, офатҳои табиӣ, фалокатҳо, эпидемияҳо ва дигар ҳодисаҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯомада, ташкили донории хун ва ҷузъҳои он бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 134. Тартиби иваз намудани хуни донорӣ ва ҷузъҳои он, доруворӣ аз хуни донорӣ ва баровардани онҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Тартиби иваз намудани хуни донорӣ ва ҷузъҳои он, доруворӣ аз хуни донорӣ, ки бо иштироки ташкилотҳои тиббии хориҷӣ сурат мегирад, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян карда мешавад.
2. Аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани хуни донорӣ ва ҷузъҳои он, доруворӣ аз хуни донорӣ, танҳо дар ҳолатҳои расонидани кумаки таъҷилии башардӯстона ва ҳолатҳои фавқулода бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
3. Фурӯхтани хуни донорӣ ва ҷузъҳои он, дорувории аз хуни донорӣ тайёркардашуда бо мақсади ба даст овардани фоидаи молиявӣ, инчунин ба дигар давлатҳо манъ аст.
БОБИ 20. ПАЙВАНДСОЗИИ УЗВ ВА (Ё) БОФТАҲОИ ИНСОН
Моддаи 135. Шароит ва тартиби пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон
1. Пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон аз донори зинда ё майит танҳо дар ҳолате истифода карда мешавад, ки агар воситаҳои тиббии дигар нигаҳдории ҳаёти ретсипиент ё худ барқарорсозии саломатии ӯро кафолат дода натавонанд.
2. Гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо аз донори зинда танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки агар мувофиқи хулосаи гурӯҳи машваратии табибони дахлдор амали мазкур ба саломатии ӯ зарари ҷиддӣ нарасонад.
3. Пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон танҳо дар асоси розигии донори зинда ва бо розигии ретсипиент анҷом дода мешавад.
4. Гирифтан, тайёр кардан ва пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон танҳо дар ташкилотҳои давлатии тиббӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ иҷозат дода мешавад.
5. Хулосаи тиббӣ оид ба зарурияти пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон аз ҷониби гурӯҳи машваратии табибони ташкилотҳои тандурустии дахлдор, дар ҳайати табибони табобаткунанда, ҷарроҳ, эҳёгар ва ҳангоми зарурат табибони ихтисосҳои дигар дода мешавад.
Моддаи 136. Номгӯи маводи пайвандсозӣ
1. Дил, гурда, ҷигар, шуш, мағзи устухон, дигар узв ё бофтаҳо, ки номгӯи онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян карда мешавад, маводи пайвандсозӣ шуда метавонанд.
2. Узвҳо, қисмати онҳо ва бофтаҳои мутааллиқи раванди таваллуд шудани инсон, аз ҷумла бофтаҳои репродуктивӣ (ҳуҷайра, нутфа, тухмдонҳои мардона ва занона ё ҷанинҳо), инчунин хун ва ҳиссаҳои таркибии он маводи пайвандсозӣ шуда наметавонанд.
Моддаи 137. Маҳдудсозии доираи донорҳои зинда
1. Гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо барои пайвандсозӣ аз донорҳои зиндае, ки ба 18 - солагӣ нарасидаанд (ба истиснои ҳолатҳои кӯчонидани мағзи устухон), ё худ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайри қобили амал эътироф шудаанд, манъ аст.
2. Агар муайян шуда бошад, ки узв ва (ё) бофтаҳо ба шахси гирифтори беморӣ тааллуқ дошта, барои ҳаёт ва саломатии ретсипиент хатар дорад, гирифтани онҳо мумкин нест.
3. Зӯроварӣ нисбат ба донори зинда ҷиҳати гирифтани розигии ӯ барои гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо барои пайвандсозӣ манъ аст.
Моддаи 138. Розигии ретсипиент барои пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон
Пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон бо розигии хаттии ретсипиент анҷом дода мешавад. Дар ин маврид ретсипиент оид ба имконпазирии нуқс барои саломатии ӯ бо сабаби дахолати ҷарроҳии дар пешистода бояд огоҳонида шавад. Агар ретсипиент ба 18 - солагӣ нарасида бошад ё мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайри қобили амал эътироф шуда бошад, пайвандсозии зикршуда бо розигии хаттии падару модар ё намояндаи қонунии ӯ анҷом дода мешавад.
Моддаи 139. Иҷозат барои гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо аз майит
1. Узв ва ё бофтаҳо барои пайвандсозӣ аз майит дар ҳолате гирифта мешаванд, ки агар бо далелҳои бебаҳс ҳолати фавт аз ҷониби гурӯҳи машваратии табибон қайд шуда бошад. Иштироки мутахассисони пайвандсоз ва аъзои гурӯҳ, ки кори хадамоти донориро таъмин менамоянд ва аз ин ҳисоб музд мегиранд, ҳангоми ташхиси марг вобаста ба эҳтимолияти истифодашавии майит ба сифати донор манъ аст.
2. Гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо аз майит бо розигии хешовандони наздик ё намояндаи қонунии ӯ ва иҷозати роҳбари ташкилоти тандурустӣ дар ҳолати риояи талаботи Кодекси мазкур сурат мегирад.
3. Дар сурати пайдо гардидани зарурат, барои гузаронидани экспертизаи судию тиббӣ, иҷозат барои гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо аз майит, инчунин аз ҷониби хадамоти экспертизаи судию тиббӣ дода шуда, дар ин хусус мақомоти прокуратура огоҳонида мешавад.
Моддаи 140. Шароитҳои гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо аз донори зинда барои пайвандсозӣ
1. Гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо аз донори зинда барои пайвандсозӣ танҳо ба манфиати саломатии бемор ва дар ҳолати мавҷуд набудани узв ва (ё) бофтаҳои барои пайвандсозӣ лозими майит ё усули табобати алтернативӣ, ки таъсирнокии он ба таъсири пайвандсозии узв (ё) бофтаҳо қиёспазир мебошад, амалӣ гардонида мешавад.
2. Гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо аз донори зинда барои пайвандсозӣ ба ретсипиент дар ҳолати риояи шартҳои зерин иҷозат дода мешавад, агар:
- донор оид ба нуқси эҳтимолӣ барои саломатии ӯ бо сабаби дахолати ҷарроҳии дар пешистода ҳангоми гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо огоҳонида шуда бошад;
- донор бо хоҳиши худ ва огоҳона ба таври хаттӣ розигиашро барои гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо изҳор намуда бошад;
- донор муоинаи ҳамаҷонибаи тиббиро гузашта, хулосаи гурӯҳи машваратии табибон дар хусуси имкони гирифтани узв ва (ё) бофтаҳои ӯ барои пайвандсозӣ мавҷуд бошад;
- донор аз оқибатҳои розӣ нашудан ба гирифтани узву бофтаҳо барои ретсипиент дар давраи охирини тайёрӣ ба пайванд кардани онҳо огоҳонида шуда бошад.
3. Аз донори зинда гирифтани узвҳо дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки агар ӯ бо ретсипиент ҳамбастагии ирсӣ дошта бошад, ба истиснои ҳолатҳои пайвандсозии мағзи устухон.
Моддаи 141. Ҳуқуқҳои донор
Доноре, ки розигиашро барои пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои худ изҳор намудааст, ҳуқуқ дорад:
- аз муассисаи тандурустӣ маъумоти пурраро оид ба нуқсҳои эҳтимолӣ барои саломатии ӯ бо сабаби дахолати ҷарроҳии дар пешистода ҳангоми гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо талаб намояд;
- табобати ройгон, аз ҷумла маводи дорувориро бо сабаби ҷарроҳӣ аз муассисаҳои тандурустӣ гирад.
Моддаи 142. Маҳдудиятҳо ҳангоми гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо аз донори зинда
Аз донори зинда барои пайвандсозӣ гирифтани танҳо яке аз узвҳои ҷуфт, қисми узв ва (ё) бофта, ки набудани он сабаби халалдоршавии бебозгашти саломатӣ намегардад, мумкин аст.
Моддаи 143. Манъ будани фурӯши узв ва (ё) бофтаҳои инсон
Фурӯши узв ва (ё) бофтаҳои инсон манъ аст.
Моддаи 144. Манъи ошкор намудани маълумот дар бораи донор ва ретсипиент
1. Ба табибон ва кормандони дигари муассисаҳои тандурустӣ ошкор намудани маълумот дар бораи донор ва ретсипиент манъ аст.
2. Шахсони мазкур, инчунин хешовандони ретсипиент барои ошкор намудани чунин маълумот ҷавобгар мебошанд.
БОБИ 21. РАСОНИДАНИ КУМАКИ ТИББӢ БА ГУРӮҲҲОИ АЛОҲИДАИ ШАҲРВАНДОН
Моддаи 145. Расонидани кумаки тиббӣ ба шаҳрвандоне, ки таҳти таъсири шуоъҳои ионизатсияшуда қарор доштанд
1. Расонидани кумаки тиббӣ ба шаҳрвандоне, ки таҳти таъсири шуоъҳои ионизатсияшуда қарор доштанд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
2. Тартиби хунгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии хун ва бофтаҳои шаҳрвандон, ки таҳти таъсири шуоъҳои ионизатсияшуда қарор доштанд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 146. Расонидани кумаки тиббӣ ба шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарар дидаанд
1. Ба шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарар дидаанд, шахсоне мансуб меёбанд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.
2. Ба шаҳрвандони дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарардида, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки тиббӣ расонида мешавад.
Моддаи 147. Расонидани кумаки тиббию санитарӣ ба шаҳрвандоне, ки ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғуланд
1. Расонидани кумаки тиббию санитарӣ ба шаҳрвандоне, ки ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғуланд, дар ташкилотҳои тиббӣ бо тартибе, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар намудааст, сурат мегирад.
2. Мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ба ҳолати биноҳо ва ҷойҳое, ки барои машғулият ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш истифода бурда мешаванд, назорат мекунад.
Моддаи 148. Расонидани кумаки тиббӣ ба шахсоне, ки озодии онҳо маҳдуд мебошад
Шахсоне, ки боздошт шудаанд, дар ҳабсхона мебошанд, дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё дар ҳабси маъмурӣ адои ҷазо менамоянд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои низоми давлатии тандурустӣ ба гирифтани кумаки тиббӣ ҳуқуқ доранд.
БОБИ 22. ТАНЗИМИ МУНОСИБАТҲОИ АЛОҲИДА
ДАР СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Моддаи 149. Тартиби амалиёти ҷарроҳӣ, гузаронидани хун ва ҷузъҳои он ва истифодаи усулҳои мураккаби ташхис
1. Амалиёти ҷарроҳӣ, гузаронидани хун ва ҷузъҳои он, усулҳои мураккаби ташхис бо розигии хаттии беморон истифода бурда мешавад. Ба беморони ғайри қобили амал ва ба балоғат нарасида, амалиёти ҷарроҳӣ, гузаронидани хун ва ҷузъҳои он, усулҳои мураккаби ташхис бо розигии намояндагони қонунии онҳо амалӣ карда мешавад. Розигӣ метавонад бозхонда шавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки кормандони тиббӣ аллакай ба амалиёти ҷарроҳӣ шурӯъ карда бошанд ва қатъи он ба ҳаёт ва саломатии шахси мазкур хатарнок бошад.
2. Дар ҳолатҳое, ки таъхири амалиёти ҷарроҳӣ, гузаронидани хун ва ҷузъҳои он, истифодаи усули мураккаби ташхис ба ҳаёти бемор хатар дошта ва аз шахсони номбурда гирифтани розигӣ имкон надошта бошад, қарор аз тарафи табиб ё машварати табибон (консилиум) қабул карда мешавад.
3. Феҳристи усулҳои мураккаби ташхисро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян менамояд.
Моддаи 150. Муайянкунии лаҳзаи фавт. Манъи эвтаназия
1. Муайянкунии фавт аз тарафи табиб, дар набудани табиб аз тарафи кормандони миёнаи тиббӣ гузаронида мешавад. Хулосаи тиббӣ дар бораи фавт дар асоси муайян шудани фавти бебозгашти пурраи мағзи сар (марги мағзи сар) мутобиқи дастурҳои аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқшуда дода мешавад.
2. Меъёр ва тартиби муайянкунии лаҳзаи фавти инсон, қатъи чораҳои эҳёгарӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар карда мешавад.
3. Ба кормандони тиббӣ амалӣ намудани эвтаназия (қонеъкунонии хоҳиши бемор дар бобати тезонидани марги ӯ) бо ягон амал ё восита, аз ҷумла, бо қатъ намудани чораҳои сунъии нигоҳдории ҳаёт манъ аст.
4. Қасдан водор сохтани бемор ба эвтаназия ё амалӣ намудани эвтаназия манъ аст.
Моддаи 151. Инъоми анатомӣ
1. Маълумотро дар бораи инъоми анатомӣ ошкор намудан мумкин нест.
2. Инъоми анатомиро барои мақсадҳои илмӣ, илмию амалӣ ва таълимӣ барои гузаронидани тадқиқотҳои биологию тиббӣ истифода бурдан мумкин аст.
3. Тартиб ва шароити амалигардонӣ ва додани инъоми анатомиро ба ташкилотҳои тиббӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
БОБИ 23. ҲИФЗИ АҲОЛӢ АЗ БЕМОРИИ СИЛ
Моддаи 152. Расонидани кумаки зидди бемории сил
1. Расонидани кумаки зидди бемории силро давлат кафолат медиҳад ва он дар асоси принсипҳои қонуният, риояи ҳуқуқи инсон, дастгирии ҳамагон дар ҳаҷми муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Кумаки зидди бемории сил ба шаҳрвандон ҳангоми муроҷиати ихтиёрӣ ва ё розигии онҳо ба истиснои мавридҳое, ки Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, ройгон расонида мешавад.
2. Кумаки зидди бемории сил ба ноболиғон, ҳамчунин ба шаҳрвандоне, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайри қобили амал эътироф шудаанд, бо розигии намояндагони қонунии онҳо, ба истиснои мавридҳои дар Кодекси мазкур пешбинишуда расонида мешавад.
3. Шахсони бо беморони сил алоқадошта, ё ин ки ба сирояти вируси норасоии масунияти одам гирифторбуда ва дигар шахсони зери гурӯҳи хатар қарордошта аз муоинаи тиббӣ оид ба бемории сил бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ мегузаранд. Эмкунии пешгирикунанда аз бемории сил мувофиқи Тақвими миллии эмкунӣ анҷом дода мешавад. Бо мақсади ошкор намудани бемории сил, давра ба давра муоинаи тиббии шаҳрвандони мансуб ба гурӯҳи зери хатар қарордошта гузаронида мешавад, ки тартиб ва муҳлати онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар менамояд.
4. Сари вақт ошкор намудани ҳайвоноти гирифтори бемории сил, солимгардонии ташкилотҳои истеҳсолкунанда ва нигоҳдорандаи маҳсулоти ҳайвонот, ки нисбат ба бемории сил дар ҳолати номусоид қарор доранд, бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешаванд.
5. Маҳсулоти ҳайвоноте, ки дар ташкилотҳои нисбат ба бемории сил номусоид истеҳсол карда шудааст, мувофиқи қоидаю меъёрҳои санитарӣ ва байтории мубориза бар зидди бемории сил фурӯхта мешаванд.
Моддаи 153. Назорати диспансерӣ
1. Назорати диспансерӣ нисбат ба беморони сил бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад.
2. Назорати диспансерӣ нисбат ба беморони сил новобаста ба розигии бемор ва ё намояндагони қонунии онҳо муқаррар карда мешавад.
3. Қарор дар хусуси зарурати назорати диспансерӣ ва ё қатъ намудани онро комиссияи тиббӣ, ки роҳбарияти ташкилоти тандурустӣ таъйин кардааст, қабул менамояд ва дар ҳуҷҷатҳои тиббӣ сабт гардида, дар ин хусус шахси таҳти назорати диспансерӣ қарордошта, хаттӣ огоҳ карда мешавад.
Моддаи 154. Ташхиси ҳатмӣ ва табобати маҷбурии беморони сил
1. Беморони шакли гузарандаи бемории сил, вайронкунандагони чандинкаратаи низоми санитарию эпидемиологӣ, ҳамчунин қасдан аз муоина барои дарёфти бемории сил ва табобати он саркашӣ намуда, дар асоси санади судӣ дар муассисаҳои махсуси тиббии зидди бемории сил барои ташхиси ҳатмӣ ва табобати маҷбурӣ бистарӣ кунонида мешаванд.
2. Ҳалнома оид ба бистарикунонии шахсони гирифтори бемории сил аз тарафи суди маҳалли истиқомати ин шахсон ё ҷойгиршавии ташкилоти тиббии зидди бемории сил, ки дар он беморони сил таҳти назорати диспансерӣ қарор доранд, қабул карда мешавад.
3. Аризаро ба суд оид ба бистарикунонии шахсони гирифтори бемории сил, ки таҳти назорати диспансерӣ қарор доранд, хешовандони наздик ё роҳбари муассисаи тиббии зидди бемории сил пешниҳод менамоянд.
Моддаи 155. Мушоҳидаи давлатии оморӣ дар соҳаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил
1. Ташкилотҳои дахлдори тиббӣ дар соҳаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушоҳидаи давлатии оморӣ мебаранд.
2. Ташкилотҳои зидди бемории сил уҳдадоранд оид ба ҳолатҳои ошкор намудани беморони гирифтори бемориҳои сироятӣ ба марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии минтақаи худ маълумот диҳанд.
Моддаи 156. Ҳуқуқи шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта
1. Шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта, ҳангоми ба онҳо расонидани кумаки зидди бемории сил ҳуқуқ доранд:
- ба муносибати эҳтиромона ва башардӯстонаи кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки дар расонидани кумаки зидди бемории сил иштирок доранд;
- ба гирифтани маълумот оид ба ҳуқуқу уҳдадориҳои беморони сил ва шахсони вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта, инчунин дар шакли дастрас оид ба хусусияти бемориашон ва усулҳои истифодашавандаи табобат;
- ба интихоби табиб ва беморхона барои табобат новобаста аз ҷои истиқомати бемор;
- ба нигоҳ доштани сирри тиббӣ;
- ба ташхис ва табобат дар ташкилотҳои зидди бемории сил бо шароити ба талаботи санитарӣ ва гигиенӣ ҷавобгӯ;
- ба табобати истироҳатгоҳӣ ва курортӣ мувофиқи нишондоди тиббӣ;
- ба табобат дар ташкилотҳои тиббии зидди бемории сил дар муҳлати муайяншудаи зарурӣ барои ташхис ва табобат.
2. Шахсоне, ки барои ташхис ва ё табобат дар ташкилоти тиббии табобати бемории сил бистарӣ шудаанд, ҳуқуқ доранд:
- аз роҳбарони ташкилотҳои тиббӣ оид ба табобат ва ташхиси бемории сил маълумот гиранд;
- таҳсилро мувофиқи барномаи таҳсилоти миёнаи умумии асосӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон идома диҳанд;
- бо адвокат, равоншинос ва ходими дин танҳо вохӯранд;
- расму оини диниро ба ҷо оваранд, агар онҳо ба ҳолати саломатии бемор таъсири манфӣ нарасонанд.
3. Шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта, инчунин дорои ҳуқуқҳои дигаре мебошанд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
Моддаи 157. Уҳдадориҳои шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта
Шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта уҳдадоранд:
- реҷаи чорабиниҳои табобатию солимгардонӣ ва ташхисии муайяннамудаи кормандони тибро риоя намоянд;
- қоидаҳои тартиботи дохилии ташкилоти тиббии зидди бемории силро ҳангоми бистарӣ шудан дар ин гуна ташкилот риоя намоянд;
- қоидаҳои санитарию гигиениро, ки барои беморони сил муқаррар шудааст, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷро намоянд.
Моддаи 158. Дастгирии иҷтимоии шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта
1. Корношоямии муваққатии беморони сил бо тартиби пешбининамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
2. Барои шаҳрвандони гирифтори бемории сил, ки қобилияти кориашонро муваққатан гум кардаанд, ҷои корашон (вазифа) ба муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.
3. Дар давраи аз кор (вазифа) озод гардидани корманд вобаста ба бемории сил ва ба гирифторони бемории сил дар асоси суғуртаи иҷтимоии давлатӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакпулӣ дода мешавад.
4. Шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта барои ташхис ва табобати бемории сил бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доруворӣ ройгон таъмин карда мешаванд.
5. Беморони силе, ки дар беморхона таҳти табобат қарор доранд, мувофиқи меъёри махсуси муайяншуда барои чунин гурӯҳи беморон бо хӯроки серғизо ройгон таъмин карда мешаванд.
6. Барои беморони гирифтори шакли фаъоли бемории сил, ки аз рӯзи муайян шудани беморӣ бекоранд, ба муҳлати як сол гурӯҳи маъюбӣ муқаррар карда мешавад.
7. Барои беморон истиқоматкунандагони хобгоҳҳои умумӣ ва хонаҳои бисёрошёна, ки бемориашон гузаранда аст, мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзили алоҳида ҷудо карда мешавад.
Моддаи 159. Дастгирии иҷтимоии кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки дар расонидани кумаки зидди бемории сил иштирок мекунанд
1. Кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки дар расонидани кумаки зидди бемории сил бевосита иштирок менамоянд, ба чунин имтиёзҳо ҳуқуқ доранд:
- рухсатии иловагӣ барои шароити кори вазнин ва хатарнок барои саломатӣ ва ба вақти кори кӯтоҳ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иловапулӣ ба маоши вазифавӣ (ставкаи тарифӣ) дар ҳаҷми 100 фоиз;
- табобати имтиёзнок дар истироҳатгоҳҳо ва курортҳо;
- ҳангоми марг аз бемории сил ба оилаи фавтида пардохти 100 фоиз музди меҳнати ӯ то ба балоғат расидани фарзандонаш.
2. Номгӯи кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки дар расонидани кумаки зидди бемории сил иштирок мекунанд ва тартиби додани кафолатҳои мазкурро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
БОБИ 24. МУҚОВИМАТ БО ВИРУСИ НОРАСОИИ
МАСУНИЯТИ ОДАМ ВА БЕМОРИИ ПАЙДОШУДАИ
НОРАСОИИ МАСУНИЯТ
Моддаи 160. Сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният
1. Сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар асоси Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.
2. Давлат кафолат медиҳад, ки:
- тамоми ҳуқуқ ва озодиҳои одамони аз вируси норасоии масунияти одам сироятёфтаю мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният ва аъзои оилаи онҳо, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя карда шаванд;
- назорати эпидемиологии паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти риоя ва афзалияти ҳуқуқи инсон, пинҳонӣ будани ташхис, риояи усулҳои махфӣ ва анҷом додани он амалӣ гардад;
- ба шахсони аз вируси норасоии масунияти одам сироятёфтаю мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният ва аъзои оилаи онҳо кумаки ройгони босифат ва аз ҷиҳати илмӣ асосноки тахассусии тиббӣ ва иҷтимоию равоншиносӣ расонида шавад;
- азназаргузаронии тиббӣ барои ошкор намудани сирояти вируси норасоии масунияти одам дастрас ва бехатар бошад;
- воситаҳои пешгирӣ, ташхис ва табобати сирояти вируси норасоии масунияти одам, инчунин назорат ба бехатарии маводи тиббӣ, моеъҳои биологӣ ва бофтаҳое, ки бо мақсадҳои ташхисӣ, табобатӣ ва илмӣ истифода бурда мешаванд, таъмин карда шавад;
- тадқиқотҳои илмӣ оид ба масъалаҳои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният инкишоф дода шаванд;
- мунтазам ба аҳолӣ вобаста ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният иттилоот дода шавад;
- ҳамкориҳои байналмилалӣ ва мубодилаи доимии иттилоот дар доираи барномаҳои байналмилалии муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният рушд дода шавад;
- кумаки тиббӣ ва иҷтимоию равоншиносӣ дастрас ва саривақтӣ бошад;
- Барномаи даврии давлатии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният қабул карда шавад.
3. Чорабиниҳои муқовиматро ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардонанд. Дар татбиқи чорабиниҳо оид ба муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният бо тартиби муқарраргардидаи корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои байналмилалӣ, инчунин шахсони воқеӣ, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ иштирок карда метавонанд. Давлат дастгирии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи барномаҳои мазкур кафолат медиҳад.
Моддаи 161. Азназаргузаронии тиббӣ
1. Азназаргузаронии тиббӣ дар ташкилотҳои давлатии тандурустӣ, инчунин дар муассисаҳои хусусии тиббӣ, ки ба онҳо бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома дода шудааст, сурат мегирад. Азназаргузаронии ҳатмии тиббӣ бояд махфӣ сурат гирад.
2. Азназаргузаронии тиббӣ ихтиёрӣ ва махфӣ баргузор мегардад ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисмҳои 8 – 10 ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд. Дар азназаргузаронии тиббии шахс намояндаи қонунии ӯ низ ҳуқуқи иштирок карданро дорад.
3. Азназаргузаронии тиббии ноболиғон ва шахсоне, ки бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корношоям эътироф шудаанд, бо хоҳиш ё розигии намояндагони қонунии онҳо баргузор мешавад ва онҳо ҳуқуқ доранд ҳангоми азназаргузаронии тиббӣ иштирок намоянд.
4. Натиҷаҳои азназаргузаронӣ ба шахси азназаргузарониро гузашта ё намояндаи қонунии ӯ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
5. Шахсе, ки азназаргузаронии тиббиро гузаштааст, ҳуқуқ дорад дар ҳамин ташкилот, инчунин дар ташкилоти дигари низоми давлатии тандурустӣ, новобаста аз муҳлати гузаштаи азназаргузаронӣ мавриди азназаргузаронии такрории тиббӣ қарор гирад. Тартиби азназаргузаронии тиббӣ бо мақсади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам, баҳисобгирӣ, муоинаи тиббии сироятшавӣ ба вируси норасоии масунияти одам ва муоинаи пешгирии онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
6. Ба шахсе, ки сирояти вируси норасоии масунияти одам дар ӯ ошкор шудааст, оид ба кафолатҳои давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳо ва масъулият, ки ба зиндагӣ бо сирояти вируси норасоии масунияти одам алоқаманд аст, инчунин дар бораи хадамоти дастгирии иҷтимоию равоншиносӣ ва гурӯҳҳои кумаки якдигарии сирояти вируси норасоии масунияти одам маълумоти пурра дода мешавад.
7. Барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат доранд ё қарор доранд, азназаргузаронии тиббӣ ба тариқи ихтиёрӣ ва пинҳонӣ бо хоҳиш ё розигии онҳо гузаронида мешавад.
8. Донорҳои хун, моеъҳои биологӣ, узв ва бофтаҳои бадан азназаргузаронии ҳатмии тиббиро мегузаранд.
9. Шахсоне, ки азназаргузаронии ҳатмии тиббиро рад кардаанд, донорони хун, моеъҳои биологӣ, узв ва бофтаҳои бадан буда наметавонанд.
10. Шахсони алоҳида аз рӯи нишондодҳои эпидемиологӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, азназаргузаронии ҳатмии пинҳониро барои сирояти вируси норасоии масунияти одам мегузаранд.
Моддаи 162. Назорати тиббии шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам
1. Назорати тиббии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат доранд ё қарор доранд ва мубталои вируси норасоии масунияти одам мебошанд (ҳомилони вирус ва беморон), танҳо бо мақсадҳои эпидемиологӣ ва дар асоси махфӣ дар ташкилотҳои дахлдори давлатии низоми тандурустӣ гузаронида мешавад.
2. Иттилооти бадастоварда оид ба сирояти вируси норасоии масунияти одам махфӣ (сирри тиббӣ) мебошад ва мумкин аст бо дархости мақомоти тандурустӣ, агар ҳифзи саломатии аҳолӣ аз паҳншавии бемориҳои сирояткунанда инро талаб кунад, дар асоси қарори суд ё бо дархости мақомоти тафтишотӣ чунин иттилоот дода мешавад. Истифодаи чунин маълумот бо мақсади таъқиби ҷиноятӣ ва маъмурии шахсон манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 163. Ҳуқуқи шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният
1. Шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам ва мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният дорои ҳуқуқҳои зерин мебошанд:
- муносибати инсондӯстонаи ҷамъият, ки паст задани шаъну эътибори инсонро истисно менамояд;
- талаби махфӣ нигоҳ доштани иттилоот дар бораи вазъи саломатии худ, агар шароит ва хусусияти ҳаёту меҳнати онҳо хатари сирояти ин вируси норасоии масунияти одамро ба дигарон ба вуҷуд наорад;
- ҷуброни зарари моддию маънавие, ки бинобар ифшо кардани иттилоот дар бораи ба он шахсон сироят кардани вируси норасоии масунияти одам расонида шудааст;
- фаъолияти касбӣ аз рӯи ихтисоси интихобкарда, ба истиснои кор аз рӯи ихтисосҳо ва дар вазифаҳое, ки бо рӯйхати махсус муқаррар шудаанд;
- ройгон гирифтани ҳамаи намудҳои кумаки тахассусӣ ва махсуси тиббӣ, аз ҷумла кумаки доруворӣ дар ташкилотҳои давлатии тандурустӣ;
- ҳимоя аз табъиз, аз ҷумла ҳангоми дастрасӣ ба табобат;
- иштироки фаъолона дар муайян кардани мақсадҳои табобат, аз ҷумла вақт ва тарзи табобат ва хотима ёфтани он;
- гирифтани маводи ивазкунандаи шири модар аз тарафи падару модар ё намояндагони қонунии кӯдаконе, ки аз модарони вируси норасоии масунияти одам сироятёфта таваллуд шудаанд, аз лаҳзаи таваллуд то пурра муқаррар шудани ташхиси кӯдак оид ба мавҷудияти вируси норасоии масунияти одам, бо мақсади минбаъд паст намудани хатари сироятёбӣ аз вируси норасоии масунияти одам.
2. Дар ташкилотҳои табобатӣ ба рад кардани қабул ва расонидани кумаки таъҷилӣ ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният роҳ дода намешавад.
Моддаи 164. Масъулияти шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам
1. Дидаю дониста зери хатари сироят гузоштан ё сироят кардани шахси дигар (ё якчанд шахс) бо вируси норасоии масунияти одам аз ҷониби шахсе, ки ба сирояти вируси норасоии масунияти одам гирифтор буданашро медонад, манъ аст.
2. Шахси гунаҳгор инчунин зарареро, ки бинобар расонидани кумаки тиббӣ ва иҷтимоӣ ба шахси сироятшуда расондааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн мекунад.
Моддаи 165. Манъи маҳдуд намудани ҳуқуқи шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам
1. Ба озод кардан аз кор, нагирифтан ба кор, ба истиснои кор аз рӯи ихтисос ва дар вазифаҳои муқаррарнамудаи номгӯи махсус, инчунин маҳдуд намудани дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам, ҳамчунин маҳдуд кардан аз ҳуқуқи манзил ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии аъзои оилаи шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам роҳ дода намешавад.
2. Истифодаи шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам ба сифати объектҳои санҷиши тиббии воситаҳо ва усулҳои омӯзиши илмӣ ё раванди таълим манъ аст.
3. Табъиз дар асоси мавҷудияти сирояти вируси норасоии масунияти одам манъ аст.
4. Дар асоси сирояти воқеӣ ва ё эҳтимолии вируси норасоии масунияти одам содир намудани ҳаракати оммавӣ бо мақсади барангехтани кинаву адоват ва паҳн намудани муносибати нафратовари шахс ва ё гурӯҳи аҳолӣ манъ аст.
5. Маҳдудкунии ҳуқуқ ва озодиҳои шахсоне, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд, танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шахсони дигар тибқи талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон раво дониста мешаванд.
Моддаи 166. Кумаки тиббию иҷтимоӣ ва равоншиносӣ, инчунин чорабиниҳои дорои хусусияти пешгирикунанда дар муассисаҳои низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
1. Кумаки тиббию иҷтимоӣ ва равоншиносӣ ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ дар асосҳои умумӣ, аз рӯи нишондодҳои клиникӣ расонида мешавад.
2. Кумаки иҷтимоию равоншиносӣ дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, инчунин дар ташкилотҳои хусусии тандурустии дорои иҷозатномаи дахлдор, ки бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони ҷомеаи шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ҳамкорӣ менамоянд, расонида мешавад.
3. Шахсе, ки дар натиҷаи муоинаи ӯ вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи масуният муайян шудааст, ҳангоми дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрум ё ҳабси пешакӣ қарор доштан, ҳуқуқи гирифтани кумаки тиббии дахлдор, машварат ва фиристода шудан ба дигар хадамоти мададрасонро дорад.
4. Маҳбусон ва дастгиршудагон ба ташхиси ройгони махфии сирояти вируси норасоии масунияти одам ва ба машварат дар асоси розигӣ огоҳона, инчунин барои гирифтани маълумот оид ба вазъи саломатиашон ҳуқуқ доранд. Маълумот оид ба вазъи саломатӣ дар ҳуҷҷатҳое нигоҳ дошта мешавад, ки он танҳо барои табиб дастрас буда ва бо розигии маҳбус ва ё дар ҳолати зарурати таъмини бехатарии дигар маҳбусон ва кормандони маҳбасҳо бояд ошкор карда шавад. Поймолкунии ҳуқуқи маҳбусони бо вируси норасоии масунияти одам сироятшуда манъ аст.
Моддаи 167. Ҳифзи иҷтимоии шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ва аъзои оилаи онҳо
1. Мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маориф, меҳнат ва шуғли аҳолӣ барномаҳоро оид ба дастгирии иҷтимоии шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ва аъзои оилаи онҳо, аз ҷумла таъйин кардан ва пардохтани нафақаю кумакпулиҳо, расонидани кумакҳои иҷтимоию маишӣ, гирифтани таҳсилот, бозомузӣ ва бо кор таъмин намудани онҳоро таҳия ва татбиқ менамоянд.
2. Мақомоти маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин барномаҳои дастгирии иҷтимоии кӯдаконеро, ки дар натиҷаи мубталои вируси норасоии масунияти одам ятим ё бепарастор мондаанд, таҳия ва татбиқ менамоянд.
3. Ба шахсоне, ки дар натиҷаи амалиёти тиббии бо тартиби расмӣ иҷрошуда ба вируси норасоии масунияти одам сироят шудаанд, таъйини нафақа, дар навбати аввал гирифтани манзил, дар сурати набудани он ё дар ҳолатҳои зарурии беҳсозии шароити манзилӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
4. Барои кӯдакони то 16 сола, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд, кумакпулии ҳармоҳа таъйин карда мешавад. Тартиби додани кумакпулӣ ва ҳаҷми онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
5. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ аз рӯи нишондодҳои тиббӣ таълими кӯдаконеро, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд ва онҳо дар муассисаҳои тандурустӣ ё дар хона қарор доранд, аз рӯи барномаҳои махсуси мактаби таҳсилоти умумӣ ташкил менамоянд.
6. Зараре, ки ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар натиҷаи нодуруст иҷро намудани уҳдадориҳои хизматӣ аз ҷониби кормандони тиббии ташкилотҳои хизматрасонии тиббӣ расонда шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
Моддаи 168. Ҳуқуқи падару модароне, ки кӯдакони онҳо мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд
1. Падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунандаи кӯдаконе, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд, ҳуқуқҳои зеринро доранд:
- ҳамроҳи кӯдакони то 14 сола дар беморхонаҳо бошанд ва дар ин давра аз кор озод буда, ба онҳо барои муваққатан ба кор набаромадан кумакпулӣ дода мешавад;
- дар ҳолати аз кор озод кардани падар ё модар бинобар нигоҳубини кӯдаки то 16 сола нигоҳ доштани собиқаи меҳнатӣ барои пардохти кумакпулии корношоямии муваққатӣ, агар то ба синни зикрёфта расидани кӯдак ба кор дохил шуда бошад;
- рафту омади ройгони падар ё модар ва ё дигар намояндаи қонунии кӯдак ба ҷои табобат.
2. Модароне, ки кӯдаки то 16 солаи мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният доранд, барои гирифтани рухсатии ҳарсола дар тобистон ё вақти дигари барояшон мувофиқ ҳуқуқ доранд. Дар сурати набудани модар ва чунин кӯдакро тарбия кардани падар ё шахси дигар, ин ҳуқуқ ба ҳамин шахсон дода мешавад.
Моддаи 169. Ҳифзи иҷтимоии кормандоне, ки дучори хатари касбии сирояти вируси норасоии масунияти одам мебошанд
1. Кормандоне, ки бо расонидани кумаки тиббӣ ба аҳолӣ, тадқиқоти озмоишгоҳӣ ё илмӣ аз рӯи масъалаҳои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ва истеҳсоли дорувории вирусӣ машғуланд, инчунин донорҳо, кормандони хадамоти иҷтимоӣ ва дигар шахсоне, ки ҷиҳати расонидани кумак ба шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ҷалб шудаанд, дар ҳолатҳои мубталои вируси норасоии масунияти одам, инчунин маъюб гаштан ва фавтидани онҳо аз чунин беморӣ ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ суғуртаи ҳатмии давлатӣ карда мешаванд. Тартиби суғуртаи ҳатмии ин гурӯҳи кормандонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
2. Маъмурияти муассисаҳои тиббӣ, ки кормандони онҳо барои сирояти вируси норасоии масунияти одам тадқиқоти ташхисӣ мегузаронанд ва ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният кумаки тиббӣ мерасонанд, инчунин бо хун ва дигар маводи шахсони мазкур сарукор доранд, уҳдадоранд ин кормандонро бо воситаҳои зарурии муҳофизатӣ таъмин намоянд ва онҳоро бо мақсади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам мунтазам муоина кунанд.
3. Дар вақти иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ ба сирояти вируси норасоии масунияти одам гирифтор шудани кормандони тиббӣ, фарматсевтӣ ва дигар кормандон ба гурӯҳи бемориҳои касбӣ мансуб дониста мешаванд.
Моддаи 170. Ҳуқуқ ва масъулияти кормандони тиббии мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният
1. Кормандони тиббие, ки дар натиҷаи ба таври дахлдор, бинобар иҷро намудани уҳдадориҳои хизматӣ ба онҳо вируси норасоии масунияти одам сироят кардааст ё гирифтори бемории пайдошудаи норасоии масуният шудаанд, дорои чунин ҳуқуқҳо мебошанд:
- дар навбати аввал ба беҳтар кардани шароити манзилӣ бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба нафақаи имтиёзноки пиронсолӣ, дар мавриди фавтидани онҳо аз бемории пайдошудаи норасоии масуният ба пардохт кардани нафақа дар ҳаҷми 100 фоизи музди кор ба аъзои корношоями оила ва фарзандони онҳо то расидан ба синни балоғат;
- ба рухсатии ҳарсолаи давомнокиаш на камтар аз 36 рӯзи корӣ бо истифодаи он дар тобистон ё дигар вақти барои онҳо мувофиқ;
- ба табобати ҳарсола дар муассисаҳои санаторию курортӣ новобаста ба тобеияти идоравии онҳо;
- ба ҷуброни зарар, ки ҳаҷм ва тартиби онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
2. Дар сурати сироят кардани вируси норасоии масунияти одам ҳангоми ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои касбӣ, дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳо ва меъёрҳои бехатарӣ бо гуноҳи корманд, ҳуқуқи ӯро барои ҷуброни зарар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
3. Кормандони тиббӣ ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои касбӣ барои хунукназарона ба ҷо овардан ва сироят кардани шахси дигар (якчанд шахс) бо вируси норасоии масунияти одам ҷавобгар мебошанд.
Моддаи 171. Имтиёзҳои меҳнатии кормандоне, ки ба шахсони бо вируси норасоии масунияти одам сироятшуда ва мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният кумаки тиббӣ мерасонанд
Кормандони дахлдори ташкилотҳои давлатии махсусгардонидашудаи низоми тандурустӣ, ки ба шахсони бо вируси норасоии масунияти одам сироятшуда ё беморони мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният кумаки тиббӣ ё дигар кумакҳо мерасонанд ва ба гузаронидани тадқиқоти илмӣ бо истифодаи маводи сироятёфта, истеҳсоли дорувории биологӣ барои ташхис машғул мебошанд, ҳуқуқ доранд:
- мутобиқи рӯйхати аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида оид ба истеҳсолот, корҳо, ихтисосҳо, вазифаҳо ва нишондиҳандаҳои корҳои зеризаминӣ, кор дар шароити махсусан вазнини меҳнат, ки машғул будан бо онҳо ба нафақа аз рӯи синну сол бо шартҳои имтиёзнок ҳуқуқ медиҳад, ба нафақа бароянд;
- иловапулӣ ба маоши вазифавӣ дар ҳаҷми 100 фоиз гиранд;
- ба рухсатии ҳарсолаи давомнокиаш то 56 рӯзи тақвимӣ бароянд;
- ба рӯзи кӯтоҳи корӣ (рӯзи кории 6 соата).
Моддаи 172. Ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва арзёбии самаранокии муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният
1. Ҳамоҳангсозии амалиёт оид ба муайян намудани афзалиятҳои муқовимат бо паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, таҳияи барнома ва нақшаҳои фаъолият, омода намудани нақшаҳои молиявӣ, амалӣ гардонидани мониторинг ва арзёбии самаранокии фаъолият дар ҳамаи зинаҳо аз ҷониби кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ, ки намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳоро дар бар гирифта, дар фаъолияти муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар зинаҳои дахлдор фаъолона ширкат меварзанд, анҷом дода мешавад.
2. Мақомоти дахлдори иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, дар якҷоягӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ барномаҳои муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуниятро барои гурӯҳҳои осебпазир ва махсуси аҳолӣ бо хатари бештари сироятёбӣ аз вируси норасоии масунияти одам ва инчунин барои кӯдакони бесарпараст таҳия ва татбиқ менамоянд.
Моддаи 173. Ҳамкории байнисоҳавӣ дар муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният
1. Муассисаҳои маориф ба нақшаҳои таълимӣ ва фаъолияти таълимию тарбиявӣ масъалаҳои тарғиби тарзи ҳаёти солимро ворид намуда, ба хонандагон дар бораи роҳҳои сироятёбӣ ва усулҳои пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният маълумоти пурра, босифат ва дастрас медиҳанд.
2. Муассисаҳои давлатии тандурустӣ бо мақомоте, ки назорати ғайриқонунии муомилоти воситаҳои нашъадорро ба уҳда доранд, дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, барномаҳои пешгирии вируси норасоии масунияти одамро барои истеъмолкунандагони воситаҳои нашъадор тариқи сӯзандору ва дигар гурӯҳҳои осебпазир таҳия ва амалӣ мегардонанд.
Моддаи 174. Ҳуқуқ ба пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният
1. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқҳои зерин кафолат дода мешавад:
- муоинаи пешгирикунанда бо риояи усулҳои махфӣ, пинҳонӣ ва ихтиёрии ташхис бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ;
- азназаргузаронии тиббии ихтиёрӣ, махфӣ ва пинҳонӣ бо мақсади ошкор сохтани мубталошавии шахс бо вируси норасоии масунияти одам ва ташхис дар муассисаҳои тиббӣ новобаста аз шакли моликият;
- мунтазам гирифтани иттилооти пурра ва босифат, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма оид ба роҳҳои сироятёбӣ ва усулҳои пешгирии вируси норасоии масунияти одам, барномаю хизматрасониҳои мавҷудаи пешгирӣ, ҳуқуқҳои инсон вобаста бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, инчунин оид ба табобат, нигоҳубин ва дастгирии шахсони аз вируси норасоии масунияти одам сироятёфта ва мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният;
- баргузор намудани чорабиниҳои маърифатию оммавӣ, аз ҷумла вохӯриҳо, семинарҳо, аксияҳо ва таъсиси маҳфилҳои пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар байни аҳолӣ.
2. Ба гурӯҳҳои махсуси аҳолӣ бо хатари бештари сироятёбӣ аз вируси норасоии масунияти одам ва гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ барои тағйирёбии рафтори хатарнок хизматрасониҳо ва иттилооти махсус дода мешавад.
3. Бо мақсади пешгирии паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, инчунин дигар бемориҳое, ки ба воситаи хун мегузаранд, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти адлия барномаи пешниҳод кардани иттилоот ва баргузор намудани корҳои маърифатиро дар муассисаҳои низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ таҳия ва татбиқ менамоянд.
БОБИ 25. РАСОНИДАНИ КУМАКИ ТИББИЮ ИҶТИМОӢ БА ШАХСОНИ ГИРИФТОРИ БЕМОРИҲОИ РӮҲӢ
Моддаи 175. Маҳдуд кардани ҳуқуқҳои шахсони гирифтори бемории рӯҳӣ
1. Ғайри қобили амал эътироф кардани шахси гирифтори бемории рӯҳӣ, танҳо аз ҷониби суд тибқи асос ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
2. Шахсоне, ки дар натиҷаи бемории рӯҳӣ муваққатан ғайри қобили амал эътироф шудаанд, барои анҷом додани намудҳои алоҳидаи фаъолияти касбии вобаста ба манбаи хатари зиёд, бо қарори комиссияи тиббӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода мешаванд.
3. Номгӯи бемориҳои рӯҳиро, ки монеаи амалӣ кардани намудҳои алоҳидаи фаъолияти касбӣ ва фаъолияти бо хатари зиёд алоқаманд мебошанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. Номгӯи зикргардида бо назардошти таҷрибаи ҳосилшуда ва дастовардҳои илмӣ давра ба давра (на камтар аз як маротиба дар 5 сол) аз нав баррасӣ мегардад.
4. Маҳрум намудани ҳуқуқ ва маҳдуд намудани манфиатҳои қонунии шахсони гирифтори бемории рӯҳӣ танҳо дар асоси муоинаи табиби бемориҳои рӯҳӣ, таҳти назорати диспансерӣ ва дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ ё муассисаҳои рӯҳу асаби мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ қарор доштани ӯ, манъ аст.
Моддаи 176. Ташхис ва табобати шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ
1.Ташхиси бемории рӯҳӣ мувофиқи стандартҳо ва таснифҳои (классификатсияҳои) маъмули байналмилалӣ муқаррар карда мешавад.
2. Барои ташхис ва табобати шахсони гирифтори бемории рӯҳӣ восита ва усулҳои тиббие истифода бурда мешаванд, ки бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ иҷозат дода шудаанд.
3. Восита ва усулҳои тиббӣ танҳо бо мақсади ташхис ва табобат, мувофиқи хусусияти беморӣ истифода гардида, набояд барои ҷазо додани шахсони гирифтори бемории рӯҳӣ ё ба манфиати шахсони дигар истифода карда шаванд.
Моддаи 177. Намояндагии манфиатҳои қонунии шахсоне, ки ба онҳо кумаки тиббии рӯҳӣ расонида мешавад
1. Ҳангоми расонидани кумаки тиббии рӯҳӣ шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ ҳуқуқ доранд, бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон бо хоҳиши худ адвокат ё шахси дигари ваколатдорро даъват намоянд.
2. Роҳбари муассисае, ки кумаки тиббии рӯҳӣ мерасонад, иштироки адвокатро дар давоми 48 соат, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур, таъмин менамояд.
3. Намояндагони дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда ҳуқуқ доранд аз лаҳзаи муроҷиат ҳар вақт ба иҷрои уҳдадориҳои худ шурӯъ намоянд, ба шахсе, ки манфиатҳои ӯро ҳифз менамояд, муроҷиат кунанд, маълумоти вобаста ба чорабиниҳои тиббӣ ва дигар чорабиниҳои нисбат ба ин шахс анҷомёфтаро ба даст оранд. Инчунин, адвокат ҳуқуқ дорад, ки бо ҳуҷҷатҳои тиббии ба бемор дахлдошта шинос шавад.
4. Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ноболиғон ва шахсони ғайри қобили амал эътирофшударо намояндагони қонунии онҳо ба амал мебароранд, ки барои ин мақсадҳо ҳуқуқ доранд, инчунин адвокат ё шахси дигари ваколатдорро бо салоҳдиди худ даъват намоянд.
5. Барои ноболиғон, падару модари онҳо, фарзандхондагон, васиён ё парасторони онҳо ва барои шахсони бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайри қобили амал эътирофшуда бошад, васиёни онҳо ва ё роҳбарони муассисае, ки кумаки тиббии рӯҳӣ мерасонанд, намояндагони қонунӣ мебошанд.
Моддаи 178. Табобати маҷбурии шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳие, ки кирдори ба ҷамъият хавфнок содир намудаанд
1. Бо таъйиноти судӣ маҷбуран табобат намудани шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ, ки кирдори барои ҷамъият хавфноки дар қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидаро содир намудаанд, тибқи асос ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, ба таври беморхонагӣ дар ташкилотҳои бемориҳои рӯҳӣ, табобатию пешгирикунандаи мақомоти тандурустӣ, ба амал бароварда мешавад.
2. Шахсоне, ки бо қарори суд дар бораи истифодаи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ ҷой дода шудаанд, аз ҳуқуқҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур истифода мекунанд.
3. Онҳо дар тамоми давраи дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ буданашон корношоям дониста шуда, тибқи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ба гирифтани кумакпулӣ ё нафақа дар асосҳои умумӣ ҳуқуқ доранд.
4. Суд чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ доштаро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин менамояд.
Моддаи 179. Муоинаи тиббии рӯҳӣ барои ҳалли масъалаи муносиб будани шаҳрванд ба хизмати ҳарбӣ
Асос ва тартиби муоинаи дармонгоҳӣ ва беморхонавии бемориҳои рӯҳӣ ҳангоми ҳалли масъалаи аз ҷиҳати саломатии рӯҳӣ муносиб будани шаҳрванд ба хизмати ҳарбӣ, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тартиби гузаштани хизмати ҳарбиро танзим мекунанд, инчунин бо ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.
Моддаи 180. Ҳамкории муассисаҳои кумаки тиббии рӯҳӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ
1. Муассисаҳои рӯҳӣ ва рӯҳу асаби мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, маориф ва дигар идораҳое, ки чунин муассисаҳо доранд, уҳдадоранд дар якҷоягӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ барои расонидани кумаки тиббии рӯҳӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ, пешгирии аз ҷониби онҳо содир намудани амалҳои ба ҳаёти онҳо ва атрофиён хатарнок ҳамкорӣ намоянд.
2. Дар сурати даст кашидан аз табобат, муассисаҳои мазкур уҳдадоранд фавран ба мақомоти корҳои дохилӣ хабар диҳанд.
Моддаи 181. Кумаки тиббии рӯҳӣ ва ҳифзи иҷтимоие, ки давлат кафолат медиҳад
1. Ба шахсони гирифтори бемориҳои руҳӣ аз ҷониби давлат кафолатҳои зерин дода мешавад:
- кумаки тиббии рӯҳии таъхирнопазир;
- кумаки машваратию ташхисӣ, табобатӣ, пешгирикунанда, тавонбахшии саломатӣ дар шароити беморхона ва берун аз он;
- тамоми намудҳои экспертизаи бемориҳои рӯҳӣ, додани корношоямии муваққатӣ;
- нафақа, кумаки иҷтимоию маишӣ ва мусоидат оид бо кор таъминкунӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ;
- ҳалли масъалаҳои васоят;
- маслиҳат оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва дигар намуди ёрии ҳуқуқӣ дар муассисаҳои бемориҳои рӯҳӣ ва рӯҳу асаб;
- беҳтар кардани шароити иҷтимоию маишии маъюбон ва пиронсолон, ки гирифтори бемориҳои рӯҳианд, ҳамчунин нигоҳубини онҳо;
- таълими маъюбон ва ноболиғони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ.
2. Таъмини кумаки тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
3. Таъмин намудани шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ ба кумаки тиббии рӯҳӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи ваколатҳои oнҳo, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, анҷом дода мешавад.
Моддаи 182. Муассиса ва шахсоне, ки кумаки тиббии рӯҳӣ мерасонанд
1. Кумаки тиббии рӯҳиро муассисаҳои бемориҳои рӯҳӣ (рӯҳу асаб), новобаста аз шакли моликияташон, дар ҳамкории зич бо хадамоти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонанд.
2. Мутахассисони тибби оилавӣ дар соҳаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, ки аз тайёрии махсус гузаштаанд барои ташхиси бемориҳои рӯҳӣ, расонидани кумаки аввалияи тиббии рӯҳӣ, нисбат ба ҳолатҳои рӯҳафтодагӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, ҳуқуқ доранд.
3. Муқаррар намудани ташхиси бемории рӯҳӣ, қабули қарор ва додани хулоса барои суд, баррасӣ намудани масъалаи расонидани кумаки ғайриихтиёрии тиббии рӯҳӣ танҳо ҳуқуқи комиссияи табибони бемориҳои рӯҳӣ мебошад.
Моддаи 183. Мустақилияти табиби бемориҳои рӯҳӣ ҳангоми расонидани кумаки тиббии рӯҳӣ
1. Табиби бемориҳои рӯҳӣ ҳангоми муқаррар намудани ташхиси бемор ва иҷрои вазифае, ки бо расонидани кумаки тиббӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ ба пешгирии имкони содир кардани амали барои ҷомеа хатарнок аз ҷониби онҳо вобаста аст, дар қабули қарор мустақил буда, танҳо нишондодҳои тиббӣ, қарзи табибӣ ва талаботи Кодекси мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
2. Дар сурати бо фикри аъзои комиссия номувофиқ будани фикри табиби бемориҳои рӯҳӣ ӯ ҳуқуқ дорад фикрашро хаттӣ баён намояд, ки он ба ҳуҷҷатҳои тиббӣ ҳамроҳ карда мешавад.
Моддаи 184. Кафолат ва имтиёзҳои табибони бемориҳои рӯҳӣ, табибони ихтисосҳои дигар, ҳайати тиббӣ ва дигар ҳайат, ки дар расонидани кумаки тиббии рӯҳӣ ширкат меварзанд
1. Табибони бемориҳои рӯҳӣ, табибони ихтисосҳои дигар, ҳайати тиббӣ ва дигар ҳайат, ки дар расонидани кумаки тиббии рӯҳӣ ширкат меварзанд, ба имтиёзҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони ба фаъолият дар шароити махсуси меҳнат машғул ҳуқуқ дошта, инчунин дap мавридҳои расонидани зарар ба саломатии онҳо ё фавт ҳангоми иҷрои уҳдадории хизматӣ бояд таҳти суғуртаи ҳатмии давлатӣ қарор дода шаванд.
2. Дар сурати расонидани зарар ба саломатӣ, ки боиси муваққатан гум кардани қобилияти кории шахси дар расонидани кумаки тиббии рӯҳӣ ширкатварзида, инчунин ҳангоми маъюб шудан ё дар ҳолати фавти ӯ ба ворисонаш товони зарар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.
3. Кормандони хурди тиббӣ, ки собиқаи кории 15 солаи бефосила дар муассисаҳои соҳаи тиббии рӯҳӣ доранд ва доимо дар байни беморони рӯҳӣ кор мекунанд, ҳуқуқ доранд, ки аз 50 солагӣ ба нафақа бароянд, кормандон – заноне, ки 3 кӯдак ва ё зиёда аз он доранд аз 48 солагӣ, кормандони миёнаи тиббӣ, ки собиқаи кории бефосилаи 15 сол ва зиёда аз онро дар муассисаҳои бемориҳои рӯҳӣ доранд, ҳуқуқи аз 53 солагӣ ва занони 3 кӯдак ва ё зиёда аз он дошта аз 50 солагӣ ҳуқуқи ба нафақа баромаданро доранд. Имтиёзҳои мазкур ба табибон дахл надорад.
Моддаи 185. Асосҳо барои бистарӣ намудан дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ
1. Мавҷуд будани бемории рӯҳӣ, ки муоина ё табобатро тақозо намуда, дар шароити дармонгоҳӣ (берун аз беморхона) гузаронидани онҳо имконнопазиранд, барои дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ бистарӣ намудани шахс асос шуда метавонад.
2. Ҷой додани шахс дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур, ихтиёран бо муроҷиат ё бо розигии ӯ анҷом дода мешавад.
3. Шахсе, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайри қобили амал эътироф шудааст, дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ бо муроҷиат ё розигии намояндаи қонунии ӯ ҷой дода мешавад. Дар ҳолати норизо будани яке аз падару модар ё ҳангоми ҳузур надоштани онҳо, ё ин ки дигар намояндаи қонунии ӯ, ҷой додани ноболиғ дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ бо қарори мақомоти васоят ва парасторӣ сурат мегирад, ки аз болои он ба суд шикоят кардан мумкин аст.
4. Розигӣ барои дар беморхона бистарӣ намудан гирифта шуда бо сабт дар ҳуҷҷатҳои тиббӣ ба расмият дароварда шуда, бо имзои шахс ё намояндаи қонунии ӯ ва табиби бемориҳои рӯҳӣ тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 186. Ба таври таъҷилӣ дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ бистарӣ намудани шахсоне, ки қобилияти дарк намудани қабули бошууронаи қарорро аз даст додаанд
1. Шахсе, ки гирифтори бемории возеҳи рӯҳӣ гардида, қобилияти дарк намудани қабули бошууронаи қарорро аз даст додааст ва бинобар ҳолати рӯҳӣ барои худ ва атрофиён хатарнок аст, ё шахсе, ки бо табобат ва кумаки тиббии рӯҳӣ фаро нагирифтани он боиси хатар ба саломатии ӯ ва расонидани зарари ҷиддии маънавӣ ва моддӣ ба атрофиён мегардад, бо қарори табиби бемориҳои рӯҳӣ бе розигии бемор ва намояндаи қонунии ӯ дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ бистарӣ карда мешавад.
2. Асоснокии дар беморхона бистарӣ намудан дар чунин ҳолатҳо бояд аз ҷониби комиссияи табибони бемориҳои рӯҳӣ бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур тасдиқ карда шавад.
Моддаи 187. Муоинаи маҷбурии шахсон дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ
1. Шахсоне, ки ба беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ қабул гардидаанд, бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур дар давоми 72 соат бояд аз ҷониби комиссияи табибони бемориҳои рӯҳӣ мавриди муоинаи ҳатмӣ қарор дода шаванд. Дар ин ҳолат комиссия бояд дар бораи асоснокии дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ бистарӣ намудан ё дар хусуси мавҷуд набудани асосҳои кофӣ барои ин амал, қарор қабул намояд. Агар бе розигӣ дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ бистарӣ намудан беасос дониста шавад ва бистаригардида хоҳиши дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ монданро надошта бошад, ӯ фавран бояд ҷавоб дода шавад. Агар дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ бе розигӣ бистарӣ намудан асоснок дониста шавад, хулосаи комиссияи табибони бемориҳои рӯҳӣ дар бораи ҳалли масъалаи минбаъд нигоҳ доштани шахс дар муассисаи бемориҳои рӯҳӣ ба суди маҳалли ҷойгиршавии он дар давоми 48 соат фиристода мешавад.
2. Минбаъд азназаргузаронии комиссиявӣ ҳар ним сол бо мақсади муайян кардани зарурати давом додани табобат дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ гузаронида мешавад.
3. Пас аз шаш моҳи дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ ҷой додани шахси бемор, хулосаи комиссия дар бораи зарурати табобати минбаъда дар беморхона бе розигии ӯ аз ҷониби роҳбари беморхона ба суд, ки бо ҳалномаи худ метавонад табобати беморхонавиро дароз намояд, фиристода мешавад.
4. Минбаъд дароз намудани муҳлати табобати беморхонавӣ ҳар 6 моҳ аз ҷониби суд амалӣ карда мешавад. Тартиби мазкур, инчунин нисбат ба шахсоне, ки бо таъйиноти суд маҷбуран табобат меёбанд, татбиқ мегардад.
Моддаи 188. Тартиби баррасии ариза дар бораи табобат ва муоинаи шахсон дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ
1. Ариза дар бораи табобат ва муоинаи шахсон дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ тибқи қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.
2. Ба аризаи мазкур, ки дар он мутобиқи нишондоди асоснокии бистарӣ намудан дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ омадааст, хулосаи комиссияи табибони бемориҳои рӯҳӣ оид ба зарурияти нигоҳ доштани шахс дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ, замима карда мешавад.
Моддаи 189. Огоҳсозӣ дар бораи бистарӣ намудани шахс дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ
Ба шахси дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ бистаришуда, агар ҳолати рӯҳии ӯ имкон диҳад, бояд аз ҷониби маъмурияти беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ асос ва мақсади дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ ҷой додани ӯ фаҳмонида шавад. Дар давоми 24 соат хешовандон ё намояндаи қонунии вай дар бораи ба беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ бистарӣ намудани ӯ бояд расман ва хаттӣ хабардор карда шаванд. Ба хешовандон ё намояндаи қонунии шахси дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ бистаришуда, тартиби шикоят кардани қарор дар бораи ҷой додан дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ фаҳмонида мешавад.
Моддаи 190. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ бистаришуда
1. Шахсони барои табобат ё муоина дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ бистаришуда дорои ҳуқуқҳои зерин мебошанд, ки аз ҷониби табиби табобаткунанда ва мудири шуъба танҳо дар ҳолати зарурияти ниҳоӣ ба манфиати саломатӣ ё бехатарии худи бемор ё шахсони дигар маҳдуд карда мешаванд:
- истифода аз рухсатии табобатӣ;
- мукотиба дар шароите, ки сензураро истисно менамояд;
- пазироии аёдаткунандагон дар рӯзҳои қабул;
- гирифтани фиристода ва муросилот;
- доштан ва ба даст овардани маводи зарурати аввалия.
2. Шахсони дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ бистаришуда, ки аз рӯи ҳолати рӯҳии худ қобилияти дарк намудани қабули қарори бошууронаро доранд, уҳдадоранд, қоидаҳои тартиботи дохилии барои беморхонаҳои бемориҳои рӯҳӣ муқарраргардидаро риоя намоянд.
Моддаи 191. Асос барои ҷой додани шахс дар муассисаҳои рӯҳу асаби мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
1. Асос барои ҷойгир намудани пиронсолон ва маъюбон, аз ҷумла ноболиғон дар муассисаҳои дахлдори рӯҳию асаби мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хулосаи комиссияи машваратию табибони бемориҳои рӯҳии муассисаи давлатии тандурустӣ ва санади муассисаҳои мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар хусуси мавҷуд будани бемории рӯҳӣ мебошад.
2. Шахсони мазкур дар муассисаҳои дахлдори рӯҳиву асаби мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ихтиёран тибқи аризаи хаттӣ, ноболиғон тибқи аризаи намояндаи қонунӣ ва шахсони ғайри қобили амал эътирофшуда бо қарори суд ҷойгир карда мешаванд.
3. Қоидаҳои ҷойгир намудан ва нигоҳдории пиронсолон ва маъюбони бемориҳои рӯҳӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 192. Назорати ҷамъиятӣ оид ба риоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахс ҳангоми расонидани кумаки тиббии рӯҳӣ
1. Ҳангоми расонидани кумаки тиббии рӯҳӣ иттиҳодияҳои ҷамъиятии табибони бемориҳои рӯҳӣ, дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мутобиқи оинномаҳои худ метавонанд бо хоҳиш ё бо розигии шахс назорати ҷамъиятиро, ҷиҳати риоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо амалӣ гардонанд. Қоидаи ташриф овардан ба муассисаҳои бемориҳои рӯҳӣ ва рӯҳу асаб бояд дар оинномаи ин иттиҳодияҳо инъикос ёфта бошад.
2. Намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ уҳдадоранд, ки шартҳои ташриф оварданро бо роҳбарияти муассисаҳои бемориҳои рӯҳӣ ва рӯҳу асаб мувофиқа намуда, бо қоидаҳои амалкунандаи он шинос шаванд ва уҳдадории ифшо накардани сирри тиббиро имзо ва риоя кунанд.
БОБИ 26. РАСОНИДАНИ КУМАКИ ТИББИЮ ИҶТИМОӢ
БА БЕМОРОНИ НАРКОЛОГӢ
Моддаи 193. Принсипҳои расонидани кумаки наркологӣ
1. Расонидани кумаки наркологӣ дар асоси принсипҳои шафқат ва башардӯстона анҷом дода шуда, аз ҳуқуқи инсон ба саломатӣ, инчунин уҳдадориҳои асосии табиб ҷиҳати расонидани кумак ба бемор, ки дар фаъолияти худ ба қарзи табибӣ ва одоби касбӣ пайравӣ менамояд, ибтидо мегирад.
2. Кумаки наркологӣ ба беморон бо муроҷиат ё розигии онҳо ва ба шахсони ноболиғ бошад, бо хоҳиш ё розигии падару модар ё намояндагони қонунии онҳо, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад.
Моддаи 194. Намудҳои кумаки наркологӣ ва ҳифзи иҷтимоие, ки давлат кафолат медиҳад
Давлат намудҳои кумаки наркологӣ ва ҳифзи иҷтимоии зеринро кафолат медиҳад:
- кумаки таъҷилии наркологӣ;
- кумаки наркологӣ бо таъмини махфият дар ташкилоту муассисаҳои наркологӣ;
- кумаки машваратию ташхисӣ, табобатию пешгирӣ, рӯҳдармонию ҷойивазкунанда, зиддихуруҷӣ ва тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ дар шароити беморхона ва берун аз он;
- тамоми навъи экспертизаҳои наркологӣ, муайян кардани корношоямии муваққатӣ;
- машварат оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва дигар навъҳои ёрии ҳуқуқӣ;
- фарогирии иҷтимоию маишии маъюбон ва кӯҳансолони гирифтори бемориҳои наркологӣ.
Моддаи 195. Ҳуқуқҳои шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ
Шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ дорои тамоми ҳуқуқ ва озодиҳое мебошанд, ки Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, аз ҷумла:
- муносибати эҳтиромона ва башардӯстона, ки таҳқири шаъну эътибори инсониро истисно менамояд;
- махфияти маълумот доир ба хусусияти бемориҳои мавҷудаи наркологии онҳо ва усулҳои табобати истифодашаванда, агар он ба саломатиашон зарар наоварад;
- истифодаи воситаю усулҳои табобатӣ, ба истиснои ҳолатҳои манъкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар шароити дармонгоҳӣ ва беморхонавӣ гузаронидани табобат;
- нигоҳдорӣ дар муассисаҳои табобатии беморхонаи наркологӣ дар тӯли муҳлате, ки барои муоина ва табобат зарур аст;
- расонидани кумаки тиббӣ дар шароите, ки ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ мебошад;
- бо талаби беморон даъват намудани мутахассисони наркологӣ ва бемориҳои рӯҳӣ барои кор дар комиссияи тиббӣ оид ба масъалаҳои танзимкунандаи Кодекси мазкур;
- гирифтани кумаки иҷтимоӣ аз давлат;
- пешниҳоди арзу шикоят ба мақомоти давлатӣ, суд, муассисаву ташкилотҳо;
- ёрии адвокат, намояндаи қонунӣ, инчунин шахси дигар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- гирифтани иттилоот оид ба хусусияти бемориашон, мақсад ва давомнокии намуди кумаки наркологии тавсияшаванда, расмиёти таъйингардида ва усулҳои табобат, натиҷаҳои пешбинигардида, аксуламалҳои имконпазир, инчунин усулҳои алтернативии табобатӣ;
- муроҷиат бо хоҳиши худ барои ҷавоб додан аз беморхона;
- розигии пешакӣ ва дар ҳар марҳила даст кашидан аз истифода ба сифати объекти санҷиши воситаю усулҳои тиббӣ, тадқиқоти илмӣ ё раванди таълим, аз аксбардорӣ, сабти видео ё филмбардорӣ.
Моддаи 196. Маҳдуд намудани ҳуқуқҳои шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ
1. Маҳдуд намудани ҳуқуқҳои шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.
2. Номгӯи навъҳои фаъолияти алоҳидаи касбӣ ва корҳои вобаста ба манбаи хатари зиёд, ки ҷиҳати машғул шудан ба онҳо барои шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ маҳдудият муқаррар мегардад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 197. Вазифаҳои муассисаҳои табобатию пешгирикунандае, ки кумаки беморхонавии наркологӣ мерасонанд
Муассисаҳои табобатию пешгирикунанда, ки кумаки беморхонавии наркологӣ мерасонанд, корҳои зеринро анҷом медиҳанд:
- азназаргузаронӣ барои муайян намудани ҳолати мадҳушӣ аз воситаҳои нашъадор, заҳрнок ё машруботи спиртӣ;
- муоинаи маҷмӯии клиникии шахсони бистаришуда ҷиҳати муқаррар намудани беморӣ;
- табобат ва офияти тиббии шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ;
- расонидани кумаки рӯҳӣ ва дигар кумакҳои тиббӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ;
- расонидани кумакҳои тиббию иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ;
- гузаронидани табобати ивазкунандаи алтернативӣ нисбат ба шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ.
Моддаи 198. Уҳдадориҳои кормандони тиббии муассисаҳои наркологӣ
Кормандони тиббии муассисаҳои наркологӣ уҳдадоранд:
- беморони дар муассисаҳои наркологӣ мавҷударо бо тамоми навъҳои кумаки тиббии пешбининамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ таъмин намоянд;
- барои бурдани мукотиба, фиристодани шикоят, ариза ва мактубҳо ба мақомоти давлатӣ, прокуратура, суд, инчунин адвокат шароит фароҳам оваранд;
- дар хусуси тағйир ёфтани ҳолати саломатии бемор ё рух додани ҳолати фавқулода бо ӯ, хешовандон ё намояндаи қонунии ӯ, дар сурати набудани онҳо бо нишондоди ӯ дигар шахсро огоҳ намоянд;
- амнияти бемори дар беморхона қарордоштаро таъмин намуда, маводи муросилотро таҳти назорат гиранд.
Моддаи 199. Асосҳо барои бистарикунонӣ дар беморхонаи наркологӣ
1. Барои бистарикунонӣ дар беморхонаи наркологӣ инҳо асос шуда метавонанд:
- муроҷиати ихтиёрӣ ҳангоми мавҷудияти бемории наркологӣ дар шахсе, ки ҳолаташ ташхис ё табобатро тақозо менамояд ва онро дар шароити дармонгоҳӣ анҷом додан номумкин аст;
- гузаронидани экспертизаи судию наркологӣ;
- гузаронидани ташхиси меҳнатӣ;
- гузаронидани экспертизаи ҳарбӣ – наркологӣ;
- гузаронидани табобати ҷойивазкунандаи ёрирасон ба беморони гирифтори нашъамандӣ.
2. Асосҳо барои бистарикунонӣ ба таври таъҷилӣ дар беморхонаи наркологӣ, ҳолати оҷилии рӯҳӣ ва соматикӣ мебошанд, ки дар натиҷаи истеъмоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, машруботи спиртӣ ба амал омада, сабабгори инҳо мешаванд:
- боиси хатари бевосита барои бемор ва атрофиёнаш;
- нотавонӣ ё ғайриимкон гардидани мустақилона қаноатбахш кардани талаботи ҳаёт;
- хатари зарари ҷиддӣ ба саломатии ӯ дар натиҷаи бадшавии ҳолати рӯҳияш, агар шахс бе кумаки наркологӣ монад.
Моддаи 200. Бақайдгирӣ ва назорати диспансерии шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ
Бақайдгирӣ ва назорати диспансерии беморони наркологӣ ва гирифтори рӯҳиву рафтори алоқаманд ба истеъмоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, машруботи спиртӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 201. Мустақилияти табибони нарколог ва бемориҳои рӯҳӣ ҳангоми расонидани кумаки наркологӣ
1. Табибони нарколог ва бемориҳои рӯҳӣ ҳангоми расонидани кумаки наркологӣ дар фаъолияташон мустақил мебошанд ва танҳо нишондодҳои тиббӣ, қарзи табибӣ ва Кодекси мазкурро дастури амал қарор медиҳанд.
2. Муқаррар кардани ташхиси бемории наркологӣ ҳуқуқи истисноии табиби нарколог ва табиби бемориҳои рӯҳӣ мебошад.
3. Қарор дар хусуси муқаррар намудани назорати диспансерӣ ё аз қайди наркологӣ баровардани шахсони гирифтори бемории наркологӣ ё онҳое, ки ба истеъмоли ғайритиббии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, машруботи спиртӣ ва моддаҳои ба онҳо баробар роҳ медиҳанд, аз ҷониби комиссияи табибони нарколог ва бемориҳои рӯҳӣ қабул карда мешавад.
4. Табиби нарколог ва бемориҳои рӯҳӣ, ки ақидааш бо ақидаи аъзои комиссия мувофиқ нест, ҳуқуқ дорад фикри худро ба таври хаттӣ алоҳида баён созад, ки он ба ҳуҷҷатҳои тиббӣ замима карда мешавад.
Моддаи 202. Муоинаи тиббии шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ
Муоинаи тиббии шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад.
Моддаи 203. Табобати маҷбурии шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ
1. Нисбат ба шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, инчунин шахсоне, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро содир намудаанд ва ҳамзамон эҳтиёҷ ба табобати бемории тасдиқшудаи наркологӣ доранд ва аз табобати ихтиёрӣ дасткашӣ менамоянд, дар асоси қарори суд чораҳои маҷбурии хусусияти тиббӣ дошта, андешида мешаванд.
2. Табобати маҷбурии шахс дар шуъбаҳои махсусгардонидашудаи ташкилотҳои тиббии тахассусӣ амалӣ карда мешавад. Табобати маҷбурии шахсоне, ки аз озодӣ маҳрум шудаанд, дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Ҳолатҳое, ки ба амалӣ намудани табобати маҷбурӣ мухолифат менамоянд:
- шахсоне, ки ба 18 солагӣ нарасидаанд;
- занҳои ҳомила ва модароне, ки фарзандони то 8 сола доранд;
- шахсоне, ки ба синни нафақа расидаанд;
- маъюбони гурӯҳҳои I ва II;
- беморони рӯҳӣ;
- шахсоне, ки гирифтори бемориҳои ҳамрадифи вазнинанд ва аз ин сабаб монеагӣ ҷиҳати амалӣ намудани табобати маҷбурӣ вуҷуд дорад. Рӯйхати чунин бемориҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ менамояд.
4. Ташкили табобати маҷбурии бемориҳои наркологӣ дар асоси чорабиниҳои маҷмӯии тиббию иҷтимоӣ, табобати меҳнатӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва офияти иҷтимоӣ бо риояи реҷаи муқарраргардида амалӣ карда мешавад.
5. Реҷаи нигоҳдорӣ дар шуъбаҳои махсусгардонидашудаи ташкилотҳои тиббии тахассусӣ тарзе муқаррар карда мешавад, ки барои табобати маҷбурӣ, табобати меҳнатӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим, инчунин қатъи дастрасии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, машруботи спиртӣ ва тавонбахшии иҷтимоӣ шароити мусоидро фароҳам оварад.
Моддаи 204. Ҳамкориҳои муассисаҳои наркологӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Муассисаҳои наркологии мақомоти тандурустӣ ва дигар идораҳое, ки чунин муассисаҳо доранд, уҳдадоранд бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои расонидани кумаки наркологӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ, пешгирии содир намудани кирдори барои онҳо ва атрофиён хатарнок ҳамкорӣ намоянд.
Моддаи 205. Тавонбахшии шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ
Шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ баъди қабули даври табобат дар ташкилотҳои наркологӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба тавонбахшии рӯҳӣ ва тиббию иҷтимоӣ дар марказҳои давлатӣ ва ғайридавлатии тавонбахшӣ ҳуқуқ доранд.
Моддаи 206. Тартиби муайян намудани майзадагӣ, заҳрмандӣ ё нашъамандӣ
1. Шахсро танҳо дар асоси хулосаи комиссияи тиббии муассисаи тахассусии тандурустӣ майзада, заҳрманд ё нашъаманд донистан мумкин аст.
2. Аз болои қарори комиссия, шахс ба мақомоти тандурустии болоӣ ё суд шикоят карда метавонад.
Моддаи 207. Мониторинг, баҳодиҳӣ ва таҳлили вазъи нашъамандӣ
1. Ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба мониторинг, баҳодиҳӣ ва таҳлили вазъи нашъамандӣ бо ҳамоҳангсозии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, инчунин ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар доираи салоҳияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, сурат мегирад.
2. Тартиби ташкили мониторинг, баҳодиҳӣ ва таҳлили вазъи нашъамандиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян менамояд.
Моддаи 208. Пешгирии вобастагӣ аз воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва машруботи спиртӣ
1. Пешгирии вобастагӣ аз воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва машруботи спиртиро инҳо дар бар мегиранд:
- ташвиқи маълумот оид ба зарари суиистеъмоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва машруботи спиртӣ бо назардошти оқибатҳои тиббию иҷтимоӣ ва ҳуқуқии он;
- манъ кардани рекламаи муомилоти воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, ташвиқи тарз ва усули тайёр, истифода ва макони дастрас кардани он, инчунин маҳдуднамоии рекламаи намунаи маводи доруворие, ки дар таркибашон воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳоро дорад.
2. Чорабиниҳои пешгирикунанда аз вобастагии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва машруботи спиртӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар доираи ваколатҳояшон амалӣ карда мешаванд.
БОБИ 27. ҲИМОЯИ ТИББИЮ ИҶТИМОИИ ШАҲРВАНДОНИ МУБТАЛОИ ДИАБЕТИ ҚАНД
Моддаи 209. Асосҳои сиёсати давлатӣ ва принсипҳои ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд
1. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд соҳаи афзалиятноки фаъолияти мақомоти давлатӣ буда, бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- дастгирии давлатии ин гурӯҳи шаҳрвандон бо мақсади таъмини ҳифзи ҳаёт, ҳимояи ҳуқуқ, муҳайё кардани шароити зиндагии арзандаи онҳо дар ҷомеа;
- муқаррар ва риоя кардани стандартҳои давлатӣ оид ба хизматрасонии тиббӣ ва иҷтимоӣ;
- дастгирии давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар ташкилотҳое, ки барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони мубталои диабети қанд фаъолият мекунанд.
2. Принсипҳои ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд инҳо мебошанд:
- расонидани кумаки ройгони кафолатноки тиббию иҷтимоӣ;
- дастрасии ҳимояи тиббию иҷтимоӣ новобаста ба маҳалли истиқомат ё будубоши шаҳрвандон;
- риояи ягонагии манфиат ва ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар соҳаи ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд;
- афзалиятнокии ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд, кӯдакон ва ҷавонон, занони ҳомила ва заноне, ки кӯдакони ширмак доранд, калонсолон ва маъюбон;
- дастгирии давлатии тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи пешгӯӣ ва тадқиқи тарзу усулҳои нави пешгирӣ, ташхис ва табобати диабети қанд ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии бо он алоқаманд;
- муҳайё намудани шароити баробари фаъолияти тиббию иҷтимоӣ барои ҳамаи шаҳрвандони мубталои диабети қанд.
Моддаи 210. Ҳуқуқҳои шаҳрвандони мубталои диабети қанд
1. Ба ҳуқуқҳои шаҳрвандони мубталои диабети қанд инҳо дохил мешаванд:
- гирифтани кумаки ройгони тиббии махсусгардонидашудаи дармонгоҳӣ ва беморхонавӣ, пешгирии оризаҳои музмини диабети қанд;
- дастрасии нақшаҳои муайяни табобати диабети қанд, аз ҷумла таъмини ройгони доруворӣ ва воситаҳои худназораткунӣ дар доираи муқаррарнамудаи барномаи кафолатҳои давлатӣ, ба аҳолӣ расонидани кумаки тиббию санитарӣ;
- интихоби ташкилот ва шакли хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ;
- гирифтани маълумоти ройгон дар бораи ҳуқуқу уҳдадориҳои худ;
- гирифтани хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ё рад намудани он;
- дар навбати аввал истифода аз хизматрасонии ташкилотҳои табобатию пешгирии беморӣ, дорухонаҳо ва инчунин ҳуқуқи истифода кардани рухсатии меҳнатии навбатӣ дар вақти мувофиқ.
2. Хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ дар асоси муроҷиати шаҳрванд, васӣ, парастор, дигар намояндаи қонунӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияи ҷамъиятии таъсисдодаи шаҳрвандони мубталои диабети қанд расонида мешавад.
Моддаи 211. Низоми давлатии таъмини дастрасӣ ба маводи доруворӣ барои шаҳрвандони мубталои диабети қанд
1. Таъмини дастрасии маводи доруворӣ барои шаҳрвандони мубталои диабети қанд тибқи рӯйхати маводи дорувории асосӣ дар доираи барномаҳои миллӣ ва минтақавии таъмини ин гурӯҳи беморон ва суғуртаи ҳатмии тиббӣ анҷом дода мешавад.
2. Таъмин намудани шаҳрвандони мубталои диабети қанд бо маводи доруворӣ аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда амалӣ карда мешавад.
3. Таъминоти кафолатноки маводи доруворӣ чораҳои зеринро пешбинӣ менамояд:
- қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандони мубталои диабети қанд дар доираи маблағҳои пешбинишуда ба инсулинҳои аълосифати генно-инженерӣ ва воситаҳои инсулингузаронӣ (аз ҷумла автоматонидашуда) ба беморони диабети қанди навъи 1 ва ҳамчунин ба навъи 2, ки инсулингузаронӣ барояшон мумкин аст;
- танҳо аз рӯи нишондиҳандаҳои тиббӣ аз як намуди инсулин ба намуди дигари он гузаронидани беморони мубталои диабети қанд;
- ҳуқуқи шахси мубталои диабети қанд ба интихоби инсулин бо маслиҳати табиби табобаткунанда.
Моддаи 212. Таъмини ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд
1. Давлат ба шаҳрвандони мубталои диабети қанд ҳуқуқи хизматрасонии иҷтимоиро кафолат медиҳад.
2. Қоида ва тартиби расонидани хизматрасонии иҷтимоӣ ба шахсони мазкур аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
3. Чораҳои ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд инҳоро дар бар мегиранд:
- таъмини имконоти баробари шаҳрвандони мубталои диабети қанд ба таҳсил, варзиш ва фаъолияти касбӣ;
- мусоидат намудан ба таҳкими ягонагии иҷтимоӣ ва роҳ надодан ба ҷудоии иҷтимоӣ;
- расонидани кумаки зарурии иҷтимоӣ ба шаҳрвандони мубталои диабети қанд;
- тавонбахшии иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд.
Моддаи 213. Таъмини ҳуқуқи кӯдакони мубталои диабети қанд ба ҳифзи саломатӣ
1. Бо мақсади таъмини ҳуқуқи кӯдакони мубталои диабети қанд ба ҳифзи саломатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои давлатии тандурустӣ барои расонидани кумаки ройгони тиббию иҷтимоӣ ба кӯдакон чораҳо меандешанд, ки дар онҳо пешгирии беморӣ, ташхиси тиббӣ, корҳои табобатию солимгардонӣ, аз ҷумла назорати диспансерӣ, тавонбахшии тиббии кӯдакони маъюб ва кӯдакони имконияташон маҳдуд пешбинӣ шудаанд.
2. Ба падару модари кӯдакони то 14 солаи мубталои диабети қанд пардохти кумакпулии корношоямии муваққатӣ дар тамоми давраи табобат ба андозаи 100 фоизи музди меҳнат кафолат дода мешавад.
Моддаи 214. Ташхиси пешакии диабети қанд
1. Ташхиси пешакии диабети қанд бо роҳи таҳқиқи оммавии (скрининги) шаҳрвандон ва татбиқи тарзу усулҳои ташхиси оҷили моил будан ба ин беморӣ, бо мақсади ошкор намудани шахсони мубталои беморӣ ё мансуби гурӯҳи таҳти хатар қарордошта анҷом дода мешавад.
2. Гузаронидани санҷиши оммавӣ (скрининг) дар байни кӯдакон бояд дар навбати аввал муоинаи кӯдаконеро пешбинӣ намояд, ки хешовандони наздики онҳо мубталои диабети қанди навъи 1 мебошанд.
Моддаи 215. Пешгирии оризаҳои вазнини диабети қанд
Чорабиниҳои ҳатмии пешгирии оризаҳои вазнини диабети қанд инҳо мебошанд:
- мониторинги беморони диабети қанд, ки моили нефропатияи диабети қанд мебошанд;
- муайян кардани гурӯҳи шахсон бо аломати пойи диабетӣ ва таъмин кардани беморони диабети қанде, ки шомили гурӯҳи таҳти хатари буридани дасту пойҳо қарор доранд, бо маводи доруворӣ, пойафзол ва патаки ортопедӣ;
- муоинаи ҳарсолаи шабакаи чашми беморони диабети қанд ва дар баробари ин, гузаронидани таҳқиқоти зарурии пешбининамудаи меъёрҳои (стандартҳои) хизматрасонии тиббӣ;
- муоинаи ҳарсолаи беморони диабети қанд барои муайян кардани миқдори холестерин ва таҳлили гемоглобини глюколизатсияшуда барои беморони диабети қанди навъи 1 дар як сол на камтар аз се маротиба ва барои беморони диабети қанди навъи 2 дар як сол як маротиба.
Моддаи 216. Феҳристи давлатии шаҳрвандони мубталои диабети қанд
1. Бо мақсади таъмини ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд сохторҳои соҳаи диабети қанд феҳристи давлатии шаҳрвандони мубталои диабети қандро ба роҳ мемонанд.
2. Маълумоти феҳристи давлатии шаҳрвандони мубталои диабети қанд хусусияти шахсӣ дошта, махфӣ мебошад ва набояд ошкор карда шавад.
БОБИ 28. НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Моддаи 217. Назорати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ
1. Фаъолияти ташкилотҳо ва муассисаҳои низоми тандурустӣ новобаста аз шакли моликият аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва мақомоти дахлдор назорат карда мешавад. Гузаронидани назорати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Назорати давлатӣ дар соҳаҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- фаъолияти тиббӣ;
- фаъолияти фарматсевтӣ, муомилоти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ;
- бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ.
3. Ба мансабҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатие, ки назорати давлатиро дар соҳаҳои фаъолияти тиббӣ, фаъолияти фарматсевтӣ, муомилоти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ амалӣ менамоянд, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои таҳсилоти олии касбии тиббӣ ва фарматсевтӣ мебошанд, таъйин карда мешаванд.
4. Назорати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ дар шакли санҷиш амалӣ карда мешавад. Санҷиш тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ гузаронида мешавад.
5. Мақомоти давлатие, ки назорати давлатиро дар соҳаи тандурустӣ амалӣ менамоянд, шаклҳои ҳисоботи омории идоравӣ, варақаҳои санҷишӣ, меъёрҳои арзёбии дараҷаи хатарнокӣ, нақшаҳои ҳарсолаи санҷишро мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ менамоянд.
Моддаи 218. Назорати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти тиббӣ
1. Назорати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти тиббӣ ба огоҳонидан, муайян кардан, пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти тиббӣ, ҳамчунин назорати риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти тиббӣ аз ҷониби субъектҳои тандурустӣ равона шудааст.
2. Назорати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти тиббӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти тиббӣ амалӣ карда мешавад.
3. Мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти тиббӣ фаъолияти худро дар асоси Низомнома, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, амалӣ менамояд.
4. Объектҳои назорати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти тиббӣ хизматрасониҳои тиббие мебошанд, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ расонида мешаванд.
5. Номгӯи хизматрасониҳое, ки ба назорати давлатии фаъолияти тиббӣ фаро гирифта мешаванд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян карда мешаванд.
Моддаи 219. Назорати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти фарматсевтӣ, муомилоти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ
1. Назорати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти фарматсевтӣ, муомилоти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ҷиҳати пешгирӣ намудан, ошкор сохтан ва бартараф кардани ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи фаъолияти фарматсевтӣ, ҳамчунин ба назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти фарматсевтиро ба танзим медароранд, равона шудааст.
2. Назорати давлатиро дар соҳаи фаъолияти фарматсевтӣ, муомилоти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ амалӣ менамояд.
3. Мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ фаъолияти худро дар асоси Низомнома, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, амалӣ менамояд.
4. Номгӯи масъала ва маҳсулоти назоратшавандаро дар соҳаи фаъолияти фарматсевтӣ мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ муайян месозад.
Моддаи 220. Назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ
1. Назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ба огоҳонидан, ошкорсозӣ ва пешгирии вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ равона шуда, инчунин назорати риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологӣ ва меъёрҳои гигиенӣ бо мақсади ҳифзи саломатӣ ва муҳити зисти аҳолӣ дар бар мегирад.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, биноҳо, сохтмонҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ, ашё, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт, об, ҳаво, маҳсулоти ғизоӣ, объектҳои дигари фаъолият, истифодабарӣ, истеъмол, қабул намудан ва истифодабарии онҳо, ки ба саломатии инсон ва муҳити зист метавонанд зарар расонанд, объектҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ мебошанд.
3. Гузаронидани муоина ва таҳқиқи санитарию эпидемиологӣ барои муайян намудани сабаб ва ошкорсозии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва бемориҳои ғайрисироятии оммавӣ дар байни аҳолӣ равона карда мешавад.
4. Назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии санитарию эпидемиологӣ дар шакли санҷиш амалӣ карда мешавад. Санҷиши бехатарии санитарию эпидемиологӣ дар асоси Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
5. Шахсони мансабдори хадамоти санитарию эпидемиологӣ, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро амалӣ мекунанд, инҳо мебошанд:
- Сартабиби давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ;
- роҳбарони раёсатҳо ва шуъбаҳои мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ;
- роҳбарони мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, дар ҳудуди дахлдор ва нақлиёт;
- сартабибони давлатии санитарӣ дар сатҳи ноҳияҳо, шаҳрҳо, вилоятҳо, нақлиёт ва муовинони онҳо;
- роҳбарони зерсохторҳои мақомоти дигари давлатӣ дар соҳаи бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ.
6. Сартабибони давлатии санитарии ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо, ки дар соҳаи бехатарии санитарию эпидемиологӣ дар ҳудудҳои муайян ва нақлиёт фаъолият менамоянд, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
7. Сохторҳои марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии дигар вазорату идораҳо оид ба таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ дар назди Сартабиби давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошанд.
8. Ба вазифаи роҳбарони мақомот ва ташкилотҳои хадамоти санитарию эпидемиологӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои таҳсилоти олии касбии тиббии санитарию эпидемиологӣ, тиббию пешгирӣ ё тандурустии ҷамъиятӣ мебошанд, таъйин карда мешаванд.
9. Сартабибони давлатии санитарӣ ва муовинони онҳо дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
- баррасии мавод дар бораи вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ;
- пешниҳоди мавод ба суд бо тартиби муқарраршуда, ҳангоми риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ;
- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ додани хулосаҳои санитарию эпидемиологӣ, ки тибқи Кодекси мазкур пешбинӣ шудааст;
- ба мақомоти ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ даъват намудани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати баррасии мавод ҳангоми вайрон кардани талаботи бехатарии санитарию эпидемиологӣ;
- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ додани амрномаҳо, ки иҷрои онҳо дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳатмӣ мебошанд;
- мутобиқи фаъолияти аз ҷониби онҳо иҷрошаванда, гузаронидани экспертизаи санитарию эпидемиологӣ, муоина, таҳқиқ ва озмоиши токсикологӣ, гигиенӣ ва дигар навъи арзёбиҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур.
10. Шахсони мансабдори хадамоти санитарию эпидемиологӣ ҳангоми ошкорсозии вайрон намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ, ки ба пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятии оммавӣ таҳдид мекунанд, баровардани қарори асоснок дар бораи то бартараф намудани чунин вайронкунӣ боздоштани истифодаи он ё оид ба манъ кардани маблағгузории суратҳисобҳо ва ҳисобномаҳои ташкилотҳои молиявию қарзӣ дар ҳолати имконнопазирии бартарафкунии онҳо, манъ кардани он ҳангоми:
- лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, азнавтаҷҳизонии техникии объектҳо ва ба истифода додани онҳо;
- истифодаи объектҳо, сехҳо ва қитъаҳои истеҳсолӣ, биноҳо, иншоот, иморатҳо, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт, иҷрои корҳои алоҳида ва хизматрасонӣ;
- таҳия, истеҳсол, воридот, нигоҳдошт, интиқол, фурӯш ва истифодаи молу ашёи истеҳсолӣ, иловагиҳои озуқавӣ, молҳои ғизоӣ, оби нӯшокӣ, пеститсидҳо;
- истифодаи объектҳои обӣ бо мақсади таъмини обҳои нӯшокӣ, хоҷагию маишӣ ва эҳтиёҷоти дигар;
- ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани молҳое, ки дар мавриди мутобиқат ба қоида ва меъёрҳои санитарӣ дорои хулосаи санитарию эпидемиологӣ намебошанд ё маводи бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтимолан барои инсон хатарнок ба қайд гирифтанашудаи кимиёвӣ, биологӣ, навъҳои алоҳидаи маҳсулот, партовҳои радиоактивӣ, молҳо ва борҳо.
11. Шахсони мансабдори хадамоти санитарию эпидемиологӣ ҳангоми таҳдиди пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятии барои атрофиён хатарнок дар мавриди зерин қарорҳои асоснок мебароранд:
- бистарикунонӣ барои муоина ё алоҳида нигоҳ доштани шахсони мубталои бемориҳои сироятӣ, ки барои атрофиён хатарноканд ё шахсони ба чунин беморӣ гумонбаршуда;
- гузаронидани муоинаи ҳатмии тиббӣ, бистарикунонӣ ё алоҳида нигоҳ доштани шаҳрвандоне, ки бо шахсони мубталои бемориҳои сироятии ба атрофиён хатарнок робита доранд;
- муваққатан аз кор барканор намудани шахсоне, ки интиқолдиҳандагони ангезандаи бемориҳои сироятӣ мебошанд ва метавонанд манбаи паҳншавии бемориҳои сироятӣ гарданд;
- аз кор барканор намудани шахсоне, ки интиқолдиҳандагони ангезандаи бемориҳои сироятӣ мебошанд ва метавонанд вобаста ба хусусиятҳои корҳои аз ҷониби онҳо иҷрошаванда ё истеҳсолӣ, паҳнкунандагони бемориҳои сироятӣ шаванд;
- гузаронидани эмкуниҳои пешгирикунанда дар байни гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон вобаста ба нишондиҳандаҳои эпидемикӣ;
- ҷорӣ намудани (бекор кардани) карантин дар ташкилотҳо ва объектҳо.
12. Барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ аз ҷониби шахсони мансабдори хадамоти санитарию эпидемиологӣ қарори асоснок дар ҳолатҳои зерин қабул карда мешавад:
- дар хусуси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан;
- ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фиристодани мавод барои ҳалли масъала оид ба гузаронидани санҷиши дахлдор ва оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ.
13. Шахсони мансабдори хадамоти санитарию эпидемиологӣ бо тартиби зерин таклифҳо пешниҳод менамоянд:
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар бораи татбиқи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани вазъи санитарию эпидемиологӣ ва иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ, инчунин пешниҳодот оид ба лоиҳаҳои барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҳудудҳо, барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ ва минтақавии таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ, ҳифз ва таҳкими саломатии аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист;
- ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи ҷорӣ намудани (бекор кардан) карантин;
- ба шахсони ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ вобаста ба татбиқ намудани қарорҳо, фармоишҳо ва дастурамалҳо оид ба масъалаҳои таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ;
- ба мақомоти масъули сертификатдиҳанда дар бораи боздоштани амал ё бозхондани сертификати мутобиқати корҳо, хизматрасонӣ, маҳсулот, ҳангоми ошкорсозии номутобиқатии чунин корҳо ба қоидаҳо ва меъёрҳои санитарӣ;
- ба мақомоти масъули иҷозатномадиҳанда дар бораи боздоштани амали иҷозатнома ба намудҳои алоҳидаи фаъолият ё гирифтани чунин иҷозатномаҳо ҳангоми ошкорсозии вайрон кардани қоидаҳо ва меъёрҳои санитарӣ ҳангоми амалӣ намудани чунин намуди фаъолият;
- ба корфармоён дар бораи татбиқи ҷазои интизомӣ нисбат ба кормандоне, ки ба риоя накардани қоидаҳои санитарӣ роҳ додаанд;
- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми ҷуброни зарар ба шаҳрванде, ки дар натиҷаи аз ҷониби онҳо роҳ додан ба вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ расонида шудааст, инчунин дар бораи ҷуброни хароҷоти иловагие, ки мақомот, ташкилотҳои тиббӣ ва хадамоти санитарию эпидемиологии аҳолӣ барои гузаронидани чорабиниҳо оид ба рафъи бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятии оммавӣ вобаста ба риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ зикршуда сарф намудаанд;
- ҳангоми мувофиқаи лоиҳаҳои меъёрҳои лоиҳакашӣ, стандартҳои давлатӣ, меъёр ва қоидаҳои сохтмонӣ, лоиҳаҳои қоидаҳои байторӣ ва фитосанитарӣ, ҳифзи меҳнат, ҳифзи муҳити зист, лоиҳаи стандартҳои таълимӣ, лоиҳаҳои дигар санадҳои меъёрӣ ва барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявии таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ ба меъёр ва қоидаҳои санитарӣ, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тасдиқ мегарданд, хулосаи санитарию эпидемиологӣ диҳанд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ҷорӣ намудани (бекор намудани) карантин дар ҳудуди кишвар;
- тасдиқ намудани дастурамалҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи тартиби иҷрои назорати давлатии санитарию эпидемиологиро дар иншооти нақлиёти ҳавоӣ, обӣ, роҳи оҳан, автомобилӣ, мудофиа ва дигар иншооти таъйиноти махсус.
14. Шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ҳуқуқ доранд:
- бе мамониат ба ҳудуд ва дохили иншооти ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият оид ба назорати иҷрои чорабиниҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ дохил шаванд;
- бо розигии шаҳрвандон, бо мақсади санҷиши шароити зист ба хонаҳои истиқоматии онҳо ворид шаванд;
- барои таҳқиқи озмоишӣ, намунаҳои ғизо, аз ҷумла маҳсулоти хоми хӯроквориро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гиранд;
- воситаҳои нақлиёт ва борҳои интиқолшаванда, аз ҷумла ашёи хоми озуқаворӣ ва молҳои озуқаро бо мақсади муайян намудани мутобиқати онҳо ба қоида ва меъёрҳои санитарӣ аз назар гузаронанд;
- тадқиқот ва санҷиши омилҳои муҳити зистро бо мақсади ба қоида ва меъёрҳои санитарӣ ҷавобгӯй будани онҳо гузаронанд;
- дар бораи риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ санад тартиб диҳанд;
- воридот, истеҳсол, истеъмол ва фурӯши хӯроквориро бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намоянд;
- истеъмоли ғизо, ғизои кӯдакона, маҳсулоти ба таври генетикӣ дигаргуншуда, молҳо ва маснуотеро, ки ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонанд, манъ намоянд;
- ба мақомоти ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ даъват намоянд;
- дар бораи муваққатан аз фаъолият барканор намудани шахсони ба гурӯҳи мухталифи аҳолӣ, ки манбаи бемориҳои сироятӣ мебошанд ва инчунин, сари вақт аз муоинаи тиббӣ нагузаштаанд, қарори дахлдор бароранд;
- карантинро дар иншооти алоҳида бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намоянд;
- шахсонеро, ки манбаи асосии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва паразитарӣ мебошанд, муоина намоянд ва то гирифтани натиҷаи ташхиси озмоишӣ муваққатан аз кор барканор намоянд;
- ба шахсоне, ки манбаи бемориҳои сироятӣ ва паразитарианд, тибқи нишондод роҳхат барои бистарикунонӣ диҳанд;
- эмкунии ҳатмии аҳолӣ, пешгирӣ ва гузаронидани дезинфексия, дезинсексия ва дератизатсияро дар ҳудуд ва дохили биноҳо, нақлиёт ва манбаҳои бемориҳои сироятӣ ва паразитарӣ талаб намоянд;
- истеҳсол, истеъмол ва фурӯши маҳсулоти хоми намуди нав, маводи кимиёвӣ, таҷҳизоти технологӣ, моҳият ва равиши асбобу анҷомҳое, ки ба ҳаёт ва саломатӣ зарар доранд, манъ намоянд;
- барои гузаронидани экспертизаи санитарию эпидемиологӣ оид ба омӯхтани таъсири иншоот ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ ашёро дархост намоянд ва бо миқдори даркорӣ намунаи ашёро муваққатан барои гузаронидани санҷиш бе пардохти нархи онҳо гиранд;
- назорати радиатсиониро дар доираи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронанд;
- риоя намудани талаботи бехатарии биологӣ ва ҳимояи биологиро дар озмоишгоҳҳои микробиологӣ, санитарии кимиёвӣ ва биокимиёвӣ назорат намоянд;
- минтақаи муҳофизати санитарӣ ва дигаргун намудани ҳудуди онҳоро муайян намоянд;
- истифода ва ҷорӣ намудани маводи дезинфексионӣ, дезинсексионӣ, дератизатсионӣ ва иловагиҳои фаъоли биологиро ба ғизо назорат намоянд;
- чорабиниҳои огоҳкунӣ ва ҷории назорати давлатии санитарию эпидемиологиро ташкил намоянд;
- дар бораи тақсими маблағҳои хазинаи эпидемиологӣ ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ, идора намудани ашёи ба хадамот вобасташуда, таклифҳо пешниҳод намоянд;
- амали хулосаи санитарию эпидемиологиро, ки барои пешбурди намуди муайяни фаъолият мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, боздошт намоянд;
- истифодаи намаки йоднокнашударо ба истиснои ҳолатҳои муайян намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, манъ намоянд.
15. Барои қабул намудани қарор вобаста ба натиҷаи назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ аз тарафи шахсони мансабдори мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, ба ғайр аз санадҳое, ки дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудаанд, санадҳои зерин бароварда мешаванд:
- санади муоинаи санитарию эпидемиологӣ, ки аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, дар натиҷаи санҷиши иншоот мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологӣ тартиб дода мешавад;
- амрнома дар бораи бартараф намудани вайронкунии талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ;
- протокол оид ба вайронкунӣ дар доираи таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ;
- қарори сартабибони давлатии санитарӣ дар бораи гузаронидани чорабиниҳои санитарӣ ва зиддиэпидемикӣ, муваққатан манъ намудани фаъолияти шахсони воқеӣ, манъ намудани воридот, истеҳсол, истифодабарӣ ва фурӯши маҳсулот барои қабул ва истифода бурдани аҳолӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолият, манъ намудани истеҳсол, истеъмол ва фурӯши маҳсулоти хоми намуди нав, маводи кимиёвӣ, таҷҳизоти техникӣ, моҳият ва равиши асбобу анҷомҳое, ки ба ҳаёт ва саломатӣ зарар доранд, инчунин манъ намудани фаъолият ва дигар намуди фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ.
БОБИ 29. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 221. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 222. Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳои қонунгузории зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 1991 «Дар бораи муолиҷаи маҷбурии бемории майзадагӣ ё нашъамандӣ» (Ведомостҳои Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1991, №15, мод. 272);
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №9, мод. 115; с. 2003, №4, мод. 149; с. 2004, №2, мод. 45; с. 2005, №12, мод. 651; с. 2009, №5, мод. 339; с. 2013, №7, мод. 537, №12, мод. 901; с. 2016, №3, мод. 146);
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002 «Дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №11, мод. 663; с. 2005, №12, мод. 634; с. 2009, №3, мод. 97);
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002 «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №11, мод. 699; с. 2015, №3, мод. 223);
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002 «Дар бораи ёрии равонпизишкӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №11, мод. 753; с. 2004, №2, мод. 54);
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №12, мод. 677; с. 2008, №10, мод. 822, №12, қ.2, мод. 1015; с. 2011, №12, мод. 857; с. 2013, №7, мод. 538);
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 «Дар бораи ёрии наркологӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №12, мод. 695);
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2004 «Дар бораи тибби халқӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ.1, мод. 700; с. 2007, №5, мод. 374; с. 2008, №12, қ.2, мод. 1009);
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2005 «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №12, мод. 662; с. 2008, №12, қ.2, мод. 1010; с. 2014, №3, мод. 153);
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2006 «Дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №12, мод. 545);
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2006 «Дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №12, мод. 547);
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2007 «Дар бораи пайвандсозии (трансплантатсияи) узв ва (ё) бофтаҳои инсон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №7, мод. 693);
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009 «Дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №3, мод. 96);
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009 «Дар бораи ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №5, мод. 334);
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 «Дар бораи тибби оилавӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №12, қ.1, мод. 835);
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 «Дар бораи иммунопрофилактикаи бемориҳои сироятӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №12, қ.1, мод. 839).
Моддаи 223. Мавриди амал қарор додани Кодекси мазкур
Кодекси мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 30 майи соли 2017, № 1413
ҚАРОРИ Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.
2. Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 1991, № 371 «Дар хусуси тартиби амалӣ гардондани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муолиҷаи маҷбурии беморони майзадагӣ ё нашъамандӣ» (Ведомостҳои Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1991, № 15, мод. 273), Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997, № 420 «Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1997, № 9, мод. 116; с. 2003, № 4, мод. 149; с. 2004, № 2, мод. 45; с. 2005, № 8 -10, мод. 482; с. 2009, № 4, мод. 251; с. 2013, № 5, мод. 361, № 10, мод. 736; с. 2016, № 1, мод. 7), Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2001, № 287 «Оиди қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ» ва мавриди амал қарор додани он (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, № 11, мод. 665; с. 2005, № 8 -10, мод. 481; с. 2009, № 1, мод. 14), Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2002, № 634 «Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, № 11, мод. 701; с. 2015, № 2, қ.1, мод.113), Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2002, № 662 «Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии тиббӣ ба беморони рӯҳӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, № 11, мод. 755; с. 2004, № 2, мод. 54), Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июни соли 2003 «Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, № 12, мод. 677; с. 2008, № 6, мод. 541, № 12, қ. 2, мод. 848; с. 2011, № 11, мод. 803; с. 2013, № 5, мод. 368), Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003 «Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии наркологӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, № 12, мод. 695), Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 ноябри соли 2004 «Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тибби халқӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 12, қ. 1, мод. 700; с. 2007, № 4, мод. 272; с. 2008, № 10, мод. 833), Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2005, № 139 «Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, № 11, мод. 575; с. 2008, № 10, мод. 835; с. 2013, № 12, мод. 1024), Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 2006, № 393 «Дар хусуси қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, № 11, мод. 494), Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 ноябри соли 2006, № 404 «Дар бораи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, № 11, мод. 500), Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2007, № 619 «Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пайвандсозии (трансплантатсияи) узв ва (ё) бофтаҳои инсон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 6, мод. 483), Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2009, № 1256 «Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, № 3, мод. 37), Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2009, № 1274 «Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, № 4, мод. 222), Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2010, № 154 «Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тибби оилавӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, № 8 - 10, мод. 649) ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2010, № 243 «Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иммунопрофилактикаи бемориҳои сироятӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, № 11, мод. 763) аз эътибор соқит дониста шаванд.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 15 марти соли 2017, № 712
ҚАРОРИ Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси
миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 майи соли 2017, № 374
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.06.2017 №: 110-113 Мутолиа карданд: 2377